Шоҳрух Сангов, футболбози умедбахши дастаи “Регар-ТадАЗ”, тарки футбол намуда, ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст.
Шоҳрух дастпарвари гурӯҳи ҷавонони тими мунтахаби Тоҷикистон ва иштирокчии чемпионати ҷаҳон U17 буда, варзиши тоҷик аз ин ҷавони бомаҳорат умедҳои зиёде дошт.
Дар ҳайъати ин дастаи машҳур Шоҳрух зиёда аз 10 бозӣ гузаронида, сомонаи олмонии "Transfermarkеt" арзиши ин футболбози ҷавони тоҷикро 175 ҳазор евро муқаррара карда буд, аммо дар авҷи камолоти варзишӣ Сангов ба якборагӣ футболро тарк намуда, бо умеди дарёфти ҷойи кор ба шаҳри Истраи Вилояти Москваи Федератсияи Россия рафтааст.
Қаблан, Сангов дар дастаҳои “Локомотив-Помир”-и шаҳри Душанбе ва дастаи футболи ноҳияи Восеъ бозӣ мекард, вале соли 2022 ба тими “Регар-ТадАЗ” гузашт.
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
Шоҳрух ҳимоятгари самти рости ин даста ва яке аз бозингарони асосӣ ба ҳисоб мерафт, вале тавре ки як манбаъ аз ин тим ба “Оila” гуфт, Сангов аз идома додани шартнома бо “Регар-ТадАЗ” даст кашида, тарки футбол намуд ва ба фаъолияти варзишиаш хотима гузошта, барои дарёфти ҷойи кор ва манбаъи даромад ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Сабаби тарки футбол намудани Шоҳрухро ба мушкилоти иқтисодӣ рабт медиҳанд.
“Футболбозони ҷавон на ҳамеша аз ҳисоби футбол он қадар маблағе ба даст оварда метавонанд, ки барои хароҷотҳои таҳсил, хонадоршавӣ ва таъмини аҳли оила кифоя бошад. Албатта барои ҳамаи ин корҳо пул лозим аст ва маҳз мушкилоти иқтисодию норасоии маблағ боис мешавад, ки варзишгарони ҷавон дар авҷи камолоти варзишии худ футболро тарк мекунанд. Аз даст додани Шоҳрух Сангов барин футболбози бомаҳорат барои мо зарбаи сахт аст”-сабаби тарки футбол намудани ин варзишгари ҷавонро шарҳ дода, uean манбаъ аз қавли аҳли даста.
Айни замон Шоҳрух Сангов дар шаҳри Истраи Вилояти Москав зиндагӣ карда истодааст ва дар ҷустуҷӯйи кори муносиб аст. Ӯ 31 октябри соли 2002 дар шаҳри Турсунзода таваллуд шуда, таҳти рақами 5 ба ҳайси ҳимоятгари қисми рости тими Регар бозӣ мекард.