1xbet
ДАЮС (ҚИСМИ 3)
758

Пешниҳоди шавҳари даюс

Ман низ хурсанд будам, ки шавҳарам тағир ёфтааст, вале…

Як рӯз Ёсир занг зада хоҳиш кард, ки ош пазаму барои шаш нафар дастархон ороям, дӯстони туркаш меоянд. Бо хурсандӣ аз пайи иҷрои хоҳиши шавҳарам шуда бозорӣ кардаму хони шоҳона оростам. Ҳавсала карда аввал оши бурида, баъд палав пухтам, дар соати ваъдагӣ чор турк ва шавҳарам вориди хона шуданд. Ёсир маст шуда ҳарзагӯи мекард, маро маҷбур хамроҳи мардҳо шинонд ва аз байни онҳо нафаре ба ман нигоҳҳои ҳаром меафканд. Се нафар меҳмон ҳамроҳи Ёсир ба айвон барои кашидани сигор баромаданду ҳамон ҳаромхиштак аз пушти ман ба ошхона даромада бо забони русӣ изҳори ишқ мекард.

Ҳарчанд мегуфтам, ки ман зани поку ҳалоли дӯстат ҳастам ин корат хуб нест, вале ӯ ҳатто маро оғӯш кашида бӯсиданӣ ҳам шуд. Аз шилқинии ӯ асабам вайрон шуду бо овози баланд ҳақораташ дода аз хона берунаш кардам, чор нафари дигар ин тавр ранг гирифтани ҳодисаро дида узр пурсида аз дар берун шуданду Ёсир баъди гусели онҳо маро сахт ҷанг кард, ки одамони муҳимро хафа кардам.

Ҳарчанд мегуфтам, ки он ҳармохиштак ба ман гап партофт, вале ӯ ту хуб «подход» накардӣ гӯён сергапӣ мекард, он шаб бо дили сиёҳ хоб кардем…

Субҳ Ёсир саросема аз хона бадар шуда рафту ман бо хотири ҷамъ хонаю дарро тоза карда нисфирӯзӣ сарамро шӯста хостам каме дам гирам, ки ӯ занг зада гуфт тайёр шавам меҳмонӣ меравем. “Либосҳои зебоятро пӯш ба тарабхона меравем, дӯстам мехоҳад барои кори кардааш аз ту узр пурсад” – гуфт Ёсир.

Ҳарчанд намехостам дигар рӯи он турки ғарро бинам, аммо маҷбур либсоҳоямро пӯшидаму поён фаромадам. Ёсир маро дар мошин то назди як меҳмонхона бурда гуфт:

- Ҳозир ман туро назди Усмон мебарам ва аз вай узр мепарсӣ!

- О-ту гуфтӣ, ки вай аз ман узр мепурсад-ку, - гуфтам бо қаҳр.

- Ту кишлак кистӣ, ки раиси як ширкати бонуфузи туркӣ, яке аз милионерҳои турк аз ту узр пурсад?! - фарёд зад шавҳарам, аз ин таклифи нангини Ёсир хун ба сарам заду аз ӯ балантар фарёд задам:

- Ҳой беномус! Агар ҳозир маро гардонда хона набарӣ худамро ба зери ягон мошин партофта нобуд мекунам ё туро бо ҳамон турки худозада ба пулис месупорам!!!

Ёсир, хомӯш мошинро гардонд ва мо то хона дигар гапе назадем, ӯ маро дар истгоҳи назди хона фароварда худаш рафт…

Бегоҳ Ёсир дер ба хона баргашт, ман ба пешвозаш набаромадам. Ӯ худаш аз яхдон қутии ҷурғотро гирифта ба пиёлае рехта нушиду назди ман бо зону нишаст ва гуфт:

- Гӯш кун, агар ту Усмонро розӣ кунӣ, ӯ бо ман шартномае мебандад, ки… мо соҳиби сармояе мешавем, ки ту... ҳатто падарам дар шаби хобаш надидааст…

Аз дидани чашмони сарди Ёсир хун дар баданам ях баст, базур манаҳи шахшудааамро кушода пурсидам, ки чӣ гуна ризояш кунам?

- Як-ду соат ба меҳмонхона наздаш меравӣ тамом!

Ман ба рӯи шавҳарам туф карда бо тамоми қувва ба куҷоеаш, ки рост меомад мезадам. Ӯ маро ба зур ором кард, вале боз давом дод, “охир ягон ҷоят кам намешавад-кӯ?!”

Аз ин даюсии шавҳарам хориям омаду барои қадри пасти худ дар назди ӯ гириста-гириста гуфтам:

- Ҳой Худозадаи беимон ман дар батнам аз ту фарзанд дорам, ақаллан рӯи хотири ӯро намекунӣ?!

- Кӯдак аллаккай маълум аст, ки аз ман аст, - бепарво давом дод Ёсир.

- Хез даъф шав падарлаънат, - худамро гум карда фарёд задам ман, - рав худат бо туркат ҳамхоба шав, фаҳмидӣ!!!

Ёсирро телезанон аз хона бадар кардаму дигар дарашро накушодам, рӯзи дигар чипта харида ба Тоҷикистон парвоз кардам.

Сабаби омаданамро ба хусуру хушдоманам нагуфтам, Ёсир баъди ду моҳ омад, вале ман дубора ба Маскав бар нагаштам…

Ҳоло ҳамроҳи хусуру хушдоманам писарамро тарбия мекунам ва мехоҳам, ки ӯ ҷавонмарди банангу ори тоҷик ба воя расад...

ШОДИЯ,

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД