Formula novemver 2024
Ду орзуи бузурги се хоҳари лилипут
2699


Дирӯз тасодуфан маҷаллаи “Зан ва оила” ба дастам афтода, таваҷҷӯҳи маро маводе ба худ ҷалб намуд, ки “Духтарони маълулам ҳаваси хондан доранд" унвон дошт. Мавод ба қалами Ситора Шарифӣ тааллуқ дошта, бо акси се духтараки ба қавли маъруф "лилипут” нашр шудааст ва сарнавишти талхи сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт Хайринисо Одинаеваро нақл мекард, ки се духтари маъюб дошта, аробаи зиндагиро ба танҳоӣ мекашад.
Тақдири ин зан ва фарзандони маълулаш чунон дарднок ба қалам дода шудааст, ки дили кас ба дард ва фиғон меояд. Ростӣ сараввал мехостем сарнавишти ин хонаводаро дар сомона бознашр намоем, вале бо сабаби калон будани мавод ба хулосае омадем, ки танҳо пораеро аз рӯзгори ин се духтараки аз зиндагӣ наосуда манзури муштариёни азизи Оила. ТЧ гардонем.

Духтарҳои арӯсие, ки ба кӯдак монанданд
Дар ин хонадон се хоҳари ҳалиму меҳрубоне зиндагӣ мекунанд, ки ба назар кӯдакони чорсоларо мемонанд, вале дар асл Шукрона 21-сола буда, хоҳарони дугоникаш Хадичабону ва Кибриё 16 сол доранд. Қомати ин духтаракон ҳанӯз айёми кӯдакӣ аз афзоиш бозмонда, устухонҳояшон нодуруст шакл гирифтааст ва банди дастонашон тамоман устухон надорад. Аз нигоҳи ин се хоҳари бетақдир дард меборад, зеро онҳо наметавонад мисли дигар духтарони қадрас ба сайру тамошо раванд, худро орову торо диҳанд, дар ягон донишгоҳ ва ё донишкада таҳсил намоянд ё кор кунанд.
Шукрона чаро аз пойи равон монд?
Шукрона-духтари калонии ин хонавода 21 сол дошта, тамоман роҳ гашта наметавонад. Духтарак ба бистари беморӣ мехкӯб гаштааст.
“Мехоҳам роҳ гардам, вале дасту пойҳоям тамоман беҳаракатанд. Нишастан низ бо мушкилӣ ба ман даст медиҳад”-қисса кардааст Шукрона бо чашмони ашкбор.
Аз нақли Хайринисо Одинаева, модари духтарон чунин бармеояд, ки дар кӯдакӣ Шукрона комилан солим будааст, вале баъди се солагӣ ба ин ҳол меафтад.
“Рӯзе аз кор омада духтарамро ба оғӯш гиирфтам ва дидам, ки дастонаш овезон шуда, маро дошта наметавонад. Ба ташвиш афтода Шукронаро ба духтур бурдам. Гуфтанд, ки кӯдак рахит дорад, вале муддати тӯлонӣ табобат карда бошам ҳам, ягон беҳбудӣ ҳосил нашуд, баръакс аз қадкашӣ ҳам монд, баъдтар дар қафаси синааш барҷастагӣ пайдо шуд,”-бо ҳасрат қисса мекунад Хайринисо.
Ин зани азияткашида чи тавр аз пойи равон бозмондани духтарашро бо дард ба ёд оварда, мегӯяд:
“Шукрона як муддат дар хонаи модарам буд. Рӯзе барояш куртаи сафеди ҳарир харида бурдам ва хоҳиш кардам, ки онро пӯшад. Шукрона аз ҷояш нахеста гуфт, ки роҳ гашта наметавонам. Инро нози кӯдакона пиндошта аз холааш хоҳиш кардам, ки куртаашро пӯшонад. Пас аз пӯшидани кӯрта низ аз ҷояш наҷунбид. Ростӣ ба ғазаб омадам. Нороҳатии маро дида Шукрона ночор бархост ва гурсосзанон чунон сахт ба замин афтид, ки аз даҳону биниаш хун ҷорӣ шуд. Модарам гирён шуда гуфтанд, ки кӯдакат як ҳафта боз роҳ намегардад...”
Ҳамин тавр Шукрона ба пуррагӣ аз ҳаракат монда, ба бистари беморӣ мехкӯб гаштааст ва то куну модар мисли кӯдаки навзод ӯро парасторӣ менамояд.
Талоқ барои тавлиди се духтари маъюб
Хайринисо ба бегона не, ба писари холааш ба шавҳар баромада буд. Дар вақташ модараш бо умед ӯро ба писари хоҳараш ба занӣ дод, ки риштаи хешу таборӣ канда нашавад, худи Хайринисо низ гумон мекард, ки “хола ба ҷойи модар аст” ва бо писархолааш издивоҷ намуда, хушбахт мешавад, аммо хаёлаш хом баромад. Никоҳи хешу таборӣ натанҳо боиси маъюб ба дунё омадани фарзандонаш гашт, балки ба решаи бахти ҷавонзан низ табар зада, сиёҳбахташ гардонд. Шавҳараш баъди тавлиди дугоникҳо –Хадичабону ва Кибриё хонагурез шуд ва билохира талоқи ӯро дода, зани ҷавон гирифт. Гуноҳи ягонаи Хайринисо ҳамин буд, ки фарзандонаш маъюб ба дунё омаданд.
Чаро Хайринисо аз алимент даст кашид?
Хайринисо мегӯяд, падари духтаронаш тамоман ба онҳо кӯмак намерасонад ва ҳатто ягон бор фарзандонашро суроғ ҳам намекунад. Боре духтаракон ба дидори падар пазмон гашта, аз модарашон хоҳиш мекунанд, ки ба ӯ занг занад, то каме сӯҳбат карда, хумори худро бишкананд.
Хайринисо дили шикастаи фарзандонашро шикастан нахоста ба собиқ шавҳараш занг мезанад, вале падари бераҳм чунон ҳарфҳоеро ба забон меорад, ки қалби озурдаи духтарони маъюб хун мешавад.
“Аз ҳамон вақт инҷониб дигар ба ин марди фарзандбезор ва сангдил занг назадам ва ҳатто алимент ҳам талаб накардам. Духтаронамро ба танҳоӣ мехӯронаму мепӯшонам,”-мегӯяд ин зани бо нангу номус.
Духтари маъюб апаашро нигоҳубин мекунад
Хадичабону ва Кибриё нисбат ба апаашон Шукрона хушбахттар буда, дар ҳаракат маҳдудияти камтар доранд. Ба маъюбиаш нигоҳ накарда Хадичабону хӯрок ва торту шириниҳои бомазза пухта, хона мерӯбад ва апааш Шукронаро нигоҳубину парасторӣ менамояд. Шукрона аз хоҳари меҳрубонаш миннатдор аст ва мегӯяд, шириниҳое, ки Хадича мепазад, чунон бомаззаанд, ки ҳатто аз мағозаҳо чунин хӯрданиҳои хушмаззаро пайдо кардан душвор аст.
Бахти дуюм мадад накард
Албатта ба танҳоӣ кашидани аробаи зиндагӣ ва таъмини се фарзанди маъюб барои зан душворӣ мекунад. Аз ҳамин сабаб баъди чандин сол Хайринисо дубора оиладор шуд, то каме ҳам бошад аз зиндагӣ осояд. Аз никоҳи дуюм ӯ соҳиби як писарчаи солим гаштаасту шукрона мекунад, вале шавҳари дуюмаш дар таъмини оила оҷизӣ мекашад. Ҷавонзани аз ҳаёт наосуда маҷбур аст, ки дар ду-се ҷо кор карда, чаҳор фарзандашро, ки се нафарашон маъюбанд, худаш хӯронаду пӯшонад.
Духтарҳои маъюб бо дандон
додаракашонро гаҳвора мекарданд
Ҷавонзан қисса мекунад, ки вақте писарчаи ҳафтмоҳаашро монда ба кор мерафт, кӯдак худро аз гаҳвора овезон мекард ва апаҳои маъюбаш, ки пою дасти гиро надоранд, бо дандонҳояшон ӯро аз замин бардошта дубора ба гаҳвора мебастаанд.
Модарашон бевақт ба хона бармегардад. Ин се хоҳари кучулу, ки аллакай духтарҳои қадрас бошанд ҳам, қаду қоматашон аз кӯдакони се-чорсола баландтар нест, наметавонанд чароғро равшан намоянд. Азбаски чароғи ҳамом ҳамеша гирён аст, хоҳарон аз торикӣ тарсида, баъзан дар рӯйи фарши сарди ҳамом хоб мераванд.
“Аз кор омада мебинам, ки хоби духтаронам кайҳо бурдаасту дасту пойҳояшон аз хунукӣ каб-кабуд шудааст. Ростӣ ҳар бор ин манзараро дида, зор-зор мегиристам,”-қисса мекунад Хайринисо Одинаева.
Орзуи хоҳарони маълул
Ба маъюбиашон нигоҳ накарда, ин се хоҳарон ташнаи илму дониш ҳастанд ва мехоҳанд таҳсили худро идома диҳанд. Пештар онҳо дар хона-интернати маъюбони шаҳри Ҳисор мехонданд, вале баъд бо кадом сабабе заҳролуд мешаванду байни модар ва роҳбарият баҳсу мунозира сар мезанад.
Пас аз ин ҳодиса бо баҳонаи он ки аллакай 18-сола шудааст, аввал Шукрона ва баъдан хоҳаронашро ҷавоб додаанд.
Хадичабону забони русиро нағз медонад ва кам-кам бо забонҳои ҳиндию англисӣ низ гап мезанад. Ӯ бисёр мехоҳад, ки тарҷумон шуда, дар кашидани аробаи зиндагӣ ба модараш ёрӣ расонад, вале...
Ин се хоҳари маълул, ки бо амри қисмати талх ба ин ҳол афтодаву аз меҳру муҳаббати падар бенасиб ҳастанд, орзу доранд, ки як маротиба Пешвои миллатро аз наздик бубинанд ва дасти навозиши ӯро болои сари худ эҳсос намоянд.
Ба мо куртаи арӯси бихар, очаҷон!
Шукрона ва хоҳаронаш Хадичабоную Кибриё мисли дигар духтарон мухлиси синамо буда, тамошо кардани филму сериалҳои ошиқонаро дӯст медоранд.
“Модарҷон, ба мо ҳам мисли қаҳрамонҳои филмҳо куртаҳои зебои арӯсӣ бихар,”-мегӯянд гоҳо орзупарвона ин се хоҳари хушқабл ба модар.
Бо шунидани ин суханон аз забони духтарҳои маълулаш чашмони Хайринисо ғарқи ашк гашта, дар ҷавоб чӣ гуфтанашро намедонад. “Ҷигарбандонам, ман шуморо чунон сахт дӯст медорам, ки агар як рӯз набинам, дилкаф мешавам. Шумо як умр бо ман мемонед,”- мегӯяд ин модари зор ва ноаён оби дидаашро пок мекунад....

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД