shoh palace
Дар асорати ҷин
1404

 

Зиндагии орому осоишта барои Гулрез ҳамон шоми наҳс ба охир расид, ки ҳамсараш аз сари замин хаставу лакот баргашту ўро барои об ба сари чашма равон кард. ҳарчанд модараш гуфт, ки ним соат пеш об овардаем, дар ин намози шом келинро овора накун, вале Гулрез пайи фармони шавҳар аз дарвоза берун шуд. Зеро Носир дўст намедошт, ки гапаш ду шавад, дигар ќањр карда, рўзи дароз гап намезад….

                        

                                   Сояи бало

Гулрез аз хурдӣ духтараки нотарс буд, дар торикиҳо ба хонаи бобояш, ки дар он тарафи кўча воқеъ буд, рафта меомад. Аслан модари муаллима ва падари духтураш ў ва додарашро ҳамин гуна нотарс тарбия кардаанд. Модараш мисли модарони дигар намегуфт, ки ана аҷина омад, ё аҷузкампир омада мебарад ё чизи дигар. Баръакс, ба кўдаконаш ором мефаҳмонд, ки шаб ҳам мисли рўз аст, фақт торик аст, ҷину аҷинаву деву парӣ дар афсонаҳост, аслан вуҷуд надорад. Гулрез ба лаби чашма, ки ҳамагӣ сад метр дуртар аз ҳавлии шавҳараш дар сари кўчаи калон воқеъ аст, рафт. Кўча ором буд, на саге меҷакид, на харе ҳанг мезад, аз хонаҳои атроф садои кўдаке ҳам намебаромад. ҳатто мўйсафеди Турғунпулод, ки садои сурфаҳои пиронааш деҳаро фаро мегирифт, сурфа намекард. Шир-шири чашма, ки зери чанори баланди кўҳан љорӣ буд, баръало шунида мешуд. Гулрез ба чашма наздик шудан замон, дид, ки касе хам шуда, бо панҷаҳояш об менӯшад. Келинчак “уҳў” гўён, садо бароварду каси хамшуда аз ҷояш хест, дар рӯшании симчўби худсохт Гулчин симои булаљаби ғайриинсониеро диду додгўён ба замин афтод….

                                   Мурдаи шахшуда

Садои дод гуфтани Гулрезро холаи Саида, ки барои хабар гирифтани дари мурғхонааш баромада буд, шунида, чӣ гап шуд гўён, писаронашро ба ёрӣ хонд…

Тобистон буду мардум дар берун истироҳат мекарданд ва ҳама давдавон сари чашма ҷамъ шуданд. Носир рўйи дастони писари холаи Саида ҷисми сарду карахти занашро дида, талхакаф шуд. Ҳеҷ кас намедонист, ки ба келинчаки нозанин чӣ гап шуда бошад. Хусуру хушдоманашон сад бор дуои ҷони писарашонро карда, муллову табиб оварданду баъди се рўз Гулрез ба худ омада, болои сараш модарашро дид, ки чашмони аз бехобиву гиря варамидаашро ба рўйи ў духта менишаст. Саида ба модараш гуфт:

-Очаҷон, ман чӣ кор кардам?

-ҳељ чӣ бачам, афтидӣ, беҳуш шудӣ, -хушдомани Гулрез дарҳол модарашро ислоҳ карда гуфт:-Ҳа, аз зинапоя афтида, талхамона кафондӣ, бачам.- Аммо Гулрез пичиррос зад: “не… ман барои об рафтам, дар лаби чашма як ҷонзотро дидам, худаш ранги одам, баданаш пури пашм, чашмонаш шоҳкосаи пури хун. Очаҷон, мудом мегуфтӣ, ки ғулу деву парӣ нест….будаст, ман дидаму тарсидам.

Гулрез бар асари ин тарс кўдакашро аз даст дод, тифлаки чормоҳаи батнашро афтонд ва оромияшро гум кард. Ин нооромӣ ба як мушкиле табдил ёфт, ки дигар на падари духтураш давояшро меёфту на модари батадбираш. Гулрези нозанин пеши назарҳо обу адо шуда мерафт, дили модару падар ва хусуру хушдоманаш хун мешуд…

                           Дар асорати ҷин

Модари Носир Сайлигул аз дори дунё як писар дошт ва бо сад армон аз хонадони зиёиву бофарҳанг, духтари хондагӣ келин кард. Носир донишгоҳи техникиро хонда, нозири роҳ буд. Гулрез бошад, дар мактаб аз фанни риёзӣ дарс медод. Баъди ин воқеа, келинчак дамдузд шуда буду шавњарашро рўйи дидан надошт. ҳамеша сояе аз қафояш мегашт ва ба гўшаш мехонд: «Либосҳот чиркинанд, шавҳарат чиркин аст, хонаат чиркин аст…” Бечора шабу рўз қарор надошт, мешусту мерӯфту боз аз сар мешўсту меруфт, агар хушдоманаш ба ҷонат ҷабр накун гўён, ҷангаш намекард, шабҳо низ кор мекард. Як келинчаки соҳибљамоли дунёдўстдор, ба як зани хароби бенигоҳубини дастонаш мудом кафидаву хуншор, аз зарби мудом зери об будан худаш низ бемор шуда буд.  

Агар шавҳараш ба бистараш наздикӣ кунад, ҳамон ду чашми чун шоҳкоса пурхун таъқибаш мекарданду овоз дар гўшаш мехонд: “Шавҳарат чиркин аст, ҳаром аст…” Келинчак аз тарс ба гиря медаромад ва Носир зуд аз бараш дур мешуд, хусураш дар бораи кадом муллое мешунид, ўро ёфта меовард, вале фоидае набахшид. Оҳиста-оҳиста Гулрези пӯсту устухон аз хуру хоб монд ва зуд-зуд беҳуш шуда меафтид. Модараш дид, ки намешавад, Гулрезро ба хонааш бурд ва ба пойтахт ба пеши равоншиноси номдоре равон шуданд. Равоншинос баъди се рўзи сўҳбат бо Гулрез ў ва модарашро ба назди як домуллои пире равон кард, ки дар яке аз мавзеъҳои кўҳистони кишвар умр ба сар мебурд ва такид кард, ки албатта ҳамроњашон китоби қуръон гиранд. Бечора модар… Гулбаҳор дар оилаи муаллими коммунист ба воя расида, умуман ба муллову табиб бовар надошт, вале хотири фарзандаш баландӣ карду таксӣ киро карда, ба ҳамон мвзеи кўҳманзар сафар кард. Дар роҳ Гулрез мисли кўдак мегиристу ғаш мекард, ки намеравам. Чун модар мепурсид, ки чаро, ў дар ҷавоб мегуфт, “ана чашмҳои пурхун, ту чиркинӣ…” Ў қуръони аз хонаи як ҳамсабақаш гирифтаро дар бағали духтараш монду фарзандаш каме ором шуд, вале ањволи худаш бад шуд. Нафасаш мегирифт, гўё касе буғияш мекард… Хулоса, бо як азоб дар нимаҳои шаб ба хонаи мулло расиданд…

                             Масеҳонафас

Онҳоро аз дари дарвозаи нақшини фарсуда ду духтарак пешвоз гирифта, ба хона дароварданд. Ба ин хона даромадан замон дили Гулбаҳор кушода шуд ва Гулрези хаставу лакот сар ба болин ниҳод, бечора модар дар чанд рўзи ахир бори аввал хоби бароҳати духтарашро дида, зор-зор гирист. Зани домулло зани нозанини нуронӣ ва хушсухан ўро ором мекарду мегуфт, Худо хоњад, духтаракат нағз мешавад.

Модару духтар як ҳафтаи дароз дар ин деҳаи биҳиштосо сабзу хурам монданд, домулло пирамарди 75-80- солаи нуронӣ дар ин рўзҳо се борӣ дуру дароз Гулрезро мехонд. Гулрез ба худ омада, ҳамроҳи духтарони домулло кору бори онҳоро карда мегашт. Баъди як ҳафта домулло ба Гулбаҳор гуфт:

-Духтарам, агар ба ман бовар кунӣ, духтаратро мон, бигузор чил рўз ҳамин ҷо бошад. Хуб шифо ёбаду пас омада бараш…

Баъди чил рўз хусуру хушдоман, падару модар ва Носир барои овардани Гулрез рафтанд. Гулрез гўё сад сари сол онҳоро надида бошад, ҳар як кадоми онҳоро мебӯсиду мегирист. Имрўз Гулрез соҳиби чор писари нозанин ва яке аз занони фаъолу барӯманди ҷомеа аст, вале панљ вақт намозашро тарк намекунад. Падари маънавияш ба ҳақ пайваста бошад ҳам, бо фарзандони вай робитаи зич дорад.

Хонандаи азиз, ин қисса бофтаи хаёли ман нест, онро аз забони Гулрез( танҳо бо тағйироти номҳо) ин ҷо овардаам. Боқӣ, қазоват аз шумост!

Дилошӯб                              

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД