Кабӯтарбачаи озод
Падару модарам ду писару ду духтарро бо меҳру муҳаббати зиёд ба воя расониданд. Волидонам ба ҳамдигар меҳри беандоза доштанду зиндагии оилавиямон мисли ширу шакар нарму ширину гуворо мегузашт. Дар хонаи сеҳуҷрагӣ бо бибию бобоям ҳаёти ширине доштем. Солҳо гузаштанду бибию бобоям оламро падруд гуфтанд, бародарамро хонадор намуда, апаамро ба шавҳар додем. Дар хона ману додаракам мондем.
Авлоди падариям мардуми оддии меҳнатӣ буданду холаю тағоҳоям сарватманд. Байни хешу таборони модарам як хоҳараш, холаи кенҷагиям аз ҳама зиёд сарватманд буд. Мо ҳама ба навбат ба хонаи вай рафта, хизматашро мекардем. Ӯ ду хизматгор дошта бошад ҳам, боз баъзе корҳои шахсияшро дар хонаи боҳашаммати қасрмонандаш мо ҷиянҳояш иҷро мекардем, зеро ӯ як писар дошту халос. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ман кабӯтарбачаи озодеро мемондам, ки зери сояи меҳри падару модар ба воя мерасидам, дар зиндагӣ танқисиеро эҳсос намекардам, духтари эрка ва дӯстдори модарам будам, вале…
Хушкардаи хола
Ман ҳеҷ гоҳ худамро соҳибҷамол ҳисоб намекунам, вале чун ба балоғат расида, мактабро хатм намудам, хостгорон остонаамонро охӯрча карданд. Шумо инро худситоӣ наҳисобед, вале аз дасти хостгорон рӯз надоштем. Ғайр аз он ки ман соҳибҷамолу ҳунарманд будам, боз модарам чун келини хубу хоксор ва хизматгор дар атроф ном бароварда буд, аз ин рӯ, хостгорон ҳар рӯз дарамонро мекӯфтанд, вале модарам ба ҳеҷ яке аз онҳо ризогӣ намедод. Баъд фаҳмидам, ки холаам бо модарам маслиҳат карда, маро барои яккаписараш Саъдӣ келин карданӣ будааст. Дигар духтархолаҳоям ин хабарро шунида маро табрик мекарданду хушбахттарин арӯс меномиданд, зеро холаам зани меҳрубону саховатманде буд. Шавҳараш тоҷири муваффақ бошад ҳам, бо падари миёнҳоли ман рафиқони наздик буданду дар зиндагӣ ӯро дастгирии зиёде мекарданд. Ман низ хурсанд будам, ки ба хонаи бегона не, ба хонаи холаҷонам келин шуда меравам, зеро аз меҳрубониҳои ӯ зиёд баҳра бурда будам. Холаам ҳамеша ба ман зару зевар, либосҳои қиматбаҳо ва чизи мехостаамро туҳфа мекарданд. Язнаамро низ дӯст медоштаму хурсанд будам, ки акнун фарзанди ин ду шахси меҳрубон мешавам. Ҳар гоҳе ба хонаи холаам равам, язнаам сарамро сила карда, бо шӯхӣ мегуфтанд:
- Ҳамин Нисоро ба мо диҳанд намешавад занак, охир апаат духтару келин дорад, мо не!
Холаам низ дар ҷавоб хандаи зебанда карда, мегуфт:
- Пурсида намешинему медуздем.
Ман он вақт ҳатто ба гӯшаи хотирам ҳам намеовардам, ки холаам чӣ мақсад дорад. Механдидаму чизе намегуфтам.
Бачаи талбидагӣ
Аслан холаи ман зани дувуми язнаам буд. Ин марди сарватманд бо духтари амакаш хонадор шуда, фарзанддор намешавад. Пас аз даҳ соли зиндагии якҷоя аз ҳамсари аввалааш ҷудо шуда, холаи ҷавони маро ба занӣ мегирад. Аз нақлҳои модарам медонистам, ки чун холаам ҳомила мешавад, байни хешу таборони язнаам овозаҳои гуногун паҳн амешавад, ки гӯё духтурон нутфаи марди дигарро гирифта ба бачадони холаам гузошта бошанду ғайраву ҳоказо… Чун хурд будам, ба ин гапҳо сарфаҳм намерафтам ва дар ин бора фикр ҳам намекардам. Танҳо ҳаминро медонистам, ки Саъдӣ писари талбида гирифтагии холаам аст.
Писари холаам ҷавони зебои қоматбаланд буду дар курси охирини донишгоҳ таҳсил мекард. Аксар вақт дар хонаи дар маркази шаҳр будааш меистод ва хеле шармгин буду бо мо зиёд ҳамгап намешуд. Дар назари ҳама Саъдӣ писари хушодобу босавод ва хоксору бамаънӣ буд. Чун дар авлоди мо ягон духтар таҳсили илм накарда буд, ман низ ин орзуро дар дил намепарваридам ва ростӣ интизорӣ мекашидам, ки холаам кай хостгоронашро фиристода, маро шоҳдухтари қасри афсонавияш мекунад.
(Давом дорад)
НИСО
Таснифи Рухсора САИД