Formula novemver 2024
КОРОНАВИРУС БОЗ ЯК СИТОРАРО РАБУД
14304


Дар Тоҷикистон боз як зани маъруф, ки солҳои зиёд тоҷикистониён симои ӯро аз телевизион тамошо мекарданд ва мардумро бо муҳимтарин хабару гузоришҳо шинос мекард, ҷон ба Ҳақ супорид.
Ин зан, Мунаввара Усмонова аст ва ӯ низ қурбони коронавирус гардид.

Хабари даргузашти Усмоноваро рӯзноманигор Шаҳлои Наҷмиддин аз қавли Малоҳат Дӯстматова дар сафҳаи Facebook -ии худ нашр намудааст.
"Дар қатори ин шабурӯз рафтагон, наттоқи варзидаи Телевизиони Тоҷикистон, тарҷумон ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ Мунаввара Усмонова ҳам аз бемории ковид бандагӣ кард", - навиштааст, Малоҳат Дӯстматова ва Наҷмиддинова ин навиштаро бознашр намудааст.

Мунаввара Усмонова 71-сол дошта, тақрибан ду ҳафта қабл дар бемористони "Якум Советский" бо нишонаҳои бемории коронавирус бистарӣ гардида буд, аммо пизишкон натавонистанд ҷонашро наҷот диҳанд ва ӯ рӯзи 12-уми июн дунёро падруд гуфт.
Ёдовар мешавем, ки Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов низ дар синни 70-солагӣ аз ҳамин беморӣ даргузашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД