arzon replenishment
Чаро Умеда хушдоманашро кушт?
2243

Ҳар рӯз дар оилаи мо ҷангу ҷуш буд, хушдоманам таҳдид карда мегуфт, ки бачаи ма тура сар метияд, ту мада даркор нестӣ,-мегӯяд келине, ки дар қатли хушдоманаш гумонбар дониста мешавад...


Умеда Шарифоваи 31-сола, сокини ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор, санаи 9-уми ноябри соли ҷорӣ бо сабаби муноқишаи оилавӣ ба модари шавҳараш Файзигул Олимоваи 55- сола бо корди хоҷагӣ ҳуҷум намуда, дар сари қаҳру ғазаб модаршӯяшро ду корд мезанад. Хушдмани аз дасти келин корд хӯрда бар асари хунравии зиёд дар роҳ ҷониби бемористон ба ҳалокат расид.
Келини хушдоманкуш худро сафед карданӣ шуда мегӯяд муносибати модаршӯяш аз рӯзҳои аввали зиндагии оилавиашон бо ӯ бисёр сард буд ва вақтҳои охир байнашон тез-тез ҷангу ҷанҷол ва баҳсу муноқиша ба миён меомад.
Тавре ки Умеда дар сӯҳбат бо кормандони милистия қайд мекунад, хушдоманаш таҳдид карда мегуфтааст, ки “Бачаи ма тура сар метид, ту мада даркор нестӣ...”
Маълум нест, ки ин гуфтаҳои Умеда то куҷо ҳақиқат доранд, вале моҷарои келину хушдоман якеро зери хок бурду дигариро ба курсии ҷинояткорӣ нишонд.
Айни замон аз рӯйи Умеда Шарифова парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, прокуратураи ноҳияи Фархор қазияи келини хушдоманкушро меомӯзад. Умеда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва дар сурати исбот шудани гуноҳаш беш аз 10-соли умрашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Дигар маводҳо вобаста ба хушдоману келин:

Даҳшат!!! Дар Фархор келин хушдоманро кушт!

Аз хушдоман Гитлер насозед, келинҳо!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД