Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахсро, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баробарии мардон ва занон ва ҳуқуқ ба ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатиро барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар кафолат медиҳад.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки ройгони тиббӣ-санитарӣ расонида мешавад.
Кӯмаки тиббии фаврӣ дар ҳар муассисаи табобатӣ-профилактории наздик, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва ҳудудӣ, инчунин шакли моликият, ройгон таъмин карда мешавад.
Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008 таҳти №600 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шуда, ба кӯдакони то як сола, кӯдакони маъюб ва зимни дигар бемориҳое, ки қарори зикршуда муайян намудааст, ба тариқи ройгон табобат расонида мешавад.