Ин навбат мавриди гуфтугӯи мо хешони шавҳаранд, вақте ки ту хонадор мешавӣ, хешони нав пайдо мекунӣ, ки эшон муносибати дигарро металабанд.
Бо хешони шавҳар меҳрубон бош, зеро агар бадат ҳам гӯянд, дигар тақдири ту дар дасти онҳост.
Танҳо муносибати хуб, чеҳраи кушода ва суханони самимии орӣ аз тамаллуқи зиёдатӣ метавонад туро назди онҳо соҳиби обрӯ кунад.
Онҳоро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифта, наздашон дастархон кушою банди абрӯвонатро кушо, новобаста аз чӣ гунагии фазои хонаводаат.
Наздашон беҳтарин хӯроку шираворро гузошта, ҳамроҳашон нишаста, сӯҳбат кун, агар ҳама корат монда бошад.
Агар шахсони калонсоли хонавода ҳузур дошта бошанд, нишастани ту шарт нест, кофист, ки гоҳ-гоҳе ба дастархонашон нигоҳ кунӣ.
Ҳеҷ гоҳ бо онҳо дар бораи оилаат сӯҳбат накун, мешавад, ки дар назди ту аҳли хонаводаатро ғайбат мекунанд, ҳаргиз ба ин ғайбат ҳамроҳ машав.
Аз ёд набарор, ки шояд гоҳе онҳо туро бад мегӯянд ё меранљонанд, аммо дар лаҳзаҳои сахт аввалин шуда, ҳамонҳо ба имдодат меоянд.
Зиндагӣ маљмӯаи бешу камист, шояд замони омадани онҳо ту чизи хубе барои ба дастархон гузоштан надорӣ, аммо боке не. Дар урфият мегӯянд, ки ё нони гандум ё забони мардум…
Дилёбиву забонёбӣ низ аз зан ҳунар мехоҳад.
Ба хотири дар хиљолат намондан ҳама вақт насибаи меҳмонро људогона гирифта мон, ин корро ҳамеша бибикалонҳои мо мекарданд, ту ҳам инро идома деҳ.
Ҳаргиз дар назди меҳмонон ба фарзандонат ҳарфи бад магӯ, онҳоро сарзаниш накун. «Назди меҳмон пишакатро пишт нагӯй» ҳамин маъноро дорад.
Агар ҳамин ва боз баъзе дигар қонунҳои нонавишатро риоя кардӣ, Худо хоҳад, оҳиста-оҳиста дар байни хешони шавҳарат одами худӣ шуда мемонӣ.