Раҳораҳ Муродҷон дасти Бонуро фишурда пиёда сӯйи хона равон шуданд. Баргҳои дарахтон аллакай зард шуда, ягон-ягон аз шохаҳо сарозер мешуданд.
Муродҷон чашм аз хазонбаргҳо наканда, фикр мекард, ки умри ҳамсараш ҳам ба сони ҳамин баргҳо хазон шуда истодааст.
Ҳамин тавр ғарқи фикру хаёл зану шавҳар ба хона расиданд. Модари Муродҷон, ки сторааш бо арӯси хонадон рост намада, мудом бо келинаш ҷанг мешуд, акнун аз корҳои то ин дам кардааш пушаймон шуда, дарун ба дарун худро мехӯрд, зеро ӯ ҳам модар буд ва намехост, ки бо зани писараш ягон ҳодисаи нохуш рӯй дода, набераҳояш сағера шаванд. Кампир дар бемории келинаш то андозае худро гунаҳкор медонист ва чи тавр бахшиш пурсиданашро намедонист. Вақте ки Муродҷону занаш ба хона даромаданд, модар осемасар пурсид:
-Муродҷон, духтурҳо чӣ гуфтанд? Тинҷӣ будааст?
-Модарҷон, духтурҳо ягон гапи аниқ нагуфтанд, аввал бояд аз ташхиси пурра гузарем,-беҳавсала ҷавоб дод писар.
Бону бо сари хам ба хушдоманаш салом дод ва ба сӯҳбати модару писар аҳамият надода, ба хонаи хби худаш даромад.
-Муродҷон, гӯш кун писарам, медонам, ки ту аз ман чизеро пинҳон мекунӣ ва барои табобати ҳамсарат маблағи калон лозим аст. Писарам, маҳ, ин тилловориҳоро бигиру бурда фурӯш ва келинамро табобат кун. Ба занат гӯй, ки аз ман наранҷад. Ҳар гапе, ки гуфтам, фақат ба хотири он буд, ки тарзи хонадориро ёд гирад...
Мурод аз дасти модараш ҷавоҳиротро гирифта оҳи пурдарде кашид ва ба хона даромад.
Ҳамсараш дар кунҷи хона ғарқи фикру хаёл нишаста буд. Муродҷон гуфтаҳои духтурро ба ӯ нарасонида бошад ҳам, ҷавонзан аз ранги паридаи шавҳараш аллакай пай бурда буд, ки бемориаш ҷиддӣ аст ва дер ё зуд ба уқбо мепайвандад. Дунё дар назараш рангу бӯяшро гум карда, зан умедашро аз зиндагӣ аллакай канда буд.
Садои шарфаи пойи Муродҷн риштаи хаёлоти ҳамсарашро барканд ва бо чашмони пуроб ба сӯйи шавҳараш нигарист. Муродҷон аз китфони занаш оғӯш карда, дар бехи гӯшаш пичиррос зад:
-Барои чӣ гиря мекунӣ, охир ман ба ту гуфтам-ку беморият ҷиддӣ нест...
-Дадеш, ман медонам, ки шумо ин гапҳоро танҳо барои ором кардани ман гуфта исдаед. Ман худам ҳис мекунам, ки аз умрам рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд. Ман ...ман ... Меми
-Илтимос, ин фикрҳои бемаъниро аз сарат дур кун занакҷон. Духтур гуфт, ки ҳоло чизе дақиқ нест. Худо хоҳад, умри дароз мебинӣ ва ману ту бачаҳямонро хонадор карда, бобову бибӣ мешавем,-Мурдҷон кӯшиш мекард, ки занашро дилбардорӣ кунад, вале днаҳои ашк аз чашмонаш беихтиёр ҷорӣ шуда, рӯяшро мешустанд. Зану шавҳар дар оғӯши ҳамдигар хуни борон мегиристанд.
Он шаб дар ҳаёти ин зану шавҳар дарозтарин шаби умрашон буд ва то саҳаро як лаҳза ҳам мижа таҳ карда натавонистанд.
Ниҳят субҳ дамид ва “занакҷон, хез тезтар ба ташхис равем” гӯён, муродҷон аз дасти ҳамсараш гирифта, сӯйи бемористон роҳ пеш гирифт.
Ҳанӯз дар саҳни беморхона касе набуд ва онҳо аввалин шуда аз ташхис гузаштанд. Бону дар ҳавлии беморхона мунтазири ҷавоб нишаста буд ва беқаророна гҳ ин сӯву гоҳ он сӯ қадам мезад. Вақт дар назараш аз гардин монда буд ва 10 дақиқа ҳам ба назараш мисли 10 сол дароз метофт.
Ниҳоят Муродҷон аз дари беморхона баромада омад. Чеҳраи шавҳараш кушода ва лабонаш моили табассум буданд.
-Хайр, натиҷаи ташхисро гирифтед?-Пурсид зан умедворона ба шавҳараш нигариста.
-Гирифтам азизам, гирифтам. Ту ба саратон гирифтор нестӣ! Ташхис нишон дод, ки фақатк амтар шамол кашидаиву халос. Духтур дорӯву даво навишта дод, худо хоҳад як моҳ нагузашта асп барин метозӣ ,-аз хурсандӣ мисли кӯдаке, ки ба дасташ як пачка шоколад додаанд, чашмонаш барқ зада гуфт Муродҷон.
-Пас духтур дираӯз ба шумо гуфт, ки занат саратон шудаасту мимирад. Барои ҳаимн тарсидед, ки ман мемураму бевамард шуда мемонед,-шӯхӣ кард зан қиқиросзанон хандида.
- Бале, тарсидам ҷонам, тарсидам. Тарсидам, ки туро аз даст медиҳам, лекин хушбахтона тахмини духтур хато баромад.
-Агар мемурдам, маҷбур мешудед, ки пули калон сарф карда як зани дигар гиред. Акнун ҷонатон аз харҷу хароҷти зиёдатӣ халос шуд. Маро ба тарабхона бурда зиёфат медиҳед?!-нимшӯхию нимҷиддӣ пурсид ҷавонзан.
-Мебарам ҷонам, албатта мебарам. Рафем, канӣ як бор ману ту ҳам давраҳои ҷавониамонро ба ёд оварда, дар тарабхона каме дам гирем,-инро гуфта Мурдҷон бо меҳр миёни занашро оғӯш кард ва ҳарду ҷониби тарабхона равон шуданд.
Ҳамин тавр баъзан дар зиндагӣ воқеаҳое рух медиҳанд, ки боиси зиёд гаштани муҳаббати зану шавҳар мегарданд ва мо ба қадри ҳамдигар мерасем...
Абдуғаффор Шодиев