Насим Раҷаб, адиби бачагон ва рӯзноманигори маъруф аз олам даргузашт. Дар ин бора Толиби Луқмон, рӯзноманигор ва узви ИНТ иттилоъ дод.
Асарҳои марғуби ин адиб беш аз ним аср аст, ки адабиёти бачагонаи тоҷикро ғанӣ сохта, хонандагони сершумор доранд.
Насим Раҷаб зодаи Самарқанд аст. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо ҳамсараш Сафияи Носир озими Душанбе шуда, дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳозира «Анбоз») ба кор пардохт ва 55 сол дар ҳамин даргоҳ содиқона хизмат кард.
Нахустин қиссаи ӯ — «Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд» (1987) аз ҳаёту маънавиёти наврасон ҳикоя мекунад. Силсилаи қиссаҳояш — «Ҷонам фидои яхмос», «Фара, Фира, Зара», «Муаттар», «Муаллими кӯча», «Ошиқи ситорачашм», «Асрори боғи бобом», «Хонае, ки сӯяш мешитобам», «Муждае, ки интизораш набуд», «Ишқи духтари яҳудӣ» ва монанди инҳоро бачагону наврасони кишвар хуш пазируфтаанд.