Sebiston new 2024 october
МАРГИ НОБАҲАНГОМИ МУАЛЛИМ ВА ЖУРНАЛИСТ
9963


Ҳабиба Қурбонова, хабарнигор ва корманди нашриёти “Адиб” чанд соат пеш дар беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе даргузашт. Тибқи манбаъҳо ӯ тайи чанд рӯзи охир зери асбоби нафаскашии сунъӣ қарор дошт ва шоми 6 июл ҷон ба ҳақ супорид.

Комрон Миразоров, омӯзгори калони кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар синни 31-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Сабаи марги ӯро фишорбаландӣ унвон карданд.

Ростӣ бо шунидани марги шахсиятҳои кишвар, ҳам бонуи саропо меҳру адаб марҳум Ҳабиба Қурбнова ва ҳам ҷавоне, ки тамоми ҳастияшро барои таълиму тарбия бахшида буд, Комрон Миразоров, фазои фарҳангииро тира сохт.

Ҳабиба Қурбонова, замоне дар Телевидеони Тоҷикистон фаъолият мекард ва шарҳи матбуоти ҳамон давраро пеш мебурд.

Аз Комрон Миразоров омӯзгор ва инсони хоксор ёд карда гуфтаанд, ки шогирдони зиёдеро ба олипиадаҳои ҷумҳуриявӣ омода мекард. Яке аз ҳамкорони ӯ хабари марги ин омӯзгори ҷавонро тасдиқ карда гуфтанд, ки дирӯз баъд аз дарс ба хона рафт ва пас аз чанд вақт хабари маргашро ба мо расониданд, гуфтааст, манбаъ.

Комрон Миразоров 14 октябри соли 1989 дар деҳаи Меҳвари ҷамоати Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД