25-уми ноябри имсол дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Форуми байналмилалии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ – «Digital Tajikistan» баргузор мегардад. Дар ин бора Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта шуд, ки дар форум беш аз 1000 нафар намояндагони давлатҳои гуногуни ҷаҳон ва вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Ба таъкиди масъулин, Форуми «Digital Tajikistan» бо мақсади баррасии самтҳои муҳими рақамикунонӣ ва инноватсия, аз ҷумла хизматрасонии давлатии рақамӣ, ташаккули ҳукумати электронӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ, тиҷорати электронӣ, технологияҳои молиявӣ, киберамният ва парки технологию иттилоотӣ гузаронида мешавад.
Интизор меравад, ки иштирокдорони форум дар баробари баррасии мавзӯъҳои муҳими соҳа, инчунин, «Қалъаи Ҳисор» ва НБО «Норак»-ро тамошо мекунанд.