Formula september
Кай ниқоб пӯшида, фосиларо риоя мекунед, мардум?
13522

Вакилони парлумони кишвар чанд рӯз пеш ба қонунгузории кишвар тағйирот ворид карда буд, ки дар асоси он барои гаштугузори бе ниқоб, паҳн кардани беморӣ ва нашри ахбори бардурӯғ ҷазо пешбинӣ шудаст. Бино ба шарҳи Маҷлиси намояндагон дар асоси тағйиру иловаҳо, ки аз ҷониби вакилон қабул шудааст, ба нафароне, ки сабабгори паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегарданд, аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар сурати такрори чунин кор, тағйироти нав аз 5 то 10 сол ҳабсро пешбинӣ намудааст.

Ҳамчунин, дар ин ҷаласа ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар низ тағйирот ворид шуд, ки дар доираи он барои надоштани ниқоби тиббӣ аз 116 сомонӣ то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки масъалаи пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар Тоҷикистон то рафт мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Пеш аз ворид кардани тағйирот Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва ҳамзамон раҳбари Ситоди ҷумҳурияии пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус аз мардум даъват карда буд, ки пӯшидани ниқобро риоя кунанд.

Тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ рӯзи 10-уми июн қабул шуд. Аммо новобаста ба ин тағйирот ҳар рӯз дар филиали №63 – и бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” дар шаҳри Кӯлоб мардум дар навбат истода, ақаллан фосиларо риоя намекунанд.

Онҳо ҳамчунин бе ниқоб ба дарун медароянд, дар ҳоле ки дар даромадгоҳ муҳофиз шаҳрвандонро бе ниқоб даромадан намемонад ва ҳатто огоҳинома ҳам часпонидаанд. Субҳи имрӯз аз як нафар муштарии бонк, ки дар навбат меистоду нахост номашро зикр намоем, пурсон шудам, ки муҳофиз ба бениқобон даромаданро иҷозат надода истодаасту ӯ чӣ гуна тавонист ба даруни бонк дарояд? Дар ҷавоб гуфт, ки "муҳофиз бо дигар кор банд буд, ва ман гурехтам".

Ҳамзамон, дар назди утоқҳои қабули шаҳрвандон хатти сурх барои нриояи ҳатмии фосила гузошта шудааст, аммо шаҳрвандон ҳатто ба ин ҳам нигоҳ накарда, аз он мегузаранду дар рӯбарӯи кормандон истода, бе навбат пул гирифтан мехоҳанд. Вақте ба чанд нафар дар ин бора муроҷиат кардам, яке аз онҳо гуфт, ки “хоҳӣ гузару коратро тамом карда рав,, нахоҳӣ фосилаатро риоя карда исто”.

Бояд қайд кард, ки дар экрани телевизиони дар бонк насбшуда, тариқи шабакаи “Ҷаҳоннамо” зуд - зуд навиштаҷотҳои огоҳкунанда ҷиҳати риояи фосила ва пӯшидани ниқоби тиббӣ бо мазмуни "Шаҳрвандони гиромӣ, фосилаи иҷтимоиро дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя кунед. Гаштугузор бе ниқоб қатъиян ман аст" пахш шуда истодааст, аммо шаҳрвандон пушти миз нишастав, чашм аз оинаи нилгун намекананду таъбири “чӣ ба инҳо гӯиву чӣ ба гӯши фил азон хонӣ” – ро ба ёд меоранд. Масъулини бонк чӣ мегуфта бошанд?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД