Arzon march 2024
Чаро зан сари мардро мехӯрад?
2061

Тавре тадқиқоти олимон нишон медиҳад, занҳо назар ба мардон умри дарозтар мебинанд. Мувофиқи омор бемории ишемикии дил дар мардон нисбат ба занҳо се маротиба бештар дида мешавад. Дар ҷаҳон шумораи мардҳои даст ба худкушӣ зада нисбат ба занҳо зиёдтар аст. Чаро чархи зиндагӣ марди ҷисман пурқувватро аз зани заифу нозук пештар маҷақ мекунад? Фактори психологӣ Бонувон ба саломатии худ диққати хоса медиҳанд ва бемориҳои дар вуҷудашон пайдошударо сари вақт табобат мекунанд, мардҳо бошанд, комилан дар фикри саломатӣ нестанд. Бо гумони он ки беморӣ худаш гузашта меравад, мард на ташхис мекунад ва на ба маслиҳати табибон гӯш медиҳад. Тавре омор нишон медиҳад, аз ним зиёди мардон зери фишори ҳамсару наздиконашон баъди оне, ки саломатиашон ниҳоят бад мешавад, ба табибон муроҷиат менамоянд. Оқибати фориғболӣ нисбат ба саломатии худ албатта беморӣ ва марг аст! Тарбия гунаҳкор «Тоқат кун, ту мард ҳастӣ, мард набояд гиряву нола ва шиква кунад…» ин насиҳатро ҳар як писарбача аз овонӣ кӯдакӣ аз падару модар, бибию бобо ва дигар наздиконаш мешунавад ва ин суханон якумра дар майнааш ҷой мегиранд. Мазҳ ҳамин чиз боис мешавад, ки мард худро пуртоқат нишон доданӣ шуда, ба касе дар бораи мушкилоти худ даҳон намекушояд. Ҳамин тавр ғаму дард ва энергияи манфӣ дар вуҷуди мард ҷамъ шуда, ӯро ба ҳар хел бемориҳо гирифтор месозад. Мардонро наҷот медиҳем! Доктор Легато дар китобаш аз табибон хоҳиш кардааст, ки ба саломатии мардон диққати хоса диҳанд. Ба андешаи ин табиби машҳур наздикони мард –завҷа, модар, хоҳар, духтар метавонанд дар саломатии мард нақши ҳалкунандаро бозанд. « Вақте зан бар саратони сина ғолиб меояд, пас, бе гуфтугӯ метавонад марди худро низ аз марги бармаҳал наҷот бахшад»-мегӯяд Легато. Марианна Легато чанд омилеро ҷудо кардааст, ки боиси марги бармаҳали мардон мегарданд. 100 сол умр дидан мехоҳед? Ҳар инсон ба одамони дарозумр бо ҳавас нигариста орзу мекунад, ки Худованд ба ӯ ҳам чунин умри бобаракатро насиб гардонад. Албатта тақдири инсон дар дасти парвардигор аст, вале бо рафтори нодуруст мо метавонем ҷараёни маргамонро тезонем. Умри дароз дидан мехоҳед? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед! Шарму ҳаё-душмани мард Бонувон аз даврони кӯдакӣ мушкили худро ба табибон рӯирост гуфта метавонанд, вале мардҳо пурзӯр бошанд ҳам, аксар вақт дасту по хӯрда, чӣ гуфтанашонро намедонанд. Эҳтимол мард аз гуфтани баъзе бемориҳояш шарм медорад, вале дар ин бора ба табиб гуфтан шарт ва зарур аст, чунки як иллати хурдакак метавонад нишонаи бемориҳои ҷиддӣ бошад, масалан, набудани рағбати ҷинсӣ метавонад бо бемории диабет ва касалии дил алоқаманд бошад. Ҳар як мард бояд мунтазам аз ташхиси моя гузашта, саратони простатаро пешгирӣ намояд. Шарму ҳаёро дар пушти дари табиб мондан лозим. Дараҷаи тестостеронро аниқ намоед Баъди 30-солагӣ дараҷаи тестостерон дар мардон қариб ҳар сол 1% кам мешавад. Паст шудани тестостерон боиси пастшавии нерӯи ҳаётӣ, қувваи ҷисмонӣ, кундшавии зеҳн, фаромӯшхотирӣ ва пастшавии рағбати ҷинсӣ мешавад. Ҳамаи ин боиси руҳафтодагӣ ва яъсу ноумедӣ гашта, хатари пайдоиши бемории ишемикии дилро меафзояд. Бештар пастшавии дараҷаи тестостерон дар мардоне дида мешавад, ки гирифтори диабет ҳастанд. Барои баландсозии ин ҳормони муҳим аз гел, марҳам (пластыр), сӯзандору истифода бурдан бамаврид аст. Вақте ки масуният паст мешавад… Масунияти бадани мардон мисли масунияти бонувон мустаҳкам нест. Мардон назар ба бонувон аз 10 инфексияи маъмул, хусусан аз бемории сил ва бемориҳои венерикӣ бештар мефавтанд. Баробари сар шудани ҳаёти маҳрамона мард бояд кӯшиш кунад, ки бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузарандаро пешгирӣ намояд. Ғалати дигари мардон дар ин аст, ки серкориву танбалиро баҳона карда, умуман ба ғизои мехӯрдаи худ диққат намедиҳанд. Қотили бе корд Ба холати яъсу ноумедӣ афтидани мардон хеле хатарнок аст. Вақте зан ба хастагии асаб гирифтор мегардад, тамоми атрофиёнаш бохабар мешаванд, мард бошад, то дами охирон ҳолати худро пинҳон мекунад. Табобат нашудани рухафтодагӣ оқибати нохушро ба бор меорад. Баъзан ба ҳолати руҳафтодагӣ афтидани мардро аз баъзе амалҳои ӯ фаҳмидан мумкин аст. Марде аз танҳоию ноумедӣ ба машрубот дил мебандад, марди дигаре рӯзи дароз телевизор тамошо мекунад, сеюмӣ дар интернет ғутта мезанад… Мард ба хотири ба худ омадан ҳама корро карда ба ҷойи нафъ ба худ зарар мерасонад, вале ба равоншинос муроҷиат намекунад. Андропауза чист? Боз як давраи душвори зиндагии мардон давраи «андропауза» аст, ки дар ин ҳангом дараҷаи тестостерон паст мешавад. Дар ин давра мард ба ҳолати шадиди руҳафтодагӣ афтида, сахт азият мекашад. Фаромӯш насозед, ки ҳолати равонии инсон мисли ҳолати ҷисмониаш аҳамияти муҳим дорад. Мушкилот дар он аст, ки аксаран дар ин ҳолат дорувориҳо таъсири мусбӣ намерасонанд, агар бе маслиҳати духтур интихоб ва қабул карда шаванд. Баъзан аз дорую дармон дида, суҳбати ошкоро бо равоншинос таъсири бештар дорад. Дилро бе назорат нагузоред Бемории ишемикии дил ҳатто дар айни шукуфоии умр ба мардон хатари ҷиддӣ дорад, аз ин рӯ, баъди 35-солагӣ мардон бояд ҳатман аз машварати табибон гузашта ин хатарро пешгирӣ намоянд. Мабодо дар авлоди шумо дар синни 60-солагӣ аз бемории дил нафаре фавтида бошад, ҳушёр бошед! Сатҳи холестеринро назорат намоед. Боре аз ҳуш рафта дар нафаскашӣ душворӣ кашида бошед, дарҳол ба табиб муроҷиат кунед.

Таҳияи Нодира

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД