Афзоиши хушунату зӯроварӣ нисбати занону духтарон, аз байн рафтани ҳисси меҳру муҳаббат ва ҳурмату эҳтироми байниҳамдигарӣ, рӯз то рӯз паст шудани маърифати оиладорию тарбияи ахлоқӣ боиси даст ба худкушию фарзандкушӣ барин амалҳои ваҳшатнок задани иддае аз бонувон мегардад.
Аксаран мушту лагади шавҳар, таънаю маломати хусуру хушдоман, эродгирию айбҷӯиҳои пай дар пайи хоҳаршӯю додаршӯй ва дигар аъзоёни хонаводаи шавҳар боиси он мегарданд, ки ҷавонзанҳои тоҷик аз зиндагии пуразоб безор шуда, даст ба худкушӣ бизананд.
Таассуфовараш он аст, ки бархе аз занони мо ба ҷабру ҷафои хонаводагӣ ва ноадолатиҳои зиндагӣ тоб оварда натавониста, натанҳо хукми қатли худ, балки ҳукми қатли фарзандони хурдсолашонро низ содир менамоянд ва ҷигарбандонашонро бо дасти хеш ба қатл мерасонанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сар задани боз як ҳодисаи ҷигарсӯзи худкушию фарзандкушӣ хабар дод. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳодисаи нохуш нимаи дуюми рӯзи 10-уми апрел, тахминан соатҳои 16.00 рӯй дода, сокини деҳаи Некноки шаҳри Панҷакент Шаҳло Шариповаи 32-сола дар мавзеи “Боғи Ниёз” худро бо се фарзандаш ба дор овехтааст. Тахмин меравад, ки ҷавонзан аввал писарчаи калониаш Муҳаммадҷони 6-сола, баъд духтараш Шаҳнозаи 4-сола, пас аз ин, фарзанди хурдиаш Аминаи 8-моҳа ва дар охир худро ба дор овехтааст.
Ҷасади келинчаки панҷакентӣ ва се фарзандашро аз боғе пайдо кардаанд, ки чанде қабл шавҳараш Лазиз Ҷӯраев ҳамроҳи писарчааш Муҳаммадҷон дар он ҷо 300 бех ниҳол шинонда буданд.
Дониёр Ортиқов, раиси деҳаи Некнот гуфтааст, ки ин ҳодисаи ваҳшатнок ва боварнакарданӣ баъди соатҳои чори бегоҳ рӯй додааст:
“Воқеа баъд аз соати чаҳори бегоҳ рух додааст. Ба ман чанде аз бачаҳо занг зада, ҳодисаро гуфтанд. Рости гап, бовар накардам. Баъд ҳамроҳи хусурашу ҳамдеҳагони дигар ҷасадҳоро аз дарахт кушода гирифтем”.
Маконе, ки ин ҳодиса ҷигарсӯз рух додааст, аз ҳавлии падаршӯйи Шаҳло ҳамагӣ 300 метр дуртар бошад ҳам, аҳли хонавода фоҷиаро пешгирӣ карда натавонистаанд.
Шаҳло аслан зодаи шаҳри Душанбе буда, баъди ба шавҳар бармадан ҳамчун келин ба Панҷакент рафтааст.
Ба қавли сокинони деҳаи Некнот аҳли оилаи Ҷӯраевҳо зиндагии миёнаҳлона дошта, дар як хона чанд келин умр ба сар мебарданд. Муносибати аҳла оила чӣ гуна буд ва кӣ ё чӣ Шаҳлоро ба худкушию фарзандкушӣ маҷбур намуд, ҳанӯз маълум нест.
Ҷасади Шаҳлои номурод ва фарзандони ғуррамаргашро ба пойтахт оварда, баъди гузаронидани ташхиси тиббии судӣ дар шаҳри Душанбе ба хок супурданд. Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса давом дорад.
Ин ҳодисаи ваҳшатангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба миён оварда, иддае аз шоирон ҳатто эҳсосоти дардноки худро дар қолаби шеър ифода карданд. Аз ҷумла шоири ҷавон Синои Абӯалӣ чунин нигоштааст:
Худо бахшад, туро Шаҳлои ноком,
Туро Модар намегӯям, чӣ гӯям?
Ту ҳукми хоҳарӣ дорӣ агарчӣ,
Туро хоҳар намегӯям, чӣ гӯям?
Магар Модар чунин бераҳм бошад?
Ки тифлони ба ҷон парвардаашро
Ба дор овезаду бар марг бахшад,
Азизони ба даҳр овардаашро.
Ту бар фарзандакони бегуноҳат,
Чӣ гуфтию ба сӯйи марг бурдӣ?
Ба фасли гул чаро гулҳои худро,
Бикандию ба хоки тар супурдӣ?
Ту фардо рӯзи маҳшар бар Худованд,
Чӣ мегӯӣ барои қатли фарзанд?
Туро ҷабри киҳо сӯйи аҷал бурд?
Ниҳоли раҳми қалбатро чӣ ғам канд?
Муҳаммадҷону Шаҳнозу Амина,
Раҳораҳ ҳамраҳат хушҳол рафтанд?
Напурсиданд, қасдат аз сафар чист?
Ва ё аз тарси ту чун лол рафтанд?
Чӣ сон бар гардани дилбандҳоят,
Дилат шуд, ки бимонӣ ҳалқаи дор.
Чӣ омад бар сари ту ки задӣ даст,
Ба дилсангию бераҳмӣ ба ин кор.
Замони ҷонкании кӯдаконат,
Дилат дар синаат фарёд мекард?
Муҳаммад вақти ҷон додан чиҳо гуфт?
Нигоҳаш хоҳиши имдод мекард?
Бародарро ба тори дор дида,
Суоле дод, Шаҳнози фаришта?
Чу ҷон аз қолаби гулдухтарат рафт,
Нашуд ҷонат зи сӯзиш бесаришта?
Амина, нури чашми қиблагоҳаш,
Накард об санги қалбатро ба оҳаш?
Чӣ кард он тифлаки рӯзинадида?
Ба ту фарзанд будан буд гуноҳаш?
Чу мондӣ бар сари худ ҳалқаи дор,
Назар кардӣ ба ҳар пажмурдаи зор?
Дилат таркид, ё ки ҳалқа шуд танг,
Рабуд ҷони танат бе ҳеҷ озор?
Агар будӣ ба қасди ҷони онҳо,
Чаро охир ба онҳо шир додӣ?
Ту ҳам парвардаи Модар, ба Модар,
Чаро дарҳои сад ғамро кушодӣ?
Кадом ангезае гумроҳ кардат?
Куҷо шуд меҳру раҳми модарият?
Набуд роҳи дигар ғайр аз раҳи марг?
Куҷо шуд тарсу ваҳми модарият?
Ҳазору сад саволи дигарам ҳаст,
Саволеро намеёбам ҷавобе.
Ба марги кӯдаконат хун гиристам,
Надида кас чунин даҳшат ба хобе.
Худоё, меҳрубоно ин чӣ асрор?
Яке бар нохуни кӯдак бувад зор,
Якеро бин кашад фарзанд бар дор,
Чаро додӣ иҷозат бар чунин кор?
Магар дунё ба охир мерасад, оҳ!
Худоё, эй Худои поку огоҳ.
Касе з-ин пас ба ҷони худ кунад қасд,
Ҳазорон илтиҷо гардон аз ин роҳ.
Худоё меҳрро дар дил нигин кун,
Дубора одамонро раҳмгин кун.
Намон нахли муҳаббатро бихушкад,
Имони бандагонро оҳанин кун.