Бо сад орзуву ҳавас ба шавҳар баромадам, вале баъди ду ҳафтаи тӯямон домод маро бо модараш гузошта ба Москав рафт. Пеш аз тӯй дар бораи азми Русияравӣ доштани вай ягон гап набуд, намедонам, кӣ сабаб гашт, ки якбора ҷомадонашро ҷамъ карду тарки Ватан намуд. Фикрҳои зиёд дар сарам чарх мезад, андеша мекардам, ки шояд ман барояш зани номуносибаму барои ҳамин рафт, то дигар рӯйи маро набинад. Шавҳарам ҳар моҳ пул мефиристад, вале ба ман пулаш не, худаш, навозишу меҳрубониаш лозим. Ҳамагӣ ду ҳафта шавҳардорӣ карда акнун солҳост, ки ҳамчун шӯдорӣ бе шӯ танҳо роҳ мепояму роҳ мепоям. Шавҳарам дар 5 – 6 моҳ ё дар як сол танҳо як бор ба Тоҷикистон меояд ва як ҳафта истода, боз ба Русия бар мегардад. Ҳайронам, ҳамин хел, ки буд, чаро зан гирифт?! Ҳамин хел равуо карда мегашт! Аз ҳама аламовараш он аст, ки бахт гуфта ман аз хондан ҳам мондам. Ба диплом гирифтанам ҳамагӣ як солаки дигар монда буд, вақте ки падару модарам маро ба шавҳар доданд. Гумон доштам, ки таҳсиламро давом дода соҳиби маълумоти олӣ мешавам, вале аз рӯзи аввали зиндагӣ дар наздам шарт гузоштанд: бахт ё хондан, аз ду якеро интихоб кун! Табиист, ки ягон зан барои диплом шуда аз баҳри зиндагии оилавиаш намегузарад, ман ҳам бахт гуфта аз баҳри таҳсил гузаштам, вале бар ивазаш чӣ дидам? Танҳо раҳпоӣ! Косаи сабрам дигар лабрез гаштааст, аз ин сабаб ба «Оила» муроҷиат кардам, то дарди диламро бо воситаи ин газетаи мушкилкушо ба шавҳарам бирасонам:
-Мардак, охир то ба кай дар мулки ғарибӣ мегардӣ? Хешу таборат маро таъна зада мегӯянд: «бачаи бечораро чӣ кор кардӣ, ки мудом аз ту гурехта мегардад?!» Ту аз ман чӣ бадӣ дидӣ, ки гурезон шудаӣ? Чаро якбора мани арӯсаки бачилларо партофта рафтию дигар ёдам намекунӣ? Зани рус дошта бошӣ, пас чаро маро ба занӣ гирифтӣ? Хонадоршавиро савдои умр мегӯянд, писандат, ки набудам, пас чаро дар бозори бахт маро интихоб кардӣ? Чаро аз ҳамсари поку ҳалоли никоҳиат мегурезӣ, Ҷалол, баргард, ки дигар тоби ҷудоӣ надорам!