Аз инкишоф бозмондани ҷанин ва марги тифл дар батни модар ҳодисаи нохушест, ки паси сар карданаш барои занҳое, ки чунин фоҷиаро пушти сар намудаанд, осон нест.
Мушкилот дар он аст, ки дар баъзе ҳолатҳо чунин ҳодисаи нохуш на як бор, балки 2-3 маротиба пай дар пай рӯй дода, зан тифли батнашро зиндаву солим ба даст гирифта наметавонад. Аз ҳамин хотир, мо қарор додем дар бораи сабабҳои аз инкишоф мондани ҷанин ва марги тифл дар батни модар каме маълумот диҳем.
Ҳомиладории инкишофнаёбанда
Ҳомиладории инкишофнаёбанда (неразвивающаяся беременность) гуфта, ҳолатеро дар назар доранд, ки ҷанин дар батни зани ҳомила худ аз худ аз инкишофёбӣ монда, баъдан мемирад. Мушкилот дар он аст, ки дар баъзе ҳолатҳо, баъди аз инкишоф бозмондани ҷанин исқоти ҳамли табиӣ сурат намегирад. Ҷараёни исқоти ҳамли табиӣ маъмулан баъди ду ҳафтаи аз инкишоф боз монда, мурдани ҷанин сар мешавад, вале дар ин муддат тифли мурда метавонад дар бачадони зан вайрон шуда, ҷисми ӯро заҳролуд созад. Барои пешгирии интоксикатсия ва заҳролудшавии орнагизми модар чораҳои саривақтӣ андешида, ҳарчӣ зудтар ҷанини мурдаро аз батни зан берун кардан лозим аст.
Ҷанин кай аз инкишоф мемонад?
Дар давраи то ҳафтаи 28-уми ҳомиладорӣ дар дилхоҳ мӯҳлат ҷанин метавонад аз инкишоф бозмонад, вале бештар ин ҳолат дар ҳафтаҳои зер рӯй медиҳад:
• Ҳафтаҳои 3-4 ҳомиладорӣ.
• Ҳафтаҳои 8-11 ҳомиладорӣ.
• Ҳафтаҳои 16-18 ҳомиладорӣ.
Ҳолати аз ҳама хавфнок аз инкишоф боз мондани ҷанин дар ҳафтаи 8-уми ҳомиладорӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин давра узвҳои асосии тифл дар батни модар инкишоф ёфта, хавфи вайроншавӣ хеле зиёд аст.
Сабабҳои ҳомиладории инкишофнаёбанда
Аз инкишоф боз мондани ҷанин дар батни модар сабабҳои зиёде дорад. Омилҳои асосии навмед шудани модар ва марги тифл дар батни зани ҳомила инҳоянд:
1. Қобилияти ҳаёт надоштани ҷанин (нежизнеспособность плода).
2. Суст будани фаъолияти миометрия (қабати ҳуҷайрагии бачадон).
3. Халалдор гаштани раванди лахташавии хуни зани ҳомиладор (нарушения в свертывающей системе крови).
Чаро чунин мешавад?
Табибон сабабҳои аз инкишоф бозмондани ҷанинро санҷида, ба халосае омаданд, ки омилҳои зерин боиси сар задани чунин ҳодиса гашта метавонанд:
1. Мушкилоти модарзодӣ ва дигар иллатҳои бачадон.
2. Мушкилоти қабати луобии бачадони зан –эндометрия.
3. Мавҷудияти инфексияи шадид дар ҷисми зани ҳомила.
4. Мавҷуд будани мушкилоти генетикӣ дар хромасомаҳо.
5. Вайроншавии мубодилаи ҳормонҳо.
6. Вайроншавии ҷараёни лахташавии хун.
7. Аз лиҳози генетикӣ ба ҳам созгор набудани марду зан ва мутобиқат накардани хуни зану шавҳар (генетическая несовместимость и резус конфликт крови материи отца ребенка).
Нишонаҳои аз инкишоф мондани ҷанин
Дар аксари ҳолатҳо аз инкишоф боз мондани ҷанин ва марги тифл дар батни модар бо нишонаҳои зерин аз худ дарак медиҳад:
1. Дарди кунд дар қисмати поёни шикам ва тахтапушт
2. Омадани ташарруҳоти хунолуд (кровянистые выделения). Ранги ташарруҳот метавонад сурхи гулобӣ ё ҷигарӣ бошад.
3. Гум шудани дилбеҳузурӣ ва дигар нишонаҳои сарторикӣ.
4. Нисбатан паст шудани ҳарорати бадани зани ҳомила.
5. Беҳолатӣ, камқувватӣ, дарди зан, табларза ва баъзан қайъкунӣ.
6. Ба вуҷуд омадани тағйиротҳо дар синаи зан.
7. Аз ҷумбиш боз мондани кӯдак, агар мӯҳлати ҳомиладорӣ калон бошад.
Албатта пайдо шудани нишонаҳои дар боло зикр кардаамон маънои онро надорад, ки ҷанин аз инкишоф бозмонда, зан аллакай тифли худро аз даст додааст. Ҳолатҳое мешаванд, ки ин нишонаҳо вуҷуд дошта бошанд ҳам, тифл дар батни модар зинда аст, вале барои эҳтиёт бо пайдо шуданашон зани ҳомила бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намояд.
Ҷанин мурда аст, чӣ бояд кард?
Ҷанини аз инкифош бозмондаро ҳарчӣ зудтар аз бачадони зан хориҷ кардан лозим аст, то ки тифли мурда дар дарун вайрон шуда, ҷисми модарашро заҳролуд насозад. Дар баъзе ҳолатҳо исқоти ҳамл худ аз худ ба вуҷуд меояд, вале исқоти табиӣ сурат нагирад, дар ин ҳолат табибон барои афтодани он ба зан доруҳои махусус медиҳанд, вале муҳлати ҳомиладорӣ калон бошад, гузаронидани амалиётҳои дигари гинекологӣ зарур мешавад.
Барои такрор нашудани ин ҳолат
Барои он ки чунин ҳодисаи нохуш дубора такрор нашавад ва шумо боз бо навмедӣ рӯ ба рӯ нагардед, баъди халос шудан аз ҷанини мурда ва гирифтани табобатҳои фармудаи табибон ҳатман аз паси ташхис ва табобати ҷиддӣ шавед.
Ба хотири пешгирии чунин ҳодисаҳо сабаби марги ҷанинро аниқ кардан лозим аст, бинобар ин, шуморо зарур меояд, ки ташхисҳои зеринро анҷом диҳед:
1. Муоинаи духтури терапевт, барои фаҳмидани он ки шумо ягон бемории кӯҳнашуда (хронические заболевания) доред ё не.
2. Ташхиси умумии хун ва пешоб.
3. Ташхиси хун барои муайян кардани сатҳи ҳормонҳо.
4. Ташхиси ултрасадоии узвҳои занона.
5. Ташхиси генетикии зану шавҳар, агар аз инкишоф боз мондани ҷанин 3 маротиба такрор ёбад ё ягон сабаби дигар барои гузаронидани чунин ташхис вуҷуд дошта бошад.
6. Ташхиси иммунологӣ, агар табиб пай барад, ки сабаби марги ҷанин маҳз ҳамин аст.
7. Муоинаи табиби эндокринолог.
8. Ташхиси лахташавии хуни зан.
9. Ташхисҳои дигар барои муайян кардани мавҷудияти вирусҳо ва дигар инфексияҳое, ки боиси марги ҷанин гашта метавонанд.
Барои он ки чунин ҳодиса дубораю себора такрор нашавад, шуморо лозим аст, ки ҳомиладории навбатии худро пешакӣ ба нақша бигиред. Барои ин:
1. Тамоми бемориҳои худро, ки боиси марги ҷанин ва ноком анҷом ёфтани ҳомиладорӣ гашта метавонанд, ҷиддан табобат намоед.
2. Дар сурати мавҷуд будани инфексия аз он халос шавед ё ҳадди ақал барои хуруҷ накардани беморӣ дар давраи ҳомиладорӣ эмгузаронӣ карда, воксина бигиред.
3. Дар сурати ҳомиладор шудан ба реҷаи хурду хӯроки худ диққати махсус дода, ҳамеша ғизои серкалория ва аз витаминҳо бойро истеъмол намоед, то ки тифл зудтар қувват бигирад.
4. Дар давраи ҳомиладорӣ либоси танг ва синтетикӣ напӯшед.
5. Кӯшиш кунед, ки асабонӣ нашавед ва ба ҳар майда-чӯйда диққат надиҳед.
6. Аз анҷом додани корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед.
7. Дар назди компютер камтар шинед ва телефонбозиро бас кунед.
8. Бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намуда, аз одатҳои бад даст кашед. Бисёр қаҳва нӯшидан низ ба рӯйхати одатҳои бад дохил мешавад, зеро он ба тифли дар батн буда зарар дорад.
Маъмулан баъди аз сар гузаронидани ҳомиладории бебарор ва марги ҷанин дар батни модар ҳомиладории навбатиро баъди 3-6 моҳ ба нақша мегиранд, вале ин қонуни нонавишта нест. Дар асл ҳамааш ба ҷисми зан вобаста аст, ки то кадом андоза пурқувват аст ва дар чанд вақт ба ҳомиладории навбатӣ омода мешавад.
Муҳим он аст, ки ҳомиладории навбатии шумо бобарор анҷом ёбад ва тавонед, ки фарзанди худро зиндаву солим ба оғӯш бигиред, зеро барои зан дар дунё ягон хушбахтӣ ба саодати модар шудан баробар шуда наметавонад.