formula
Дилноза Каримова ба наздикӣ модар мешавад
4476

 Дилноза Каримова, овозхони эстрадаи тоҷик, ки дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ ва фаъолият мекунад, дар баромадҳои солинавияш иброз намуд, ки ба наздикӣ бори дигар модар хоҳад шуд.

“Соли 2019 як соли пур аз эҷод, пурбарор, пур аз заҳмату меҳнату талошу кӯшишу ғайрат буд. Дар оилаи мо низ буд навгониҳое, ки натиҷаашро ҳамчун туҳфаи беҳтарини тақдир дар соли 2020 хоҳем дид”,-мегӯяд овозхон. Ҳамчунин, номбурда илова мекунад, ки тифли батнаш писарча буда, аз ин хеле хурсанд аст. Дилноза Каримова низ чун аксар санъаткорони тоҷик аз сиру асрори оила ва ҳаёти пасипардагии худ ҳарф задан намехоҳад ва ин қисмати зиндагиашро махфӣ нигоҳ медорад. Бо такя ба чандин манбаъ гуфта метавонем, ки фарзанди навбатии овозхон аз издивоҷи дувумаш аст. Овозхон аз издивоҷи нахустини худ соҳиби ду писар буд, ки фарзанди калониаш Диёрбек санаи 31-уми декабри соли 2017 бар асари бемории саратон дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Деҳлии Ҳиндустон аз олам чашм пӯшида буд. Диёрбеки 5-сола санаи 3-юми январи соли 2018 дар зодгоҳаш ба хок супорида, имсол аз марги ӯ ду сол пур шуд.


Оиша ҳамагӣ 28-сол дорад, вале он қадар дар зиндагӣ ҷабру ҷафо кашидаву ғаму ғусса дидааст, ки ҷонаш ба лабаш расидааст.


Пас аз як ҳафтаи марги Диёрбек Матлуба Розиқова, модари 61-солаи Дилноза Каримова низ вафот кард. Овозхон тавонист, ки мардонавор аз имтиҳонҳои сангини тақдир бигзарад ва ба хотири ояндаи дурахшон ба касбу кори худ идома бидиҳад. Баъди аз даст додани фарзанд ва модараш ӯ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе барномаи консертии зиндаи худро барпо намуд ва ба ҳамагон аз иродаи мустаҳкаму санъатдӯстии худ дарак дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД