new banner new years
ДОРУСОЗИ ТОҶИК НӮШДОРУИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО ИХТИРОЪ КАРД
5675

Агентии иттилоотии «Ховар» аз қавли рӯзномаи «Садои мардум» навиштааст, ки Сайидвалӣ Ҳикматов, дорусози маъруфи тоҷик, сарвари ҶДММ «Авитсенна» ба истеҳсоли балзам, равған ва маҳлули антисептикии пешгирикунандаи коронавирус оғоз карда, ба ин ваксинаҳо дар маҷмӯъ «Антиковид - 19» ном мондааст.

Ба гуфти муаллифи ин ваксина истифода аз он ҳолати беморони гирифтори COVID–19 - ро сабук месозад ва пеши роҳи сирояти одамонро аз ин вирус мегирад. Духтурон ва дигар одамоне, ки бо беморон сари кор доранд, агар бо спрей даҳонашонро чайқонанд, хатари сироятёбӣ қариб пурра аз байн меравад. "Бемороне, ки дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, Турсунзода ва ноҳияи Мастчоҳ аз балзам ва спрейи «Антиковид - 19» истифода бурдаанд, дар худ аломатҳои сиҳатшавиро эҳсос намуданд", - навиштааст мухбири «Садои мардум» рӯзи 28 май. Ин балзам ва спрей дар асоси сиёҳдона тайёр шуда, қобилияти баланди зиддивирусӣ дорад.

Ба гуфти дорусоз дар таркиби ваксина, ки аз сиёҳдона омода мешавад, зиёда аз 100 намуди модда ва қариб 50 катализатори биосинтези табиии ҳуҷайраҳо, аз қабили ферментҳо, гормонҳо, полисахаридҳо, кислотаҳои чарбӣ, липаза, токоферолҳо, поливитаминҳои гурӯҳҳои А, В, Р, С, равғанҳои эфирӣ ва ғайра мавҷуданд. «Моддаҳои мазкур барои тавлиди ҳуҷайраҳои нав ва мустаҳкамкунии масунияти инсон заруранд. Витамини Е, ки дар таркиби сиёҳдона фаровон аст, барои муолиҷаи бемориҳои саратонӣ ва системаи дилу рагҳо муҳим аст. Ҳамчунин, сиёҳдона дорои макро ва микроэлементҳои муҳим, ба монанди калтсий, фосфор, калий, магний, оҳан, сулфур, мис, манган, хром, селен, кремний, бор, германий, руҳ ва кобалт мебошад», - гуфт ӯ.

Яке аз бартариҳои «Антиковид-19» он аст, ки он имунитетро бардошта, қувваи муҳофизатии ҷисмро зиёд мекунад. Магнийи таркиби сиёҳдона фаъолияти системаи дилу рагҳо, шуш, мағзи сар, системаи асаб ва мушакҳоро беҳтар мегардонад. Оҳан барои хунофарӣ, мис барои беҳтаргардонии раванди табодули моддаҳо дар ҳуҷайраҳо, манган баҳри фаъолияти хуби ғадуди зери меъда, селен дар муолиҷаи бемориҳои саратонӣ кумак мерасонанд. Витаминҳои гурӯҳи В дар фаъолияти хуби ҷигару низоми асаб нақши муҳим мебозанд. Истеҳсоли он ба наздикӣ ба таври пурра ба роҳ монда мешавад.

 


Асалу сиёҳдона давои коронавирусанд?


 

Илми тиб исбот кардааст, ки ба воситаи қувва бахшидан ба имунитети инсон дилхоҳ бемориро табобат кардан мумкин аст. Таҳқиқоти илмӣ собит намудааст, ки сиёҳдона имунитетро тақвият мебахшад. Он дар хуни инсон якчанд маротиба миқдори Т - лимфотситҳо, Т - киллерҳо ва дигар ҳуҷайраҳои ба муолиҷаи бемориҳо ва ҳифзкунандаи организмро зиёд мекунад. Аз ин рӯ, истифодаи равғани сиёҳдона, инчунин чойи он ва асал бо сиёҳдона именитетро баланд бардошта, қувваи кории одамро баланд мебардорад.

Табобати мазкур барои муолиҷаи зукому сулфа, нафастангӣ, зардпарвин ва ғайра фоиданок буда, кирмҳоро аз бадан берун мебарорад. Ин доруҳо, инчунин, барои заноне, ки ширашон кам аст, фоидаоваранд. Шахсоне, ки аз санги гурда азоб мекашанд, бо истеъмоли сиёҳдона аз он халос мешаванд.

Дар асоси тавсияи дорусоз барои баланд бардоштани имунитет ва беҳтар шудани саломатӣ дар як шабонарӯз ним қошуқча равғани сиёҳдонаро бо як қошуқ асал ва 5 қатра шарбати лимӯ истеъмол кардан зарур аст.

Ин табиби тоҷик боварӣ дорад, ки сиёҳдона дар ҳақиқат иммунитети инсонро баланд мекунад ва яке аз беҳтарин воситаи пешгирӣ ва табобат аз коронавирус мебошад. Он иҷрокунандаи роли ваксинаи коронавирус буда метавонад ва имкон дорад, ки ин вирусро пурра аз организми бемор барорад.

Сомонаи Oila.tj қабл аз ихтирои ин ваксина дар робита ба давои дарди коронавирус будани асал ва сиёҳдона дар такя ба тибби халқии қадим ва муосир ва ҳамчунин тибби тоҷик изҳори назар карда буд. 

Сайидвалӣ Ҳикматов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, аз соли 1997 роҳбари ҶДММ «Авитсенна» мебошад. Ӯ солҳои 2004- 2005 дар Намоишгоҳи давлатҳои ИДМ ва Намоишгоҳи байналмилалии Япония ширкат варзида, бо дипломи «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Мавсуф муаллифи якчанд давоҳои табиӣ, аз ҷумла, нӯшдоруи «Авитсенна», чойҳои табобатии «Фитодиабет», «Чилдухтарон», равғани сиёҳдона ва ғайра мебошад. Имрӯз давоҳои табиии истеҳсолнамудаи ин ихтироъкори тоҷикро бо тамғаи «Made in Tajikistan» берун аз ҷумҳурӣ низ дидан мумкин аст.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз дар ҷаҳон шумораи беморони гирифтори коронавирус ба 6 568 644 нафар расид. Ҳамзамон, аз ин шумора 3 миллиону 169 ҳазору 264 кас шифо ёфтаанд ва 387 ҳазору 959 тан вафот кардаанд, - мегӯяд Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД