САВОЛ: Миҷгона ҳастам ва аз як деҳаи дурдасти кишварамон ба шумо нома менависам. Бахт ба рӯям хандиду соли сипаришуда шавҳар кардам. Хушдоману хусурам кайҳо вафот намудаанд. Хоҳаршӯям бо шавҳараш дар Русия зиндагӣ мекунад. Дар хона ману шавҳарам танҳо ҳастем.
Худои бузург насиб кунад, чор моҳ пас кӯдакдор мешавем. Дар моҳи октябр гриппи сахт шудам ва аз ҳамон вақт инҷониб иштиҳо надорам. Беморхона аз қишлоқамон бениҳоят дур аст, аз ҳамин сабаб мани ҳомила то ҳол аз муоинаи табибон нагузаштаам. Дилам аз он хавотир аст, ки кӯдакам чӣ гуна тавлид меёфта бошад? Занҳои ҳамсоя мегӯянд, ки агар ҳамин хел кам хӯрок хӯрӣ, кӯдаки норасид таваллуд мекунӣ. Ростӣ ман сахт метарсам, ки ба тифли батнам ягон зарар нарасад. Илтимос, дар бораи сабабҳои норасид ба дунё омадани кӯдакон каме маълумот диҳед.Зани ҳомила бояд чи кор кунад, ки тифли батнаш нораисд ба дунё наояд?
Барои посух гирифтан ба саволи Миҷгона мо бо коршинос ва табиби варзида, мудири шӯъбаи эҳёи кӯдакони норасиди таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе- Зуҳро Салимовна ҳамсӯҳбат шудем.
-Сараввал каме дар бораи кӯдаки норасид маълумот диҳед?
-Тифле, ки пеш аз 37-умин ҳафтаи ҳомиладорӣ тавлид меёбад, норасид ба шумор меравад. Кӯдакони норасиде, ки то 1кг вазн доранд, нигоҳубинашон душвор ва хатарнок аст, чунки вазнашон хеле кам аст. Парастории кӯдакони аз 1кг то 1,5 кг чандон кори осон нест. Кӯдакони норасид бо табобати инфузиони фаро гирифта мешаванд. Табобати инфузиони гуфта чиро дар назар дорем? Аксари кӯдакони норасид қудрати макидани пистони мдар ва ҳал намудани ширро надоранд, аз ҳамин сабаб ба чунин тифлакон бо мисроб шир медиҳанд. Шири аз синаи модар ҷӯшидашударо аввал кам-кам бо мисроб ба кӯдаки норасид медиҳанд ва оҳиста-оҳиста миқдорашро зиёдтар кардан мегиранд. Ҳамин тавр ин амалиёт, то вақте ки кӯдак худаш қудрати макидани пистони модарро пайдо намояд, идома дода мешавад.
-Модар баъди ба хона рафтан мустақилона аз ӯҳдаи парастории кӯдаки норасид баромада метавонад?
-Падару модар бояд то як моҳ мунтазам бо табиби беморхона ва баъдан то муддати муайян бо духтури минтақавӣ дар тамос бошанд. Масунияти бадани (имунитет) ин тоифаи кӯдакон паст аст ва зуд-зуд таб карда, шири хӯрдаашонро қайъ мекунанд, аз ҳамин сабаб робитаи волидон ва табибон бояд хеле қавӣ бошад.
-Кӯдаки бармаҳал таваллудшуда метавонад солим ба воя расад?
-Агар дар майнаи сари кӯдак хун ё об ҷамъ нашуда бошад, албатта слим ба воя мерасад.
-Сабаби норасид таваллуд шудани кӯдак дар чист?
-Баъд аз бемории COVID-19 бисёре аз занҳои ҳомиладор кӯдаки норасид ба дунё оварданд. Бармаҳал таваллуд ёфтани кӯдак бештар аз саломатии модар вобастагӣ дорад. Гурдаи зан бемор бошад ё фишори хун дшта бошад, ин ҳолати модар кӯдакро дар батн азоб медиҳад ва метавонад боиси норасид ба дунё омадани тифл гардад. Сабаби дигар сироятёбӣ аст. Тифл дар шиками модар аз ягон микроб сироят ёбад, таваллудшавии бармаҳал рух дода метавонад.
-Хӯроки зани ҳомила дар тавлиди бармаҳали тифл нақш бозида метавонад?
-Ғизои зани ҳомила ба кӯдаки дар шикамаш буда таъсири хеле калон мерасонад. Зани ҳомиладор иштиҳо надошта бошад ва ҳамеша хӯроки кам истеъмол намояд, тифли батнаш норасид ва ё бо вазни хеле кам таваллуд мешавад.
-Шумо ба занҳои ҳомиладор истеъмол намудани кадом ғизоҳоро тавсия медиҳед?
-Барои инкишофи дурусти кӯдак дар батни модар зани ҳомиладор бояд бештар гӯшт, моҳӣ ва меваю сабзавоти тару тозаро истеъмол намояд. Дар таркиби гӯшт оҳан бисёр аст ва вақте ки модар ба миқдори кофӣ гӯшт мехӯрад, кӯдак камхун намешавад. Меваҷотро зиёд истеъмол намуда, шумо ҷисми фарзанди худро бо витаминҳои зарурӣ таъъмин месозед. Дар баробари ин ман ба занҳои ҳомила маслиҳат медиҳам, ки рӯзе ақаллан як ё ду дона тухм хӯранд, то ки организми тифли дар батнашн буда бо сафедаҳои зарурӣ таъмин гардад.
-Барои сӯҳбати муфид як ҷаҳон ташаккур!