formula feb 2025
Дар соли 2025 аҳволи муҳоҷирон дар Русия сангинтар мешавад
18.01.2025
ОИЛА.ТҶ
801

Қонунҳои муҳоҷират дар Федератсияи Россия торафт сангинтар, берункунӣ зиёдтар мешавад... Чунин сарлавҳаҳо ҳама сомонаву манбаъҳои русиву тоҷикиро пур кардааст. Муҳоҷиронро дар соли 2025 чӣ интизор аст, саволест, ки ҳамаро нигарон кардааст.  

Пас аз ҳодисаи нохуш дар бинои Маркази тиҷоратии калонтарини шаҳри Москва Крокусс-сити, Ҳукумати Федератсияи Россия зиёда аз даҳҳо қонунҳои вазнин дар самти муҳоҷирати меҳнатиро қабул намуд, ки ба охири соли 2024 рост омад. Дар соли нави 2025 низ, ин зуҳурот идома дошта, шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба ин давлат ворид мешаванд, як қатор дигаргуниҳо интизор аст. Мисол, фарзандони муҳоҷирони меҳнатие, ки забони русиро намедонанд, ба мактаб фаро гирифта намешаванд, шахсоне, ки дар ҳудуди ФР ғайриқонунӣ ҳузур доранд, ба ватан бармегардонанд.

Қонунҳои нав 5-уми феврали соли нави 2025 ба амал медароянд.

Муҳлати будубош аз 180 ба 90 рӯз

Аз ҷумлаи дигаргуниҳо дар қонунгузории муҳоҷирати меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ФР мӯҳлати будубош ду баробар кӯтоҳ гардид, ки 90 рӯзро ташкил медиҳад. Хотиррасон мешавем, ки пеш будубош дар қаламрави ин давалат 180 рӯз буд. Ин қонун ба дорандагони патенти меҳнатӣ, ки қонунӣ амал мекунанд, дахл надорад. Вайронкунандагони қонуни будубош ба ватан баргардонида шуда, ба реестри шахсони идоранашаванда ворид карда мешавад. Шаҳрвандони ба реестри мазкур воридшуда, аз бастани ақди никоҳи расмӣ, бақайдгирии соҳибкорӣ ва машғул шудан бо он, хариди моликияти ғайриманқул ва автомашинаҳо, гирифтани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва истифода аз он, кушодани суратҳисоби бонкӣ ва интиқоли маблағ манъ карда мешавад.  

Қонунҳо бар зидди никоҳ ва фарзандхонии қалбакӣ

Аҳди никоҳи қалбакӣ барои гирифтани шаҳрвандӣ пеш аз ин яке аз роххои осони шаҳрванди Россия шудан буду, барои ин танҳо маслиҳати пешакӣ бо додани мукофоти пулӣ ба шаҳрванди Россия роҳи ҳал ба ҳисоб мерафт.  

Ҳоло, барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати будубоши мувакққатӣ (ВНЖ) ин роҳу усул ғайриимкон гардида, акнун барои қонунӣ кардани будубош, шаҳрванди хориҷӣ, яъне муҳоҷирони тоҷик сар карда аз 25-уми январ бояд ҳадди аққал се сол дар ақди никоҳи шаҳрвандӣ бо шаҳрванди Россия зиндагӣ намояд, то соҳиби ин ҳуҷҷат гардад.

Қонуни мазкур бар зидди падарии фиктивӣ равона шудааст. Мутобиқи он, гирифтани иҷозатнома барои будубоши мувакққатӣ ВНЖ пас аз ба фарзандхонӣ қабул кардани кӯдак – шаҳрванди Федератсияи Россия бе бастани ақди никоҳи расмӣ, танҳо пас аз се сол, баъди зиндагии якҷоя ё бурдани хоҷагӣ, яъне таъминоти кӯдак, имконпазир мегардад.

Ҳуқуқҳои нави кормандони полис

Аз 5-уми феврали соли ҷорӣ, корманди полиси Россия метавонад оид ба берун кардан аз қаламрави кишвар қарор қабул намояд. То ин дам ин ҳуқуқро танҳо судяҳо ва кормандони қушунҳои сарҳадӣ доштанд. Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд мӯҳлати 10 рӯз қарори мазкурро агар хато ё барқасд бошад, тариқи суд дида бароянд.  

Талаботи нав барои фарзандони муҳоҷирон

Шаҳрвандони мо, ки дар Федератсияи Россия бо фарзандонашон қарор доранд, ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамроҳи фарзандон рафтаанд, дар назар дошта бошанд, ки сар карда аз 5-ми феврал барои қонунвайронкунии фарзандонашон, тамоми оилаашонро аз давлат берун ё хориҷ карда мешаванд. Фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ, барои ба мактаб қабул шудан, сар карда аз 1-уми апрели соли ҷорӣ аз забони русӣ тест месупорнад. Дар ҳолати супорида натавонистан ба мактаб қабул карда намешаванд. Барои иҷрову амалисозии қарори мазкур Роспотребнадзор ӯҳдадор мебошад. Илова бар ин, волидони кӯдак бояд тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи будубоши қонуниашонро пешниҳод намоянд.

Инчунин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки Президенти Россия Владимир Путин аз 30-уми декабри соли 2014, Фармони №1126 -ро ба имзо расонд, ки баъзеҳо онро дар расонаҳо авф ҳам гуфтанд. Ин то андозае ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон осонӣ дар баробари шадидгардии қонунгузории ФР дар самти муҳоҷират ба бор оварда метавонад.

Дар мухтасари Фармони мазкур чунин омадааст:

Шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Россия қарор доранд, бояд то охири моҳи апрели соли 2025 мақоми худро қонунӣ гардонанд, ё кишварро тарк кунанд. Ба истиснои онҳое, ки барои хидмати ҳарбӣ шартнома бастаанд.

Ҳуҷҷат таъкид мекунад, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқ барои ихтиёран баромадан аз қаламрави Россия ё қонунигардонии ҳуҷҷатҳои будубош дар давраи аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 дода мешавад.

Имконияти мазкур дар Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30.12.2024, таҳти № 1126 “Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба ҳалли вазъи ҳуқуқии категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия дар робита ба истифодаи режими ихроҷ” дарҷ шудааст.

Дар мавриди шаҳрвандони хориҷие, ки барои адои хидмати ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия, ё ташкилоти низомӣ шартнома бастаанд, тибқи фармони Президент, таҳти № 1126 "қарорҳои қаблан қабулшуда дар бораи депортатсия, реадмиссия, мавҷудияти манъи вуруд ба Федератсияи Россия, қарори номатлуб будани будубоши (зист)-и муҳоҷир дар Федератсияи Россия" амалашонро қатъ мекунанд ва нисбаташон иҷро карда намешаванд.  

Муқаррароти Фармон дар қисми марбут ба тарки Россия кардан, тавре ки аз банди 2 -и Фармон бармеояд, ба шаҳрвандони хориҷӣ татбиқ карда нахоҳад шуд, агар онҳо хоҳиши ҳалли вазъи ҳуқуқии худро дар Россия изҳор карда бошанд ва ба шартҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:

а) Агар шаҳрвандони хориҷӣ маълумоти шахсии биометрии худро тибқи қонунгузории Федератсияи Россия пешниҳод карданд, ё аз рӯи маълумоти шахсии биометрӣ муайян карда шуданд;

б) Агар шаҳрвандони хориҷӣ барои мавҷуд будан ё набудани далели истифодаи маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ бе таъиноти духтур ё моддаҳои нави эҳтимолан хатарноки психоактивӣ, бемориҳои сироятӣ, ки барои атрофиён хатар доранд, аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд, ки номгуяшон дар рӯйхати ваколатдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти федералӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Россия тасдиқ шудааст, ва бемориҳое, ки вируси норасоии масъунияти одам (сирояти ВНМО) дар давоми як сол пеш, аз санаи пешниҳоди ариза муоина шуда бошад;

в) Агар чунин шаҳрвандон ҳуҷҷати пешбининамудаи қонуни Федералии аз 25 июли соли 2002, таҳти № 115-ФЗ " Oид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия" - ро пешниҳод карданд, ки донистани забони русӣ, донистани таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россияро дар сатҳи дахлдор тасдиқ мекунад;

г) Агар шаҳрвандони хориҷӣ ихтиёран қарзҳои мавҷударо аз рӯйи пардохтҳои ҳатмӣ, ки бояд тибқи қонунгузории Федератсияи Россия пардохт карда шаванд, пардохт намуданд ва қарздор нестанд;

д) Агар нисбати шаҳрванди хориҷӣ қарори рад кардани додани патент ё бекор кардани он, иҷозатномаи кор, иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ, иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ бо мақсади таҳсил, иҷозатномаи истиқомати доимӣ ё асос барои рад кардани додани раводид ё бекор кардани он асос вуҷуд надошта бошад.

Дар ин ҷо банди “д” ҷолиб аст, ки намегузорад Қарори мазкурро ҳамчун авфи умумӣ арзёбӣ кард, чӣ тавре, ки он дар баъзе расонаҳо баён шудааст.

Ба ҳар ҳол, агар Фармони мазкур дар амал дуруст татбиқ шавад, ин ҳам барои баъзе муҳоҷирон имконияти хуб барои танзими вазъи ҳуқуқиашон хоҳад буд.

Чӣ бояд кард?  

Муҳоҷирон бояд қонунгузории Федератсияи Россияро риоя намуда, барои таъмини ояндаи худ ва фарзандонашон аз ҳар гуна қонунвайронкунӣ худдорӣ кунанд. Инчунин, барои қонунигардонии будубош, онҳо бояд сари вақт амал кунанд, то аз оқибатҳои номатлуб пешгирӣ шавад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба муҳоҷирон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар тамоми қонунҳои навро бодиққат омӯзанд ва барои мувофиқат ба талаботи он омода бошанд.

Хонандагони гиромӣ, дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

• Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

• Ҳавзаи федералии Прив олжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;

• Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

• Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;

• Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Tojinisso Kudratova, [07.01.2025 11:57] Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;

• Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД