Давоми як шабонарӯзи гузашта дар музофоти Банголаи Ғарбии Ҳиндустон бар асари раъду барқ 27 нафар ҳалок шуданд.
Гуфта шуд, ки сабаби зуд-зуд ба амал омадани раъду барқ дар ҷануби Бангола тӯфонҳо ва намии баланд мебошад.
Тавре ки маълум гардид, теъдоди зиёди ҳалокшудагон ба он алоқаманд аст, ки ҳарчанд аз ҷониби хадамоти изтирорӣ дар бораи афзоиши хатар иттилоъ расида буд, аммо ҳангоми офати табиӣ мардум кори саҳроро идома додаанд.