goodwell
Дар Ашт нерӯгоҳи нави барқи офтобӣ ба истифода дода шуд
21.09.2026
Оила
31

 

Имрӯз, 21-уми сентябр президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 мегаватт мавриди истифода қарор доданд.

Сохтмони неругоҳи фотоэлектрикии Ашт бо иқтидори 250 МВт моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Аён энерҷӣ оғоз ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ пурра сохта ба истифода дода шуд. Неругоҳи мазкур дар масоҳати 793 гектар бунёд гардида, иқтидори пурраи он 250 мегаваттро ташкил медиҳад. Барои пайваст намудани неругоҳи нав ба низоми ягонаи энергетикии кишвар як қатор корҳои муҳимми инфрасохторӣ низ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, сохтмони хатти ҳавоии дузанҷираи 220 киловолта бо дарозии 9,8 километр аз неругоҳи мазкур то зеристгоҳи барқии 220/110/6 киловолтаи Ашт ба анҷом расонида шудааст. Дар масири ин хат 36 поя насб гардида, барои интиқоли барқи ин неругоҳ ба низоми энергетикии кишвар заминаи зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Бо пурра ба истифода додани иқтидори лоиҳавӣ неругоҳ метавонад ба яке аз иншооти муҳимми истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар кишвар табдил ёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД