arzon replenishment
Аз хушдоман Гитлер насозед, келинҳо!
4263

 

Модарам бо хушдоманам Савринисо Хакимова, ки муаллимаи забони русӣ аст, дугона буданд ва ҳанӯз замони хурдсолии мо шӯхикунон ҳамдигарро «қудоҷон» мегуфтанд. Намедонам тақдиру насиб будааст ё ба қавли кампиракон кадом фариштаи даргузар омин гуфт, ки пас аз хатми мактаб ман келини ин зани меҳрубон шудам. Шавҳарашро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қотилони номаълум ба қатл расонида хушдоманам дар синни 24 солагӣ танҳо монда будааст. Ин зани наҳифпайкару зебо умрашро сарфи фарзандонаш намуда, дигар ба шавҳар намебарояд. Барои ин садоқату вафодорияш хушдоманамро ҳама хешу табор ва хусуру хушдоману ҳеварҳояш то имрӯз ҳурмату эҳтиром менамоянд. Баъзан мебинам, ки модаршӯям расми шавҳари ҷавонмаргашро ба сина пахш карда дар танҳоӣ гиря дорад, вале дар ҳузури фарзандонаш ин зани мардонадил ҳеҷ гоҳ оби дида намерезад. Ман ҳамчун келин ба иродаи оҳанин ва сабру тамкини ин зани бофаросату меҳрубон қоилам. Вақте ки ба ин хонадон қадам ниҳодам, ман ҳамагӣ 18 сол доштам ва ба бисёр нозукиҳои зиндагии оилавӣ сарфаҳм намерафтам, вале боре нашудааст, ки хушдоманам ба ягон корам эрод гирифта бошад, ҳамеша бо забони ширин хатогиҳоямро ислоҳ карда, тарзи дурусти корро ёд медод модаршӯям ва ҳамеша такягоҳам буд. Мабодо гапамон бо шавҳарам гурезад, хушдоманам албатта тарафи маро гирифта, писарашро сарзаниш мекард ва моро бо панду насиҳат ба муросо меовард. Хулоса, зиндагиро ман аз хушдоманам омӯхтам. Дар баробари зани коргар будан модари шавҳарам кадбонуи хуб аст, чунон хӯрокҳое мепазад, ки мазаву лаззаташ як умр аз даҳони кас намеравад. Солҳои аввали оиладориям баъзан хӯрокҳои пухтаам бемаза мебаромаданду ғамгин мешудам. Каси дигар мебуд, шояд «келинам ҳунар надорад, ягон хӯроки дуруст пухта наметавонад» гуфта дар ҳама ҷо овозаю дарвоза карда мегашт, вале хушдомани ман баръакс маро руҳбаланд мекард, ки дар кадбонугї ин як чизи маъмулӣ аст, як рӯз хӯроки пухтаат месӯзад, рӯзи дигар бенамак мешавад, вале рӯзи сеюм чунон таоме мепазӣ, ки даҳони ҳама воз мемонад. Имсол шаш сол мешавад, ки ман дар хонаи ин зани биҳиштӣ ҳамчун келин зиндагӣ дорам. Дар сояи меҳру муҳаббати хушдоманам се фарзандамро ба дунё овардам. Бачаҳоям аз ман дида бибиашонро бештар дӯст медоранд, чунки хушдоманам худаш нахӯрда ҳар як чизи ёфтаашро ба даҳони набераҳояш мегузорад. Рафтори ин бибии меҳрубонро дида ба ёдам гунҷишкаконе мерасанд, ки аз ким-куҷоҳо як дона арзанро дар нӯлашон оварда ба даҳони чӯҷаҳояшон мениҳанд ва беихтиёр зери лаб табассум мекунам. Мабодо касе аз ҳамсояҳо кунҷковӣ карда дар ғайбам дар бораи ман аз модаршӯям пурсад, албатта маро таъриф мекардааст. Инро шунида курта-курта гӯшт мегирам ва худоро шукр мегӯям, ки келини чунин зани биҳиштӣ ҳастам. Фаришта аст, хушдомани ман, фаришта! Келинҳоеро, ки аз хушдоман душман метарошанд, ҳеҷ намефаҳмам. Хушдоман модар аст, модаре, ки ба мо лахти љигараш, писарашро медиҳад ва хонаву дарашро мебахшад. Модаре, ки моро соҳиби бахту тахт ва зиндагии ободу осуда мегардонад. Хушдоман барои мо, келинҳо ёрдамчии бе миннат аст, зеро фарзандонамонро аз худи мо беҳтар парасторӣ намуда, калон мекунад. Пас, чаро мо ин модари меҳрубону бибии ғамхорро бадгӯӣ карда душмани бахти худ хонем?!

Дугонаҳои азиз! Ба қадри хушдоман бирасед, зеро хушдоман баракати хонадон ва сутуни зиндагии келин аст!

Ташаккур ба ҳафтавори дӯстдоштаи ману хушдоманам «Оила», ки бо эълони чунин озмун шароит фароҳам овард, то ман андешаҳоямро дар бораи хушдомани азизу меҳрубону дилсӯзам бигӯям.

                                                               Лолаи Саидмурод,

                                                             ҷамоати Озодагони нохияи Панч

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД