Дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан мусобиқаҳои футболи кӯдакона таҳти унвони “МегаФон Life бо сабки футбол” доир гардиданд.
Мусобиқаҳое, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” якҷоя бо Лигаи футболи кӯдакону наврасон ташкил карда шуданд, тамоми минтақаҳои кишварро фаро гирифта, дар рушди истеъдодҳои ҷавони варзишӣ кумак менамоянд.
Садҳо мактаббачаҳои синну солашон аз 8 то 12-сола, ки муассисаҳои таълимӣ, гурӯҳҳои варзишӣ ва дастаҳои кӯчагиро муаррифӣ мекарданд, ба майдонҳои футболи вилояти Суғд баромаданд. Барои кӯдакон ин имконияти на танҳо нишон додани қобилиятҳои худ ба ҳисоб мерафт: доварии касбӣ, тамошобинони сершумор, дастгирии мухлисон ва иштироки меҳмонони боиззат фазои ҷашни бузурги варзиширо ташкил намуданд. Ҳамаи ин, бешубҳа, як умр дар хотираҳо боқӣ хоҳад монд.