Хабари бад бод барин парвоз карда, дар як дам нисфи ҷаҳонро фаро мегирад, гуфтагӣ барин, овозаи аз ҷониби модараш ваҳшиёна ба қатл расонида шудани Мадинаи 6-сола дар маҳаллаи "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе дар як дам барқсон паҳн гардида, ҳама сокинони пойтахтро лолу ҳайрон кард. «Наход ин ҳангома ҳақиқат дошта бошад? Магар дили модар мешавад, ки сари фарзанд, пораи ҷонашро зинда ба зинда аз тан ҷудо кунанд? Чаро модар даст ба чунин амали ваҳшиёна задааст?» мепурсиданд, сокинони дигар маҳаллаҳои шаҳр аз ҳамдигар ва гиребони тавба медоштанд.
Аз овоза то ҳақиқат
Ҳамон рӯз ба ман духтарам занг зада гуфт, ки дар назди бинои истиқоматиамон сари кӯдакеро аз танаш ҷудо кардаанд. Ман 25 сол боз дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекунам, вале то ҳол ягон бор чунин хабари даҳшатнокро нашунида будам, аз ин рӯ боварам наомад, вале…
Дар умрам чунин ваҳшониятро надида будам. Худоё, то ҳанӯз ҷойи ҳодиса пур аз хуни ҳамон духтарчаи бегуноҳ аст! Хулоса, рӯз то бегоҳ маҳалла пур аз милиса буд. Аз модари қотил баёнот гирифтанд. Вай баъди куштани фарзандаш кордро ба боѓчаи ҳамсоя партофта будааст, саги бӯйгири милисаҳо онро пайдо кард. Чизе, ки ман он рӯз дидам, илоҳо дигар чашми ягон инсон набинад! Дар гӯшаи хаёлам намеѓунҷад, ки модари тоҷик метавонад ба чунин амали ваҳшиёна даст занад,-мегӯяд Меҳрӣ ном зане, ки яке аз истиқоматкунандагони ин маҳалла аст.
Даҳшат
Ҷасади сар аз тан ҷудои Мадинаро, ки тарбиятгирандаи хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе буд, нисфирӯзии 30-юми июн роҳгузарон аз роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина пайдо карданд. Ҳамагӣ баъд аз 20-дақиқаи содир шудани ин ҷиноят, аз ҷониби кормандони ШВКД-2-и ноҳияи Сино ҳамчун гумонбар модари марҳум, Зиёдагул Шариповаи 29-сола боздошт шуд. Зан дарҳол ба гуноҳаш иқрор шуда, ҳангоми пурсиш дар ҷойи ҳодиса гуфтааст, ки барои халос шудан аз таънаи мардум, даст ба чунин амали ваҳшиёна задааст.
Қотил кист?
Зиёдагул аслан зодаи ноҳияи Ҳисор, шаҳраки Шарора буда, муваққатан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард. Мувофиқи маълумотҳо Зиёдагул ду бор ба шавҳар баромада бошад ҳам, бахт ба рӯяш нахандидааст. Шарипова танҳо зиндагӣ мекардааст ва рӯзи 30-юми июн, тахминан соатҳои 10 ба 11 фарзанди ноболиғаш Мадинаи шашсоларо аз хонаи кӯдакони №2 гирифта меравад. Он вақт ба гӯшаи хаёли кормандони хонаи кӯдакон намеомад, ки ин модари гургсират қасди куштани фарзандашро дорад, вагарна ҳеҷ гоҳ намегузоштанд, ки Мадинаи ғӯррамарг аз кӯдакистон берун шавад.
Шодии пеш аз марг
Мадина аз 3 солагӣ дар Хонаи кӯдакон тарбият мегирифт ва имсол мебоист ба мактаб мерафт. Ба гуфтаи масъулони Хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе, модари Мадина зарфшӯ будааст ва ҳангоми гирифтани духтараш аз ин муассиса гуфтааст, ки ҳоло зиндагии осудае дорад ва аз ҳамин хотир мехоҳад фарзандашро ба тарбияи худ бигирад.
Мукаррам Мирзоева, корманди хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе, ки муддати як моҳ Мадинаро дар баробари дигар кӯдакони ин муассиса нигаҳбонӣ кардааст, мегӯяд, ки соати 10-и ҳамон рӯзи шум, яъне 30-юми июн модари Мадина ба кӯдакистон омада, иддао намуд, ки духтарашро бо худ мебарад. «Ман ба ӯ гуфтам, ки аввал аз маъмурият иҷозат гирад. Рафта ариза навишт, ки кӯдакро солим аз хонаи кӯдакон қабул кардааст ва духтарчаашро бо худ мебарад. Аризаашро ба ман нишон дод, пас аз ин ман бо дили пур кӯдакро ба ӯ додам. Ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки ин зан ягон қасди бад дорад, чунки вай пештар ҳам мудом аз ҳоли духтараш хабар гирифта меистод. Одами хуб менамуд, то ҳол дар тасаввурам намеғунҷад, ки ӯ даст ба чунин кирдори ваҳшиёна задааст. Мадина беҳад хушҳол буд. Хандида аз ҳама кӯдакон шодиёна гирифт, ки модараш ӯро бо худ мебарад» нақл кардааст, Мукаррам Мирзоева.
Хабари куштори даҳшатноки тарбиятгирандаашро мураббия чанд соат пас, аниқтараш нисфирӯзӣ шунида ба даҳшат афтид.
-Дар хонаам будам, ки аз кӯдакистон занг зада хабари сари Мадинаро аз тан ҷудо кардани модарашро расониданд. Ҳуш аз сарам парид. Дарҳол ба ҷойи кор давидам. Худоё, то ҳол ба худ омада наметавонам,-мегӯяд Мукаррам Мирзоева.
Нияти сиёҳи қотил
Зиёдагул аз оғоз қасди куштани фарзандашро дошт ва барои ин пешакӣ тайёрӣ дида буд. Тавре ки Бахтиёр Хоркашев, муовини сардори шуъбаи тафтишотии ШВКД-2-и ноҳияи Синои пойтахт иттилоъ додааст, Зиёдагул духтарашро аз хонаи кӯдакон гирифта, ба маҳаллаи Гипрозем меравад ва аз он ҷо барои куштор корди хоҷагӣ харида, сипас, ба назди роҳрави бинои рақами 11-и кӯчаи Федина бармегардад. Дар ҳамин ҷо модари бераҳм сари духтарашро ваҳшиёна аз танаш ҷудо мекунад.
Аз рӯйи нақли ин зани шайтонсират, ки ба модар гуфтанаш забони кас намегардад, пас аз сари духтарчаашро аз тан ҷудо кардан вай ба хонаи кӯдакон баргашта, ба пасобон гуфтааст: «Духтарамро куштам, ҷасадашро гӯр кун, ман пулатро медиҳам!»
Пас аз ин қотил ба масҷид рафта, мегӯяд, ки касе духтарамро куштааст, ӯро ба хок супоред, вале куратаи хунолудашро дида, ба гапаш шак меоранд.
Дар ҳамин вақт модари фарзандкушт аз ҷониби кормандони милиса дастгир шуд…
Ваҳшитар аз бабр
Зиёдагул дар баёноташ гуфтааст, ки маҳз ба хотири куштан духтарашро аз хонаи кӯдакон гирифт, зеро хешу табораш мудом ӯро таъна мекардаанд, ки фарзанди «ҳаромӣ» ба дунё овардааст. Ба таври худаш вай бо ин роҳ духтарашро аз таънаи мардум халос кардааст.
-Мадина калон мешуд, ҳатман ягон рӯз мепурсид, ки падараш кист ва дар куҷост. Он вақт ман ба вай чӣ мегуфтам?!-Ҳангоми тафсилоти кушторро нақл кардан, гуфтааст, модари қотил ба ҳомиёни қонун.
Вақти баёнот додан Зиёдагул ором ба назар мерасид ва чунон бепарвоёна гап мезад, ки гӯё гап дар бораи куштори инсон ва чӣ тавр сари фарзандшро аз танаш ҷудо кардани модар нею дар бораи куштани пашша ё ягон ҳашароти дигар мерафта бошад. Хайрият, ки ҳашароту чаррандаю даррадаҳо ақлу ҳушу забон надоранд, вагарна нақли хунсардонаи Зиёдагулро шунида, яқин девона мешуданд, чунки ягон ҳайвон, ҳатто гургу бабру шеру паланг ҳеҷ гоҳ қасди ҷони фарзанди худашро намекунад!
Ҷиноят ва ҷазо
Айни замон тафтиши қатли ваҳшиёнаи духтарчаи 6-сола Мадина Шарипова аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома дорад ва тибқи қонун модари қотил Зиёдагул Шариповаро аз 15 то 20 соли маҳбас интизор аст. Бархе аз шаҳрвандони баѓазабомада талаб намудаанд, ки ба модари фарзандкуш ҳукми қатл дода шавад. Зиёдагул Шарипова албатта, барои кирдори ваҳшиёнааш ҷазои сазовор мегирад, вале чӣ гуна ҷавзо, инро танҳо қонун муайян мекунад…
Иззатбек Идиев «Тоҷикистон»
Фирӯза Сатторӣ
Ҳафтаномаи «Оила», соли 2014
Р/С аз муҳаррир
Қариб 12 сол инҷониб сармуҳарирри ҳафтанома ҳастам ва дар ин муддат ҷиноятҳои вазнинро аз қабили куштор ва дигар амалҳои ваҳшиёна хеле зиёд во хӯрдаам, вале ягон ҳодиса маро ба андозаи қатли даҳшатангези Мадина аз ҷониби модараш ба таҳлука наоварда буд. Аз ин ҳодисаи хунин беш аз як ҳафта гузашта бошад ҳам, то ҳол ба худ наомадаам, зеро ҳанӯз ақлам ба ин ҳақиқати талх бовар карда наметавонад. Маводи куштори ваҳшиёнаи Мадинаро таҳрир карда истода, беихтиёр симои духтарчаи дусолаи худам, ки ҳама буду набуд, маънии зиндагии ман гаштааст ва Худо накарда, хораке ба пояш халад, ҷонам ба дард меояду тайёрам барояш ҷонамро фидо созам, пеши назарам ҷилвагар мешавад ва меандешам: модар барои муҳофизати фарзандаш тайёр аст, ки ҳатто бо аҷал даст ба гиребон шавад ва зарур ояд, ҷонашро нисор месозад, то ҷони ҷигарбандаш аз хатару дарду аҷал раҳоӣ ёбад, пас чӣ гуна ин зан, ки модар ном дорад, тавонистааст теғ ба гулӯи пораи ҷонаш ниҳад?! Вақте модари ваҳшӣ теғ ба гулӯи Мадинаи шашсола ниҳод, кӯдаки бадбахт чӣ гуна нола кард ва аз кӣ мадад ҷӯст? Магар Мадина очаҷон гуфта, ҷони ширинашро зери панҷаи хунталаби модари гургсураташ ба ҷонофарин супурд?! Зиёдагул, пас аз куштор бо дидани сари аз тан ҷудои фарзандаш чӣ ҳиссиёт дошт? Чаро аз дидани ин манзараи хунин девона нашуд? Пас аз чунин кирдори ваҳшиёна магар вай ҳуқуқи маънавии зистанро дорад?! Новобаста ба он, ки қонун ба ӯ чӣ ҷазо медиҳад, магар рӯҳи Мадинаи шаҳид мегузорад, ки модари қотилаш осуда бихобад?! Саволҳои беҷавоби зиёде маро ором намегузоранд, вале аз ҳама тааҷубовараш он аст, ки чаро Зиёдагул қатли ваҳшиёнаи фарзандашро аз минбаъд ҳам, дар хонаи кӯдакон гузоштани Мадина авло донистааст. Метавонист расман аз баҳри Мадина гузашта, кӯдакро пурра дар ихтиёри давлат супорад ва аз таънаи хешу табораш, ки ба гуфти худаш «ҳаромӣ зоидӣ» гуфта, мудом маломаташ менамуданд, халос шавад-ку! Он гоҳ шояд Мадинаро ба ягон оилаи бефарзандӣ ба нохуни кӯдак зор медоданд ва падархонду модархондаш духтарчаро мисли гавҳараки чашмашон эҳтиёт карда, ба воя мерасониданд.
Чизи аз ҳама муҳим: Магар Мадина гунаҳкор аст, ки «ҳаромӣ» ба дунё омадааст?! Чаро вақти бе никоҳ ба оғӯши ким-кадом марди мисли худаш ҳаромхиштак даромадан, Зиёдагул ба ёд наовард, ки ин амалаш кори ҳаром ва гуноҳи азим асту акнун аламашро аз тифлаки бегуноҳ гирифт?! Магар пас аз куштори фарзанди «ҳаромӣ»-и шашсолааш Зиёдагулро мардум ҳамчун зани покдоман эҳтиром мекунанд?!
Боварӣ дорам, ки агар Зиёдагули фарзандкушро ба ихтиёри дигар модарон мегузоштанд, худи занҳо барои чунин кирдори ваҳшиёнааш пӯсти ин қотилро зинда ба зинда аз танаш ҷудо мекарданд, вале мо дар кишвари ҳуқукбунёд зиндагӣ мекунем ва ҷазои ҳар гунаҳкор дар доираи қонун муайян карда мешавад.
Хонандагони азиз! Дуо кунед, ки Худованд дигар ҳеҷ гоҳ дар сарзамини мо ягон дона тухми Зиёдагул барин модарони ваҳширо накорад, зеро ин тоифа бо амалҳои разилонаашон миллатро бадном мекунанд.