Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон рӯзи 26-уми май мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор хоҳад гашт. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар додааст.
Мусобиқаи гӯштин бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва соҳибкорони ватанӣ баргузор гашта, ғолибон бо туҳфаҳои қимматбаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Ҳамасола бо мақсади ташвиқу тарғиби гӯштин дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи ҷумҳурӣ мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гашта, паҳлавонони номдори тоҷик ҳунару маҳорати худро нишон медиҳанд. Ҳадаф аз гузаронидани чунин мусобиқаҳо баланд бардоштани маҳорати касбии паҳлавонону варзишгарони тоҷик ва ҷалби таваҷҷуҳи насли ҷавон ба ин намуди варзиш мебошад.
Мусобиқаи гӯштин бо шукуҳу шаҳомати хоса гузаронида мешавад.