formula
Дар хатогии ҷарроҳ кӣ ҷавобгар аст?
1074


Амакам бемор шуду ӯро ба духтур бурдем. Гуфтанд, ки бояд гурдаашро ҷарроҳӣ кунем. Ҷарроҳӣ карданду аз беморхона ҷавоб доданд, вале рӯз ба рӯз ҳолаташ вазнин шудан гирифт.

Вақте дубора ба назди табибон бурдем, аз мо хоҳиш карданд, ки ба суд муроҷиат накунед, ҳамаашро ҳал мекунем, аммо маблағи зиёд талаб карданд.

Мо ба хотири саломатии амакам пулро додем. Мехостам донам, ки дар ҳолати ба хатогӣ роҳ додани ҷарроҳ бояд маблағи ҷарроҳиро кӣ пардохт кунад: духтурони хатокор ё пайвандони бемор?
Посух
Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 36 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ доранд.

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки тиббию санитарии ройгон расонида мешавад.

Дар дигар ҳолатҳо ба шаҳрвандон кӯмаки тиббию санитарӣ дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ расонида мешавад.

Аз саволи додашуда маълум нест, ки ҷарроҳӣ дар Муассисаи тиббии хусусӣ ва ё давлатӣ гузаронида шудааст.

Муассисаи тиббии хусусӣ ва Муассисаи тиббии давлатӣ, ки худмаблағгузор аст, хизматрасониҳояшон пулакӣ мебошад ва нархномаи тасдиқшуда оиди хизматрасониҳои тиббӣ доранд ва маблағ дар хазинаи муассисаи тиббӣ пардохт карда мешавад.

Барои ҳар як амали ҷарроҳӣ маблағи алоҳида пардохт карда мешавад. Дар ҳолати хатогии ҷарроҳ волидони бемор дубора маблағ пардохт намекунанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД