Салом! Ман, як ҷавони дар чорсӯйи зиндагӣ дармондаи тоҷик аз мулки ғарибӣ мехоҳам сарнавиштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.
Шавҳарам Юсуф ба нею нестонам нигоҳ накарда маро наздаш ба Русия даъват намуд.
Фарзандонамро бо хушдоманам монда ба Россия омадам. Дар иљорахонаи шавҳарам корам рӯз то бегоҳ шустушӯй ва хӯрокпазӣ аст, вале ҳеҷ дили мардакамро ёфта наметавонам. Рӯзе банди кор будам, ки шавҳарам хаста аз дар даромад.
Пурсидам, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. Дод зада гуфт, ки аз бозе ту омадӣ, баракати кор ва пулам паридааст. Пештар кордам болои равған буд, вале ту бо пою қадами номуборакат баракати кисаамро паррондӣ. Гиря карда гуфтам, ки маро ту ба ин љо даъват кардӣ, бо хости дили худам наздат наомадам-ку!
Хуллас, аз ҳамон рӯз инљониб рӯзам сиёҳ аст. Шавҳарам ҳар бегоҳ масту махмур ба хона омада маро мезад. Ҷонам ба лабам расида, хоҳиш кардам, ки маро ба Тољикистон гусел кунад. Шавҳари бадзабонам исён бардошта гуфт: «Кавалерота ёд кардӣ ё занг зада, зудтар баргард, ки оғӯшатро ёд кардем гуфтанд?!»
Се рӯз аз зарби мушту лагади шавҳар маъюбу маслуқ хоб кардам. Хушдоманам занг зад, гирёну нолон буду шуди гапро гуфтам. «Аз дасти писарат рӯзам сиёҳ аст, дигар дар ин љо зистан намехоҳам хола» гӯён, фиғон кашидам.
Аз дасти кампири бечора ҷуз тасаллӣ додан дигар чи ҳам меомад, насиҳатам кард, ки сабр кунам, меваи сабр ширин аст. Хеле сабр кардам, вале меваи ширини сабрро начашидам. Шавҳари бадмастам маро дар як фабрикаи ќаннодӣ ба кор монда, нони мехӯрдаамро дар танам заҳр карда истодааст. Ҳар бегоҳ «чанд сум кор кардӣ? Кӣ дар роҳ гап партофт? Чанд мошин дар пешат истод?» гуфта ҷонамро ба лабам мерасонад. Намедонам рӯзамон то кай мисли сагу пишак мегузашта бошад! Илтимос ба ман маслиҳат дихед, чи кор кунам?
Зайнура аз Маскав