Sebiston new 2024 october
Асалу сиёҳдона давои коронавирусанд?
2781

Дар яке аз шабкаҳои интернетӣ хондам, ки равғани сиёҳдонаро бо асал омехта карда чанд субҳу шом як қошуқ аз он истеъмол намоед, имунитетро баланд карда, коронавирусро нест мекунад.

Манфиати асал аз нигоҳи дини ислом
Бояд гуфт, ки агар имунитети инсон баланд бошад, ҳеҷ як беморӣ ба ӯ таъсир намекунад. Дар яке аз ҳадисҳои пайғамабари ислом ҳазрати Муҳаммад (с.в.с) омадааст: “равғани сиёҳдона ба ҷуз марг дигар ба ҳама дард давост” (мазмуни ҳадис). Дар ҳадиси дигаре ҳам пайғамбар фармудаанд: “Ду чиз барои шумо шафоаткунанда аст: яке Қуръон ва дигаре асал”.
Инчунин, дар ривояте омадааст, ки саҳобае назди Пайғамбар (с.а.в) омад ва гуфт: “Ё Расулаллоҳ, фарзандам бемор аст. Илтимос, ӯро дуо хонед”. Пайғамбар дар ҷавоб ба он саҳоба гуфт: “бирав ва ба фарзандат асал бидеҳ”. Он саҳоба ба писараш асал дод, аммо бо гузашти вақт ҳеҷ беҳбудиро дар ӯ мушоҳида накард. Бори дуюм омад ва гуфт: “Ё Расулаллоҳ, фарзандамро дуое хонед, ки ӯ бемор аст”. Пайғамбар ин дафъа ҳам ба ӯ гуфт: “бираву ба фарзандат асал бидеҳ”. Саҳоба боз ба фарзандаш асал дод, вале боз ҳам ҳеҷ тағйиротеро дар ӯ надид. Бори сеюм боз ба назди Пайғамбар омаду гуфт: “ду маротиба аст, ки ба ӯ асал медиҳам, аммо дар вуҷуди фарзандам ҳеҷ тағйироте нест. Илтимос, ӯро дуое хонед, ки фарзандам сахт бемор аст”. Бори сеюм ҳам Пайғамбар ба ӯ гуфт: “бирав ва ба фазандат асал бидеҳ”. Саҳоба аз ин амали пайғамбар дарғазаб шуда, гуфт: “ту маро масхара мекунӣ” ва қаҳр карда рафту ба фарзандаш асал надод”.
Баъди чанд рӯз фарзандаш аз олам гузашт. Ӯ боз ба назди пайғамбар омад ва гуфт: “агар ту фарзандамро дуо мехондӣ, ӯ сиҳат мешуд”. Пайғамбар ҷавоб дод: “агар бори сеюм ба фарзандат асал медодӣ, ӯ шифо меёфт”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД