Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази махсуси тамос барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон нисбат ба вазъи хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ба шакли нави онлайнӣ ва интерактивӣ таъсис ёфт.
Дар ин бора аз ниҳоди мазкур иттилоъ дода, меафзоянд, ки минбаъд шаҳрвандон метавонанд бо рақами кӯтоҳи 40-30 ба Хадамоти алоқа нисбат ба мушкилоте, ки доир ба хизматрасониҳои соҳаи алоқа ба миён меояд, муроҷиат намоянд.
Гуфта мешавад, ки маркази тамоси Хадамоти алоқа ба таври шабонарӯзӣ ва новобаста аз рӯзҳои истироҳатии ҳафта фаъолият мекунад.
Ҳамзамон, марказ дар асоси платформаи муосири онлайнӣ ва интерактивӣ ба системаҳои коммутатсионии тамоми операторони алоқаи барқии кишвар пайваст буда, ба гунаи ҳамгиро ва ҳамоҳанг арзу шикоятҳои воридшударо баррасӣ мекунад.