Formula novemver 2024
ДАНҒАРА: ТАҶОВУЗИ ДУХТАР АЗ ҶОНИБИ ПАДАР
5895

 

Вақтҳои охир ҳодисаҳои нангини таҷовуз ба номуси занону духтарони тоҷик торафт афзуда истодаанд. Даҳшатангезаш он аст, ки дар баъзе ҳолатҳо занону духтарон аз ҷониби шахсони наздиктаринашон аз қабили бобо, амак, бародар ва ҳатто падар мавриди зӯроварию дастдарозӣ қарор мегиранд.

Танҳо дар ноҳияи Панҷ тӯли чанд моҳи охир ду ҳодисаи таҷовузи духтарони ноболиғ аз ҷониби падар сурат гирифта буд. Инак, Прокуратураи Генералии Тоҷикистон аз сар задани боз як ҳодисаи нангини таҷвузи духтар аз сӯйи падар хабар дод.

Ба иттилои ин манбаи мӯътамад Абдуллоев Азизулло Нарзуллоевич дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Данғара бо мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ зӯран ба номуси духтараш Н таҷовуз намудааст. Ноболиғ доду фарёд бардошта, кӯшиш менамояд, ки муқовимат кунад, вале падари шайтонсираташ аз ҳолати оҷизонаи духтар истифода бурда, ӯро бо болишт бӯғиву беҳуш карда, баъдан ба номусаш бераҳмона таҷовуз намудааст.  

Прокурори ноҳияи Данғара нисбати ин падари худобехабар бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтишот онро барои баррасӣ ба мақомоти судӣ фиристод. Суди вилояти Хатлон падари таҷовузкорро ба 25-соли зиндон маҳкум намудааст. Муҷрим мӯҳлати ҷазоро дар колонияи низомаш сахт адо хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД