Як рӯз қабл дар ҳудуди кишварамон ду садамаи нақлиёти рух дода, боиси марг ва маюб гаштани чандин касон гардид.
Худи ҳамин рӯз, аниқтараш 29 март соатҳои 16:55 дақиқа дар роҳи “Хуҷанд-Адрасмон” садамаи хунин рӯх додааст. Ронандаи мошини тамғааш “Хундай-Старекс”, Ҳотамҷон Шехов, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Гулистон аз ӯҳдаи идоракунии нақлиёт набаромада, ба ҷарии 21 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофир Эшқузиев Сайдулло Эргашовичи 41 сола, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Фаврӣ: Назирҷони 14-сола таги ЗИЛ монд
Мусофирони дигар Одилов Пардабой Авазович, соли таваллудаш 1991, Одилов Илҳом Суюнбоевич, соли таваллудаш 1993, Туяқов Олимҷон Нуриддинович, соли таваллудаш 1984, сокинони ноҳияи Б. Ғафуров ва Манбетов Тоҳир Зоҳирович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бо гирифтани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуданд.
Марги Фаридаи 12-сола дар иди модарон
Чунин садамаи мудҳиш худи ҳамин рӯз соати 19:00, рух додаст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Музафарзода Умед Сафаралӣ, соли таваллудаш 1996, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи А.Ҷомӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда пиёдагарди хурдсол, Мустафо Мирзошоеви 2-соларо пахш кардааст.
Дар натиҷа Мустафои хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Боздошти сокини Рӯдакӣ бо гумони одамкушӣ
P/S:
Аз тамоми ронандагон ва онҳое, ки аз роҳҳои калони мошигард мегузаранд, хоҳиш мекунем,ки саломатии худро ҳифз намуда, ҷони дигаронро дар хаӣар нагузоред!