Деҳаи мо хеле ободу зебо асту мардумаш бо ҳам ёру бародаранд. Дар ҳалли тамоми мушкилиҳои деҳа ва ободонии он мардум бар ба бари якдигар истода, аз як гиребон сар мебароранд. Пеш аз баровардани қонун оиди манъ кардани никоҳи хешутаборӣ, духтари холаам Шаҳнозаро ба писари тағоям Олим фотиҳа карда, дар муддати як ҳафта тӯй карданд.
Олим дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекарду натиҷаи никоҳи хешутабориро ҳамчун духтур медонист, аммо бар зидди хоҳиши падару модараш баромада натавонист. Шаҳноза, ки духтари оқилаву зебо буд, Олим ӯро дӯст медошт, ҳарду аз зиндагии худ хурсанд ва хеле хушбахт буданд. Пас аз якуним сол соҳиби фарзанд низ шуданд. Навзодро аз беморхона бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҳти садои карнаю сурнай ба хона оварданд. Номи тифлакро Маҳвора гузоштанд, зеро номаш ба худаш муносиб буд, рӯйи монанди моҳ зебо дошт. Маҳвора маънои зиндагии падару модар гашта буд. Дар яксолагӣ қадамҳои ларзони аввалини худро гузошта, роҳгардон шуд. Рӯз аз рӯз хеле зебо шуда, ба воя мерасид, дар дусолагӣ аллакай ба сухан гуфтан оғоз кард.
Аз байн панҷ сол гузашт, Олим мехост соҳиби писар, номбардори падар бошад. Борҳо барои фарзанддор шудан муолиҷа гирифтанд, аммо натиҷае надод. Олим ҳамсарашро сабабгор дониста, муомилаи хуш намекард, ягона риштае, ки зану шавҳарро мепайваст, ин Маҳвора буд. Хушбахтона, Худои бузург онҳоро умедвор карда, раҳматашро дареғ надошт, дар натиҷаи санҷиши тиббӣ маълум шуд, ки Шаҳноза ҳомиладор шудааст.
Олим хеле хурсанд шуда буд, аммо хурсандии онҳо дер давом накард. Дар моҳи ҳафтуми ҳомиладорӣ маълум шуд, ки тифл бо сабаби никоҳи хешутаборӣ бо нуқсони модарзодӣ ба дунё меояд. Ин хабар Олиму Шаҳнозаро сахт руҳафтодаву ғамгин кард. Олим пас аз фикрҳои тӯлонӣ ба ҳамсараш гуфт: "Шаҳноза, ман намехоҳам, ки ин тифламон ба дунё ояд, зеро як бор сӯхтан аз ҳар лаҳза дидану сӯхтани фарзанди маъюб беҳтар аст. Биё, тифлро гирифта партоем. Ман мефаҳмам, барои ту осон нест, барои ман ҳам, аммо маҷбурем, дигар чорае нест."
Албатта барои модар нобуд сохтани фарзанди худ осон нест, аммо зан ба хотири шавҳараш розӣ шуд. Аҳли оилаи Шаҳноза ва Олим намехостанд, ки хабари маъюб будани тифли онҳо дар деҳа паҳн шавад. Гумон карданд, ки тифл бе ҷон тавлид мешавад. Аммо ба хостаи Парвардигор кӯдак баъди таваллуд шуданаш ду маротиба гиря карда, ҷон ба ҷонофарин супурд. Ҷасади кӯдакро аз беморхона оварда, ҷаноза карданд. Аҳли оила мегиристанду барои Шаҳноза, ки ҳанӯз дар беморхона буд, ғам мехӯрданд.
Шаҳноза садои гиряи талхи кӯдаки ҷондодаашро шунида, баъди ба ҳуш омадан фақат фарзандашро меҷуст. Азбаски гиряи фарзандашро шунида буд, гумон мекард, ки тифлаш зинда аст. Билохира, аз фикру ғами зиёд девонаавзо шуд. Ягона инсоне, ки Шаҳнозаро ором мекард, шавҳараш Олим буд, аммо ӯ низ ҳанӯз аз ғами фарзанд ба худ наомада буд ва мудом тифли аздастдодаашро пеши назар меовард.
Вақт дармони ҳар гуна дардҳост мегӯянд, воқеан рост будааст. Пас аз як сол зану шавҳар боз ба ҳаёти муқаррариашон баргаштанд. Шаҳнозаю Олим барои Маҳвора худро ба даст гирифтаву зиндагиро идома дода истодаанд. Вале дили модар ҳамеша ба ёди фарзанде, ки қурбон кардааст, месӯзаду як лаҳза аз хотири модар гиряи фарзанди аз дунё рафтанаш намеравад.
Бақозода Анӯшервон,
донишҷӯйи ДМТ