Лола субҳи солеҳон барои говҷӯшӣ ба оғил рафт. Ногаҳон вақти говҷӯшӣ гов ӯро як шатта заду сатили шир чаппа шуд. Лола миёнашро дошта, сатили холӣ дар даст ба хона омад.
Ин лаҳза хушдоманаш аз хоб бедор шуда, сатили бе ширро дида, бе пурсупос дод зад:
- Ҳа, келини сархӯр, канӣ шир?
- Холаҷон, гов ин саҳар аз чӣ бошад, ки бесаранҷом буду маро як шатта зад. Сатили шир чаппа шуд. Миёнам сахт лат хӯрд.
- Э аз сарат монад ҳамин шир! Ба умед будам, ки ширбиринҷ мехӯрам. Ҳе мурӣ ту келин нашуда! Бачаи хушрӯям аз куҷо туйи нокораро ёфта гирифт, ман ҳайронам. Ҳамин духтари хоҳарам чаққону паррон, мемурд ҳамона мегирифт…
Акнун ғур-ғури хушдоман сар шуд. Лола миёнашро дошта, барои чойдамкунӣ ба ошхона рафт. Ашк шашқатор аз дидагони зебояш ҷорӣ мешуд. Охир, духтари нозпарварди оила ишқ гуфта, ба як оилаи серҷанҷол дучор шуд.
Лола чойро дам карда, аз пайи атолапазӣ шуду зери лаб худ ба худ гуфт: «Оҳ, падарҷони раҳматиам. Боре барои туву очаҷонам атола напухтаам. Боре чой дам накардаам. Як духтар гуфта, чунон бо ноз парваридед, ки ана оқибати духтари нозпарварду эрка».
Дастархон партофта, хушдоманашро сари кати ҳавлӣ фарёд кард. Хоҳаршӯяш, ки ба наздикӣ аз шавҳар ҷудо шуда омада буд, ин дам хоболуд аз дари хонааш баромада, фармон дод, ки «янга, оби гарм дар ташноб ҳаст-мӣ!?”.
- Бале, тайёр аст.
- Чӣ пухтӣ, янга?
- Атола.
- Ман шаб ширибиринҷ фармоиш дода будам ку!
- Охир, гов як силтав доду маро зад. Сатили шир чаппа шуд.
- Э мур, ту барин келин!
Ҳар субҳ Лола фақат заҳри забон мечашид. Аммо лаб газида, ба худ мегуфт: «Сабр, Худоё, сабрам деҳ”.
Лола - духтари ягонаи хонадон дар вақти донишҷӯйӣ бо ҷавони нохондаи деҳотӣ тасодуфан дар толори синамо шинос шуду ҳамин тавр шефтаи ин ҷавони қадбаланди чашмкабуди абрӯпайваст шуд. Дигар ягон ҷавони хоксори маълумоти олидор ба чашмаш наменамуд. Ҳушу хаёлаш ба ин ҷавони зебо банд буд.
Падару модари Лола 15 сол интизори фарзанд буданд. Баъди 15 сол Худованд Лоларо ба онҳо дод. Барои ҳамин намегузоштанд, ки ӯ даст ба коре занад. Гули чизро мехӯрду гули чизро мепӯшид.
Вақти дар курси охирин хондан Лола ба падар гуфт, ки шаҳзодаи орзуҳои қалбашро ёфтааст. Падар дарав савол дод, ки «духтарам, авлодаш кисту бачаи хондагӣ аст ё не?».
- Падар, рости гап, ҷое нахондааст. Оилаашон камбағал, барои ҳамин баъди синфи 10 ба муҳоҷират рафтаву омада ба хонаашон кумак мекунад. Аммо ман ваъда медиҳам, ки ӯро мехононам. Падарҷон, агар модараш ба хостгорӣ биёяд, не нагӯед.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН