Arzon march 2024
Домоди дузд (ҚИСМИ 1)
1509

Заҳри тақдир

Падару модарамро дар ёд надорам. То синни шонздаҳсолагиям намедонистам, ки барои падару модари маро бо сад меҳрубонӣ калон мекарда ҷиян ҳастам, на писар, зеро онҳо он қадар меҳрубон буданд, ки ҳеҷ гоҳ бароям чунин имкони фикр кардан надода буданд.

Чун ба синни шонздаҳ расидам, падарам маро наздаш шинонида, гуфт:

- Писарам, ту бояд сарнавишти худатро донӣ. Ҳангоме, ки ту сесола ва хоҳаракат Анор яксола буд, волидонат пайи ҳам ин дунёро тарк гуфтаанд. Модарат бемории кўррӯда будаасту мегузарад гуфта, ба ҷойи дард ҳар гуна ашёҳои гармро гузоштан гирифтааст. Чун ўро ба духтур бурдаанд, алакай дер шуда буд. Пас аз марги модарат падарат ба дарди ҳиҷрон тоб наоварда, рў ба май овард, азбаски зардпарвин кашида буду ҷигараш дардманд шуд, сари соли модарат ўро аз даст додем. Модарат як падари пир дошт, ки наметавонист шуморо ба тарбияи худ гирад, тағоят шуморо дўст медошт, аммо занаш барои фарзандхонд кардани шумо розӣ нашуд. Ману янгаат, ки шаҳу арўси нав будему тарбияи фарзандкалонкунӣ надоштем, қарор додем, ҳар чӣ бодо бод, шуморо фарзандхонд мекунем. Падару модари ман аз дунё гузашта буданду ман ғайри падари ту ва аммаат дар дунё наздике надоштам, аз ин рў ту ва Анор фарзандони мо шудед. Нигору Хумор баъд ба дунё омаданд…

Ман пас аз ин гуфтугў як моҳ бо дили сиёҳ гашта бошам ҳам, баъдҳо шукронаи Худованди муттаол ва янгаву амаки меҳрубонам карда, зиндагиро идома додам. Амакам тиҷорат мекарданд, мо ҳама аҳли хонадон ба вай ёрдам медодем. Кору бори савдоро аз амакам омўхта, баъди хатми мактаб мағозаи алоҳидаи худро кушодам…

Ёри сағира Худост

Ростӣ, ҳеҷ умед надоштам, ки ин қадар зуд корам ривоҷ мегирад, ҳамин тавр пай дар ҳам шаш мағоза кушодам, акнун аз хориҷа бор меовардаму фоидаи калон меёфтам. Дар баробари ин, дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ғоибона таҳсил низ мекардам. Амаку янгаам духтари зебоеро аз хешони падарам ёфта маро хонадор карданд. Ҳамсарам хатмкардаи коллеҷи тиббӣ, духтари қоматбаланди сафедандоми зебое буд. Ҳарчанд духтарони зебо гирди сарам парвона буданд, вале баъд аз зан гирифтанам дигар ба касе назар намекардам, зеро занамро аз ҷонам зиёдтар дўст медоштам. Анор дар донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекарду азм дошт то диплом нагирад, шавҳар намекунад, аз ин рў, мо пайи ҳам Нигору Хуморро ба шавҳар додем. Шавҳарони ҳарду амакбачаҳо буданду хоҳаронамро барои кору зиндагӣ ба хориҷа бурданд. Мо ҳамагӣ аз омади бахти онҳо шодмонӣ мекардему Худо мегуфтем, ки дари бахти Анор низ кушода гардад. Дар зиндагӣ аз чизе камбудӣ надоштем, ҳавлиҳои кўҳнаи падариро афтонида, ба ҷояшон хонаҳои сеошёнаи зебое сохтем, аз биноҳои баландошёна низ чанд хона гирифтам. Падару модарамро ба зиёрати Хонаи Худо фиристодам, Худованд ба ман ду писараки зебо ато намуд, танҳо мехостам хоҳарам зудтар бахташро ёбаду хотирамон ҷамъ гардад.

Хостгорон

Зиндагӣ дар маҷрои худаш идома дошт, ҳамин тавр Анор низ донишгоҳро хатм намуд ва дар яке аз беморхонаҳои калонтарини пойтахт ба кор шуруъ кард.

Аз ин рўйдод ду ё се моҳ гузашта буд, ки як шом зану марди деҳотие дарамонро кӯфтанд. Хизматгорзан ба модарам чизе гуфт, ки он кас зуд ба сўйи дарвоза рафтанд. Як зани пастқомат ва як марди сиёҳи ришдор, ки либосҳои оддияк доштанд, дастовезашонро ба дасти хизматгор доданду ба меҳмонхона гузаштанд. Мо онҳоро ба қавли маъмул «обу иззат» кардем, баъд маълум гашт, ки онҳо хостгоронанд.

- Бародари азиз, мо мардуми камбағалем, хеле камбағал. Дар қишлоқ ду хонаи лоин дорему даҳ фарзанд, писарамон бо зӯри бозуи худаш як техникумро хатм кардааст, аммо ҷое кор намекунад. Дар ҳамин шаҳр саланг-саланг мегардад, чанде пеш бемор шуду дар беморхона хобид. Бо духтари шумо ҳамон ҷо шинос шудааст. Агар розӣ бошед, моро ба хешӣ қабул кунед,- ба падарам нигариста, гуфт мўйсафед.

Падарам чӣ ҷавоб доданашро намедонист, вале баъди чанде хоҳарам омаду ҳама чиз аниқ шуд. Анор гуфт, ки новобаста аз ҳама камбудиҳои писари ин мўйсафед, ба ў мерасад…

БАХТОВАР

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД