new banner new years
Чашмбароҳ (Қисми 2)
1347

Шоиста ба хотири муҳаббати нисбат ба шавҳараш дошта ба ҳамааш тоқат карда, оқибат як зани боҳунару оқила шуд. Хусуру хушдоманаш бо ӯ қанду шакар шуданд. Дертар тавлиди писар муҳаббати онҳоро дучанд кард.

Бо мурури замон фарзандон ба воя расиданд. Писари калонӣ ба Донишгохи тиббӣ дохил шуда. онро бо дипломи олӣ хатм намуд, вале дид, ки маошаш кам аст, рӯ ба тиҷорат овард. Шояд аз бетаҷрибагӣ буд, ки тиҷораташ барор нагирифт ва сахт қарздор шуд. Ноилоҷ ба шаҳрвандии Руссия ҳуҷҷат супориду дере нагузашта ҳамчун табиб ба Камчатка рохҳат гирифт. Он ҷо бо духтари русе шинос шуда тӯй кард. Онҳо соҳиби ду фарзанд гаштанд. Нигина бо шавҳараш, ки дар кишвари Холланд донишҷӯ буд, ба он ҷо рафта ҳамон ҷо монд. Онҳо соҳиби се фарзанданд.

Ҳамин тавр тақдир онҳоро ба ҳар гӯшаи дунё партофт. Нигина ва Насим зуд-зуд ба падару модар пул мефиристоданд.

Рӯзи зодрӯзи падараш Нигина ният кард, ки бо кӯдаконаш ба Ватан ба дидорбинии эшон мераванд, вале як моҳ пеш аз зодрӯзаш падараш ба синни мубораки 63 нарасида вафот кард. Он шаб соати 3 ногаҳон нафасгир шуда, беист сулфидан гирифт. Холаи Шоиста зуд ба “Ёрии таъҷилӣ” занг зад, аммо то раисдани табибон бобои Шокир дар оғӯши ҳамсараш ҷон дод.Пеш аз калимаи шаҳодатро ба забон овардан бобои Шокир танҳо номи фар зандонашро ба забон гирифта, Нигина ва Насим гӯён, бо дили пурормон аз дунё рафт.

Вақте ки субҳи солеҳон модараш занг зад, Нигина эҳсос кард, ки чи нохушие рӯй додааст, чунки вақти Холланд аз Ватан фарқ дорад ва модар медонист, ки он ҷо нимашаб аст. Осемасар гӯширо бардошта лаббайочачон гуфт, вале аз он ҷониб садои гиряолуди модар ба гӯш расид: “Нигинаи оча,миёнатро маҳкам банд, падаратро аз даст додем. Мард бош...Номи туву акаат ба забон аз дунё гузашт.Маро танҳо монд, бевафоӣ кард падарат...”

Модар аз гиря гулӯгир шуда, гӯширо хомӯш кард.

Ин ҳангом Насим дод мезаду дареғ мегуфт дар Камчаткаи дур. Нигина ба ҳамсоя занг зада, зорӣ кард,ки илтимос гӯшии телефонро ба рӯйи хунуки падарам доред, ӯро охирин бор аз дур ҳам бошад бубинам. Илтимос...

Нигина ба рӯйи нуронии падараш нигариста, зор- зор нола мекард.

 ххххх

Холаи Шоиста бо қомати шикаста баргҳои хазонро мерӯфт. Дилаш барои шавҳари фариштааш хун мегирист. Марги шавҳараш ӯро дар як моҳ ба пусту устухон табдил дод. Хаста шуду ба хона даромад ва ба набераи апааш, ки баьди марги шавҳараш ӯро ҳамроҳӣ мекард, гуфт: “Духтарам, хез як атолаи тезак паз. Ким чи хел таббам баланд барин.

Духтарак бепарвоёна даст афшонда ҷавоб дод: “ Э хола, ҳозир консерт тамом шавад, баьд мепазам.”

Холаи Шоиста озурда шуда аз дил гузаронд, ки агар духтари худам мебуд, давида мехесту атолаи тезак мепухт...

 

Нигина барои модараш виза фиристод, то ба наздаш меҳмонӣ омада каме ҳам бошад, дарду ғамашро фаромӯш созад. Холаи Шоиста аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Пеши чашмонаш фақат симои духтараш Нигина ҳувайдо буд.Савғотии бисёре харид, қуруту мағзу чормағз гирифт барои набераҳояш, вале як тарафи дилаш сиёҳ буд. Шаби пеш аз сафараш дар хобаш шавҳарашро дид, ки дар боғи зебое сайругашт дорад ва хурсандона мегӯяд, ки ман интизори омадани ту ҳастам.

Ҳангоми ба фурудго рафтанаш духтараш занг зада гуфт, ки бесаброна ӯро интизоранд. Модар бо садои маҳзун “ким чи хел дилам хиҷил аст, боз шаб падаратро хоб дидам” гӯён, оҳи сард кашид. Нигина ӯро тасаллӣ дод, ки ҳамааш хуб мешавад, вале...

Вақте ки ҳавопаймо ба осмон парвоз кард, баъди чанд лаҳза холаи Шоиста дарк кард, ки ҳолаташ бад мешавад.Сараш сахт ба дард омада, дилаш сахт- сахт ба таппиш даромад ва якбора аз хуш рафт. Ноилоҷ ҳавопайморо дар яке аз фурудгоҳҳо наздиктарин боздошта, ёрии таъҷлиро хабар карданд, вале холаи Шоиста аллакай ҷон ба ҷонофарин супурда буд.

Нигина беист занг мезад. Пас аз чанд соат ниҳоят гӯширо гирифтанд ҷавоб доданд, ки модарат бо сабаби фишори хунаш баланд шудан вафот кард. Ҳамин тавр дидори модару духтар ба қиёмат монд.

Шаҳлои Наҷмиддин

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД