goodwell
Чодари хунини гуларӯс (ҚИСМИ 12)
07.06.2026
Oila.tj
248

Аз суханрониҳо ва ҳаракатҳои Ҷовид маълум буд, ки аз чизе сахт метарсид ва ё марги Гулнозу мактубҳои бадастомада ӯро сахт ба ҳаяҷон овардаанд.

Баъд аз андешаи зиёд ба курсӣ нишаста, гуфт:

- Медонистам, ки ин хонадоршавӣ бо фоҷиа анҷом меёбад, вале ба чунин зудӣ онро чашмдор набудам.

- Чӣ тавр? Лутфан, муфассалтар ҳарф бизан,- гуфт Шаҳбоз.

- Гулнозро кайҳо боз мешинохтам ва дӯст доштам. Бинобар он ки ман оиладорам, ӯ муҳаббати маро қабул накард ва ҳамеша изҳор медошт, ки маро дӯст намедорад. Вале ин дурӯғ буд. Гулноз ҳам маро дӯст медошт, лекин намехост оилаи ман вайрон шавад. Ман тайёр будам ба хотири ӯ аз баҳри ҳама чиз гузарам. Аммо ӯ қатъиян розӣ нашуд. Ман пешниҳод намудам, ки зани дувум шавад. Ӯ инро ҳам қабул накард.

Шаҳбоз сухани ӯро бурида, гуфт:

- Ин суханҳо дигар аҳамият надоранд. Баъд аз мутолиаи мактубҳо ба муҳаббати Гулноз нисбат ба ту шубҳае намонд. Вале ин ҷо дигар будан ва ё набудани муҳаббат муҳим нест. Муҳим он ки қотил ёфт шавад. Ду рӯз пеш Аброрро маҳкам карданд. Намедонам бо чӣ далел, вале тафтишот ӯро ҳам дар ин қатл гумонбар медонад. Агар гуноҳашро исбот карда натавонанд, имрӯз ӯро аз ҳабс озод менамоянд.

Ҷовид гуфт:

- Метарсам, ки Адҳам қотил набошад ҳам, ҳатман дар ин куштор даст дорад ва ё аз тарафи кӣ куштор ба амал омад, ӯ огоҳ аст ва ҳатто шояд фармоишгари ин амал худи Адҳам бошад.

- Чун ин тавр қотеона сухан мегӯӣ, бояд далеле дошта бошӣ?

- Далелҳо хеле зиёданд. Адҳам хуб медонист, ки Ҷовид кист, вале чаро номи маро ошкор накардааст, ҳайронам. Шояд барои он дар бораи ман чизе нагуфт, ки ман низ ӯро нафурӯшам. Аммо ман ӯро хуб мешиносам. Ӯ борҳо Гулнозро таҳдид карда буд, ки «хоҳӣ-нахоҳӣ, арӯси ман мешавӣ». Гулноз ӯро дӯст намедошт, вале ба хотири он ки Адҳам ба аҳли оилааш зиёне нарасонад, ба никоҳ розӣ шуд. Гулноз ҳамеша мегуфт, ки «аз ӯ сахт метарсам». Ӯ борҳо Гулнозро зери тозиёна гирифта буд ва як дастаи хурди ҷиноӣ ҳам дорад, ки шариконаш ҷиноятҳои зиёд анҷом додаанд. Падари Адҳам мансаби баланд дошт ва ин аст, ки ҳамеша аз ҳар гуна об хушк мебаромад. Баъди марги падараш низ хешовандони мансабдораш ӯро ҳамеша ҳимоя мекарданд. Ман имрӯз назди муфаттиш рафта, ҳар чизеро, ки медонам, нақл мекунам. Агар мабодо маро ҳам аз миён бардоранд, ту аллакай медонӣ, ки кӣ метавонист ин корро кунад. Шербачаҳои ӯ агар бихоҳанд, забони дилхоҳ одамро мебуранду даҳонашро мебанданд. Метарсам, ки ин қатлро низ ӯ ба воситаи яке аз аҳли дастааш анҷом дода бошад. Ман номи ҳар яки онҳоро медонам. Баъдан, миёни янгаи Гулноз ва Адҳам робитаи хеле қавӣ вуҷуд дорад. Ба фикрам, дар ин кор янгааш ҳам даст дорад.

Шаҳбоз гуфт:

- Фарз кардем, ки Адҳам ва янгаи Гулноз ба ин кор даст заданд, вале чӣ зарурат барои куштани Гулноз пеш омад? Адҳам гапашро гузаронид ва Гулнозро ба занӣ гирифт. Агар куштан мехост, баъдтар ҳам барои ин кор вақт меёфт. Метавонист бо роҳи дору додан, овехтан ва ё садама кардан ӯро аз байн барад. Умуман, усулҳои куштан ниҳоят зиёданд, ки касе ҳатто гумон намекунад, ки ин амалро шавҳараш кардааст. Чаро дар шаби никоҳ айши ҳамаро талх намуд? Ӯ барои ин тӯй хеле хароҷоти зиёд кард. Гумон надорам, ки Адҳам ин корро карда бошад.

Ӯ гуфт:

- Афсӯс, ки падари Гулноз вафот кард. Ба фикрам, ӯ фаҳмид, ки ин кори Адҳам аст. Ӯ ҳам чандин маротиба мавриди таҳдиди дастаи Адҳам қарор гирифта буд. Баъдан, Адҳам ба пулу мол эҳтиёҷе надорад. Агар дилаш бихоҳад, ҳар рӯз як тӯй карда, ба хона арӯс меорад. Гулнозро ӯ дӯст намедошт. Тӯйро барои гузаронидани сухани худ анҷом дод.

Ҷовид аз ҷайбаш мактуберо бароварда, ба Шаҳбоз дод ва иброз намуд:

- Ин номаи Адҳамро ба ман Гулноз дода, гуфта буд, ки агар бо ман ҳодисае рух диҳад, бидон, ки Адҳам қотили ман аст. Дар нома аз ҷумла гуфта мешуд: «Ё аз ман мешавӣ ё аз ҳеҷ кас. Агар лозим шавад, ҳам сари туро мегирам ва ҳам сари ошиқатро. Ман аслан туро дӯст ҳам намедорам. Лекин ба хотири он ки ба рақибон кӣ будани худро нишон диҳам, ҳатман туро чун арӯс ба хона меорам. Агар ин пешниҳодро қабул накунӣ, аввал ба номусат таҷовуз намуда, баъд ба қатл мерасонамат ва тамоми аҳли оилаатро шарманда месозам. Ман пагоҳ хостгор мефиристам ва хостгорҳои ман бояд бо ҷавоби мусбат баргарданд. Дар акси ҳол худат медонӣ... Шавҳар ва қотили ояндаи ту».

Шаҳбоз аз ҷой бархост ва ба Ҷовид гуфт:

- Ба мошин савор шав. Назди муфаттиш меравем. Дигар вақти хомӯшӣ нест. Агар воқеан Гулнозро дӯст дорӣ, арвоҳи ӯро шод кун ва қотилашро ба мақомот таслим намо.

Ҷовид гуфт:

- Дигар ман аз марг ҳам наметарсам. Зеро медонам, ки дар сурати кушта шудан ба дидори Гулнозам мерасам.

(Давом дорад)

Соли 2008

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД