Торафт суст шудани тарбияи ахлоқӣ боиси аз байн рафтани ҳурмату эҳтиром ва меҳру муҳаббат гашта истодааст. Ҳафтае нест, ки хабари сар задани баҳсу мунозира, ҷангу ҷанҷол ва ҳатто куштори ваҳшиёнаи оилавӣ дар ин ё он минтақаи кишварамон ба гӯш нарасад.
Писар ба сари падар корд мекашад, духтар бо модар моҷаро мекунад, шавҳар занро корд мезанад, янга қасди ҷони хоҳаршӯй мекунад, хушдоман бо келин муросо намекунаду домод ба ақрабои арӯс душманӣ меварзад... Ба қавли Хоҷа Ҳофиз:
Ин чи шӯрест, ки дар даври қамар мбинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Ҳеҷ раҳме на бародар ба бародар дорад,
Ҳеҷ шафқат на падарро ба писар мебинам.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сар задани боз як ҷинояти хусусияти оилавӣ дошта хабар дод. Ба иттилои ин манбаи мӯътамад, як ҷавони 27-солаи сокини Вилояти Суғд бародари 23-солаи ҳамсарашро корд задааст.
Дар хабар омадааст, ки ин ҷавони 27-сола аз рӯйи хусумату бадбинӣ бо бародари 23-солаи ҳамсараш, ки сокини маҳаллаи Бедаки ҷамоати деҳоти Д. Холматови ноҳияи Б. Ғаффуров мебошад, моҷаро намуда, дар рафти ин ҷанҷол додарарӯсашро корд задааст. Сабаби сар задани моҷарои хунин байни язна ва додарарӯс маълум нест, вале манбаъ мегӯяд ҷабрдида бо ҷароҳати хуншор ба бемористон интиқол дода шуда, нисбати гумонбар бо моддаи 120-и кодекси ҷиноӣ барои таҳдид ба куштор ва расонидани зарари ҷисмонӣ парванда оғоз ёфтааст.