То як солагии кӯдак давраи ниҳоят муҳим ва хос аст. Дар ин муддат ӯ дандонҳои ширхораашро мебарорад ва дар базе аз кӯдакон он ниҳоят вазнин мегузарад.
Алабатта дар баъзан ҳолат дандони кӯдак дер мебарояд ва бароишаш то якуним дусолагии ӯ тӯл мекашад. Аммо қисмати муҳим ва вазнинаш ин дандонҳои аввал аст.
Мувофиқи омор 70%-и кӯдакон ҳангоми дандонбарорӣ ба бемориҳои гуногун ба монанди табби баланд, дарунравӣ, бемадорӣ ва дигар ҳолатҳо гирифтор мешаванд, ки ҳам ба кӯдак ва модару падараш давраи душвор аст.
Нишонаҳои дандонбарории кӯдак:
-Инҷиқӣ
-рафтани оби даҳон
-ҳарчиро газидан ва ё хоҳиши чизеро канда гирифтани тифл
-камшавии иштиҳо
-хоби нороҳат
-табби баланд
-тез-тез кардани ахлот
-зуком
Ҳамаи нишонаи баровардани дандон аст, ҳарчанд дандон намудор нашуда бошад, аммо милкҳои дандони кӯдак барои баровардани дандон тайёр шудааст. Аз ҳама бемории вазнине, ки ҳаногоми дандонбарорӣ кӯдакон аз сар мегузаронанд ин дарунравӣ аст, ки дар баъзан ҳолат ниҳоят шадид мегузарад. Ин якчанд сабаб дорад.
Авалан аз дарди милкҳои дандон кӯдак дуруст истироҳат намекунанд, яъне хоби ором надорад. Ҳангоми дуруст хоб накардани кӯдак организм заиф ва иунитеташ паст мешавад. Бар замми ин дандонҳояш мехорад ва ҳамаи чизро ба даҳон мекунад ва ё мегазад. Ин боиси фуру бурдани бактерияҳову микробҳо мегардад. Инчунин дар вақти дандонбарорӣ иштиҳои кӯдак тамоман кам мешавад ва ё баръак ҳисси гушнагӣ уро тарк намекунад. Ин ҳам сабаби нодуруст коркардани рудаву меъдаи кӯдак мегардад, ки баҳонаи шикамравӣ буда метавонад. Инчунин истифодаи доруҳо низ сабаби пайдоиши дарунравӣ мешавад.
Дар ҳолати дарунравӣ ки ниҳоят ташвишовар аст, аммо чораҳои пешгирикунанда аст. Аввалан кӯдак ширимак бошад, бештар ширмаконӣ кардан лозим ба хотири он, ки ҳам дардро кам мекунад ва ҳам имунитеташро боқувват мекунад. Агар ғизоҳои иловагӣ истеъмол мекарда бошад онро кам кам вале зуд-зуд хурондан лозим.
Оби нушокияшро ҳатман аз редигрон ташкил кардан лозим. Бояд зикр намуд, ки нушидани обро зиёд кардан лозим аст. Дарунравӣ миқдори обро дар бадани кӯдак кам мекунад ва ба ин беаҳмиятӣ кардан мумкин нест. Ҳангоми чунин аломатҳоро дар кӯдак дидан ба духтури кӯдакон муроҷиат карда тавсияҳои ӯро хуб иҷро намудан лозим. Ин давра хатарнок ва ниҳоят нозук аст.