Моҷарои арӯс
Бригадири арманӣ рӯзе духтаракеро ҳамроҳаш овард. Чашмони духтар бозӣ мекарданд. Мансур ном ҷавони хӯҷандӣ, ки ҳамроҳи Довуд дар як ошёна кор мекарду забони русиро хуб медонист, нозу карашмаи арӯсро дида, гап партофт.
Духтар маътали ишорат будааст, дарҳол ба хушгӯиҳои Мансур бо табассуми дилкаш ҷавоб гардонду имову ишорат кард, ки ба ягон хилватгоҳ раванд. Арманӣ дар ин вақт аз паси ким-кадом коре ба ошёнаи дигар фаромада буд ва арӯсаш пайти муносиб ёфта, бо тоҷикбача ба хилватгаҳе даромад. Касе аз тоҷикон ба қавле «бузӣ карда» ба арманӣ занг зад ва аз байн панҷ дақиқа нагузашта бригадир чун балои осмонӣ наъразанон пайдо шуд. Вай ҳафт пушти тоҷиконро ҳақораткунон рост ба хонае рафт, ки Мансуру арӯсаш ишқварзӣ доштанд ва ҳардуро дар сари «ҷиноят» дастгир намуд. Арӯсашро дар оғӯши бачаи тоҷик дида, фиғонаш ба фалак печид. Духтари маккора дарҳол гиря карда, гуфт, ки ин тоҷикбача ӯро зӯран кашола карда ба ин ҷо овард ва ба номусаш дастдарозӣ кард. Арманӣ ба гапи арӯсаш бовар карда, ба Мансур дарафтод. Хушбахтона бачаи хӯҷандӣ машқдида будааст, вай арманиро дар як дам аз пой афтонд ва мурданивор лагадкӯб кард. Аз афташ духтар занг зад, ки даҳ дақиқа пас арманиҳои зиёде пайдо шуданд. Занозанӣ сар шуд. Барои арманиҳо фарқ надошт, ки кадоме аз ин тоҷикон гуноҳ дораду кадомаш бегуноҳ аст, ҳамаро баробар лагадкӯб мекарданд. Садои доду фиғон дар сохтмон мардуми шаҳрро ба таҳлука афканд ва ба ҳомиёни қонун занг заданд. Овози гӯшхароши мошини милисаро шунида, ҳама тоҷикон худро ба ҳар тараф афканда аз ҷойи ҳодиса фирор намуданд. Давронбек ҳамроҳи як ҷавони дигар ба ҷангалзор гурехтанд.
«Кидат» бо усули тоҷикӣ
Аз тарси ҷон дигар ёди сохтмон накарданд. Давронбек бо ҳамон ҷавони ҳамроҳаш баъди рафтани мошини милиса аз ҷангал баромаданд ва ба як маҳалла рафта, бо кӯмаки ҷавони тоҷике кор ёфтанд. Миёнарав фаҳмонд, ки дар таҳхонаи пуроб кор карданашон лозим меояд. Вазифаи онҳо таъмир кардани таҳхона ва хушконидани обаш буд. Аз тарси ҷон як моҳи дароз дар таҳхонаи пур аз обу бӯгин кору зиндагонӣ карда, бо азоб обашро хушконданд. Рӯзе Давронбек аз тиреза дид, ки чи тавр соҳиби бино ба дасти миёнаравашон пул медиҳад. Азбаски масофа наздик буд, вай ҳато пулро шумурда тавонист. 200 000 рубли русӣ дод соҳиби бино ба дасти миёнаравашон. Давронбек ин манзараро дида, шод шуд, ки ниҳоят пулдор шуда, одам барин зиндагӣ мекунанд, вале миёнарав баъди гусел кардани соҳиби бино бачаҳоро ҷамъ карду доду фиғон бардошта гуфт, ки ин уруси муштзӯр ваъдахилофӣ карда, ҳамагӣ 20 ҳазор пул додааст ва ба ҳар кадомашон ҳамагӣ 5 ҳазорӣ мерасад. Хун дар рагҳои Давронбек ба ҷӯш омад ва дод зад:
-Ака, барои чи моро ахмақ мекунӣ? Ман аз тиреза ҳамаашро дидам, соҳиби бино 200 ҳазори русӣ дод! Илтимос, пули моро тезтар деҳ!
Миёнарав ҳеҷ сар фароварданӣ набуд ва қасам рӯйи қасам мехӯрд, ки урус ҳамагӣ 20 ҳазор пул додааст. Давронбекро аз ин кирдори ҳамватан аламаш омад ва ба рафиқонаш рӯ оварда гуфт:
-Садқаи номи тоҷик шавад ин номард! Рӯша сиёҳ мекунад, пули додаи русро дар киссааш пинҳон кард. Бовар накунед, худатон бинед!
Бачаҳо якбора ба миёнарав ҳуҷум карданд ва секаса ӯро аз пой афтонда пули меҳнаташонро ба зӯрӣ гирифтанду баромада рафтанд. Акнун барояшон фарқ надошт, ки миёнарави мардумфиреб дар таҳхона мемурад ё зинда мемонад, зеро рафтори разилонаи ҳамватан дилашонро аз оламу одам хунук карда буд.
Бо роҳбаладии яке аз ҳамроҳонаш ба назди боз як тоҷики дигар рафтанд. Ҳамшаҳрӣ гӯён вай бачаҳоро ба хонааш даъват намуд ва дар наздашон дастурхон партофт. Шустушӯй карда сари хон нишастанд ва аз ину он чақ-чақкунон карамшӯрборо бо иштиҳо хӯрданд. Пули калон доштани бачаҳоро шунида чашмони соҳибхона барқ заданд ва меҳрубонона таклиф кард, ки оббозӣ карда, каме дам бигиранд, то хастагӣ барояд. Бачаҳо ҳаммом карда сар ба болин ниҳоданду соҳибхона бо баҳонае берун баромад. Аз байн ним соат нагузашта аз роҳрав садои доду вой шунида шуд ва соҳибхона аз дар даромада хабар дод, ки милисаҳо онҳоро кофта истодаанд.
-Пулҳоятонро ба ман дода зудтар ба чангал гурезед, то шуморо дастгир карда, милисахона набаранд,-таклиф намуд соҳибхонаи «меҳрубон» ва бачаҳои сода ин пешниҳодро пазируфта....
Қисмати охирашро пагоҳ дар ҳамин соат хонед!