Formula novemver 2024
Чашмбароҳ (ҚИСМИ 1)
1578

Холаи Шоиста лаби кати ҳавлӣ нишасту ба баргҳои хазони тирамоҳӣ, ки зиёд аз дарахт рехта, болои ҳам рӯйи ҳавлӣ мехобиданд, нигариста, зери лаб гуфт:

- Эҳ зиндагӣ, умри одамӣ. Мисли қатора меравию меравӣ. Қатора роҳи бозгашт дорад, ту надорӣ. Баҳор рафту тирамоҳ омад. Се баҳор аст, ки писари калониро надидаам. Шаш хазон аст, ки аз дидори ширини духтари хурдӣ дурам. Яке дар Камчатка асту дигарӣ дар Ҳолланд.

Ҳарду ба хотири зиндагӣ ва ояндаи кӯдаконашон рӯ ба муҳоҷират оварданд. Ман мондаму мӯйсафеди раҳматиам. Мӯйсафед шаби мурданаш фақат номи писару духтарашро гирифт. Ташнаи дидор рафт ба олами хомӯшон.

Холаи Шоиста он шаби армониро пеши рӯ овард. Шавҳараш шаб ҳангоми хӯрокхӯрӣ гуфт:

- Очаи Нигина, кай фарзандонамон бо набераҳо меомада бошанд? Бисёр пазмонам. Бахусус Нигинаро пазмон шудам. Дилам гарм-гарм метапад ба ёди кӯдаконам.

- Зиқ нашавед, отаи Нигина. Рӯзӯои хуб дар пеш.

- Ҳамаи ҳамсинфонам ба он дунё сафар карданд, навбати ман кай бошад? Кошки, Худоҷонам моро то ба дидори фарзандон зинда нигоҳ медошт. Кош...

- Ин хел нагӯед, ҳоло тӯйи набераи калониро якҷоя мегузаронем. Ман шуморо мурданӣ намемонам.

- Очаи Нигина, 39 сол бо ҳам дар сахтиву дар шириниҳои рӯзгор якҷоя будем. Агар ягон бор ранҷонида бошам, бубахш.

- Э отаи Нигина, бо чӣ ин қадар бахшиш мепурсӣ? Гӯё дигар маро намедида бошӣ.

Онҳо то поси шаб ҷавониҳоро ба хотир оварда, суҳбат карданд. Ҳамин вақт Нигина занг зад аз Ҳолланд.

- Отаҷон, шумо чӣ хел? Пазмон шудам, насиб, рӯзи зодрӯзатон расида меоям.

- Э духтари раҳдури отае, тез биё, ташнаи дидорат мо. Меомадӣ, ҳамон биринҷобаи бомаззата мепухтӣ.

- Отаҷон, чаро садотон меларзад? Ягон ҷоятон дард мекунад? Канӣ модарам?

- Ана очат, ҳамроҳаш гап зан. Кампирро танҳо намонед.

Холаи Шоиста бо духтараш суҳбат карду якбора бо овози баланд гирист. Аз он гӯшаи дунё Нигина мегиристу аз ин тарафи дунё падару модар.

Баъд Нигина гуфт, ки ба номи падар 500доллар пул фиристодааст. Падар ашки чашмонашро пок карда, гуфт:

- Духтари ширини ота, пулатро ҷамь кун. Ба мо пул даркор нест, ба мо меҳри шумо фарзандон намерасад. Дина акаат ҳам пул роӣ кард. Акаат дар Камчатка ҷарроҳи машҳур, аммо ман муҳтоҷи будани ӯ ҳастам.

Бобои Шокир дигар гап зада натавонисту гӯширо ба ҳамсараш дод. Шояд гуфтаниҳои зиёде дошту эҳсос кард, ки марг имшаб меҳмонаш мешавад. Холаи Шоиста бо Нигина хеле суҳбат карду баъд дуои нек дода, телефонашро хомӯш намуд.

Бобои Шокир косаи хӯрокро бо иштиҳои том хӯрда, гуфт:

- Очаи Нигинаҷон, шӯрбо хеле бомазза омадааст. Сергӯшт, таъби дилам пухтаӣ. Дар хотират ҳаст, вақте бори аввал дар хонаи мо вақти арӯсиат шӯрбо пухтӣ, раҳматии падарам шӯрборо қариб ба сарат чаппа мекард?

- Ҳаҳа... Ин қадар сол гузашту аз хотиратон нарафтааст.

Шокиру Шоиста дӯст дошта оила барпо карда буданд. Ба модари Шокир солҳои аввал келинаш писанд набуд. Доимо ягон чизро баҳона карда, ҷанг мекард. Вақте ки Шоиста бори аввал хомшӯрбо пухт, хушдоману хусураш ӯро ҷанг карда, деги шӯрборо ба партов чаппа карданд. Шавҳараш пеши волидайн ба ҳамсараш чашмакӣ карду сипас ӯро бо садои баланд маломат намуд. Дар утоқи хоб бошад, бо меӯрубонӣ гуфт:

- Зиқ нашав ҷонам, ба гапи падару модарам диққат накун. Беҳтараш хӯрокпазиро ёд гир. Ман туро дар пеши онҳо дурӯғ ба дурӯғ ҷанг мекунам. Мабодо хафа нашавӣ...

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД