Рӯзи 7-уми март паҳлавони гаронвазни тоҷик Давлат Болтаев дар пойтахти Русия - шаҳри Маскав бо намояндаи Русия Рамазон Карнукаев рақобат хоҳад кард. Дар ин бора ташкилкунандагони чорабинӣ хабар додаанд.
Боксёри тоҷик Давлат Болтаев мавқеи худро дар дунёи варзиш торафт устувортар гардонида истодааст. Болтаев дар 4 муҳорибаи тан ба тани гузаронидааш ғалаба ба даст оварда, ягон маротиба шикаст нахӯрдааст.
Соли гузашта ин паҳлавони тоҷик дар Олимпиадаи Париж дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон хуб баромад намуда, медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Қаблан, соли 2022 Болтаев сазовори унвони “Чемпиони Осиё оид ба бокс дар байни ҷавонон” гашта, соли 2023 ба даври чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс баромад ва тирамоҳи ҳамон сол дар “Бозиҳои Осиё” дар кишвари Чин соҳиби медали тило гардид.