arzon replenishment
Даҳшат!!! Дар Фархор келин хушдоманро кушт!
10759

Дар тамоми ҷашнҳои арӯсӣ такрор ба такрор таъкид мекунанд, ки келин ҳам фарзанд асту хушдоман модар, вале аз чи бошад, ки баъди гузаштани тӯй ва моҳи асали навхонадорон, арӯсу модаршӯй ба ҷойи мисли очаву духтар ба ҳамдигар меҳрубон шуда, зери як бом аҳлона зистан, сагу гурба барин душмани ҷони ҳамдигар мешаванд. Муносибати келину хушдоман баъзан то ҳадде тезу тунд мегардад, ки ба сари ҳамдигар корду камон мекашанд. Ҷанҷоли як арӯсу модаршӯй дар ноҳияи Фархор бо куштори ваҳшиёна анҷом ёфт.
Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як ҷавонзани 31-солаи сокини ноҳияи Фархор бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ хабар додааст. Зан дар куштори бераҳмонаи хушдоманаш муттаҳам дониста мешавад.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ҳодисаи ваҳшатнок рӯзи 9-ноябр дар ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор рӯй дода, тахминан соатҳои 11-и рӯз байни зани 55-сола ва келини 31-солааш ҷангу ҷанҷол сар задааст. Дар рафти муноқишаи оилавӣ келин бо корд ба модаршӯяш ҳамла намуда, ба гардани хушдоманаш ду маротиба корд задааст.
Дар натиҷа зани 55-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ҷониби бемористон ба ҳалокат мерасад.
Ростӣ, бо шунидани чунин хабарҳо ба тани кас мурғак медамад, ки чи тавр келин, ки мисли фарзанд аст, ҳамчун қассоб гардани хушдоманро бурида метавонад?!
Халқи тоҷик тӯли садсолаҳо бо меҳрубонӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон ва анъанаҳои неки оиладориашон машҳур буданд, вале вақтҳои охир моро чӣ бало задааст, ки мисли даррандаҳои ваҳшӣ ба ҳамдигар дарафтода, ҳатто ба одамони наздиктарини худ раҳму шафқат намекунем. Писар падарро мекушад, шавҳар сари занро аз танаш ҷудо мекунад, келин хушдоманро корд мезанад, на бародар ба бардар раҳм дораду на духтар ба модар, дар бораи дуздию ғоратгарӣ бошад, ҳоҷати гап ҳам нест. Метарсам, ки агар чунин идома ёфтан гирад, дигар аз одаму одамгарӣ, ҳурмату эҳтиром, меҳру муҳаббат ва инсофу виҷдон ҳатто ному нишоне ҳам намемонад. Мо ба таври ноаён ба зомби ё шайтонҳои одамсурате табдил ёфта истодаем, ки ягон чизи муқаддас барояшон вуҷуд надорад ва ба ҳама кор қодиранд. Пеши роҳи чунин падидаҳои номатлубро бояд гирифт! Ҳукумат, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи кор бо занон ва оила, кормандони ҷамоатҳои деҳот, журналистон, фаълони ҷомеа, ходимони дин ва домуллоҳои номдоре, ки суханашон таъсирпазир аст, хуллас, ҳама дар якҷоягӣ бояд сар аз як гиребон бароварда, ба муқолиби хушдоманкушию келинкушӣ, занкушию шавҳаркушӣ, падаркушию модаркушӣ ва дигар ҷиноятҳои оилавӣ мубориза барем, вагарна оқибаташ вой хоҳад буд.
Шумо дар ин бора чӣ назар доред? Андешаҳои худро дар шаҳри мавод нависед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД