Formula novemver 2024
Дар ҷустуҷӯи шавҳар (ҚИСМИ 2)
1482

Фарзона ҳаргиз бовар намекард, ки шавҳараш хиёнаткор бошад. Зеро, сахт бовар дошт, ки шавҳараш ӯро самимӣ дӯст медорад. Ҳеҷ гоҳ ба гӯшаи хаёлаш намеовард, ки Хуршед ба ӯ хиёнат карда бошад.

Зани соҳиби хона аслан аз Украина буду дар рафтору кирдор хеле ҷавонзани зебову нозанину нек буд. Ӯ бо Фарзона зуд унс гирифта, дугонаи ҷонӣ гардид.

Рӯзе дар танҳоӣ Фарзона аз Татяна илтимос кард, ки барои дараки шавҳарашро ёфтан кумакаш намояд. Татяна ӯро бо муҳофизи шавҳараш шинос карда, илтимос кард, ки тамоми аксҳои ғуломони шавҳарашро барояш нишон диҳад. Дар ин аксҳо ягон акси шавҳараш набуд. Боз аз Татяна илтимос кард, ки дараки шавҳари гумкардаашро ёбад. Татяна гуфт:

- Медонӣ, ин ҷо пеш ба ин хона омадани ман шавҳарам зани ҷавону зебое дошту як нафар ғуломи тоҷик ошиқи шайдо шуда, ӯро дуздиданӣ мешавад. Аммо шавҳарам аз ин воқеа сари вақт бохабар шуда, ӯро бо ин зани хиёнаткораш ба куҷое бадарға кардагист. Шояд ин марди ғулом шавҳари ту бошад?

- Не, шавҳари ман чунин одам нест.

Фарзона ашкрезон акси дар рӯзи тӯйи арӯсӣ гирифтаашонро ба ӯ нишон дод. Аммо Татяна то ин вақт чунин мардеро дар ин ҳавлӣ надида буд.

- Медонӣ, дугона, ғамгин машав, шояд шавҳарат ба наздикӣ ёфт шавад. Чунки дар Русия чунин мардони дар ҳар тараф саргардон хеле бисёранд. Ин аксро ба ман деҳ, шаб ба шавҳарам нишон диҳам.

Шабона Татяна ба шавҳараш акси онҳоро нишон доду зорӣ кард, ки барои ёфтани шавҳари ин зани тоҷик ёрдам кунад. Ногаҳон гӯё Матвейро қувваи барқ зада бошад, ки дод зада, гуфт:

- Ҳайвон, охир ин ҷавони дар акс буда ҳамон палиди хиёнаткор аст.

- Чӣ?

- Бале, ин ҳамон ғуломи ман аст охир.

- Наход? Охир ин зан чунон шавҳарашро таърифу тавсиф мекунад, ки...

- Ман ҳам дар вақташ Машаро таъриф мекардам, ҳеҷ бовар намекардам, ки ӯ рӯзе бо як ҷавон аз ин ҳавлии бошукуҳ гурехта рафтанӣ мешавад. Ман ӯро чунон сахт дӯст медоштам, ки барои ҳар як суханаш ҳозир будам тамоми дунёро бубахшам. Аммо Маша ин ҳама дӯстдории маро ба як ҷавони бечизу бесоҳиб иваз кард. Ана, ҳоло бо ин палид дар як чоҳи сард ҳардуро занҷирбанд карда, азоб дода истодаам.

- Онҳо зиндаанд?

- Бале, агар онҳоро мекуштам, ин осонтарин ҷазо буд. Барои ҳамин, онҳоро ҷазои сахт дода истодаам. Аз зинда будан мурданро зорӣ мекунанд. Вале, ман онҳоро азобу машаққат медиҳам.

- Охир, ин корат хуб нест. Беҳтараш онҳоро ҷавоб деҳ. Ин мард дар ватанаш зану писар дорад. Ҳоли ҳамсарашро бубин.

- Ман аз рӯзи аввал дарк карда будам, ки ин зан ҳамсари ҳамон марди кӯрнамак мебошад. Инак гувоҳии дилам рост баромад.

- Илтимос Матвей, ӯро ҷавоб деҳ. Ба ин зани саргардон дилам месӯзад.

- Татяна, ман мардам ва як гап дорам. Ман ин ду нафар ошиқони пургуноҳро хуб азоб хоҳам дод.

То субҳ Татяна бо шавҳар суҳбат карда, аз ӯ илтимос мекард, ки шавҳари Фарзонаро ҷавоб диҳад. Субҳ Матвей каме мулоимтар шуда, гуфт, ки «майлаш, ба хотири ту ин палидро ҷавоб медиҳам, аммо Машаро якумра мисли ғулом нигоҳ медорам».

- Чӣ, ҳанӯзам дӯсташ медорӣ?

- Ин саволи ту ҷавоб надорад. Ба ин зан бигӯ, ки баъди нисфирӯзӣ омода шавад, ӯро муҳофизон омада ба фурудгоҳ мебаранд, он ҷо шавҳарашро низ мебарем. Ҳамроҳ зудтар аз ин ҷо парида раванд.

- Аммо илтимос, ба ин зан дар бораи хиёнати шавҳараш чизе нақл накунед.

- Татяна, медонӣ, ту беҳтарин занӣ.

Татяна баъди ба кор рафтани шавҳараш ба Фарзона гуфт, ки тайёр шавад, имрӯз ҳам шавҳарашро мебинаду ҳам бо ӯ ба ватан бармегардад.

- Чӣ хел?

- Ангурро хӯру боғашро напурс. Дар ватанат аз шавҳарат бипурс, ки куҷо буд, мегӯяд.

Фарзона аз хурсандии зиёд Татянаро ба оғӯш кашид. Баъди нисфирӯзӣ ба фурудгоҳ омаду интизор истод. Баъди ним соат муҳофизони Матвей Хуршедро бо мошин оварданд. Аммо Хуршед дар ин муддат тамоман дигар шуда буд. Мӯйҳои сип-сиёҳаш сап-сапед шуда, поини чашмонаш пури ожанг буд. Чашмонаш хаставу абгору гирён метофт. Ӯ баробари Фарзонаро дидан ба гиря даромад, мисли кӯдак.

- Фарзонаҷон, ин тӯйӣ, писарчаамон чӣ хел аст? Туро ёд кардам. Маро бубахш. Ин чӣ хиёнате буд, ки ман содир кардам.

Аммо Фарзонаро ҳамин бас буд, ки шавҳарашро зиндаву саломат дарёфт. Барои ӯ дигар муҳим набуд, ки дар ин панҷ сол шавҳараш чӣ гуноҳе содир кардааст. Барои ӯ муҳим фақат он буд, ки Хуршед зинда асту болои сари писараш такягоҳе дорад.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД