arzon replenishment
Чаро Севинч ба Тоҷикистон наомад?
4490

 

Баргузор нагардидани консерти овозхони Ӯзбекистон Севинч Мӯминова садҳо нафар мухлисонашро, ки чипта харидорӣ карда буданд нигарон кардааст.

Барномаи ҳунарии ин ҳунармандиовозадори ӯзбек бояд рӯзи 13-уми ноябр, соати 14:00 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент бапо мегашт, аммо бо сабабҳои номаълум консерт баргузор нагашт. Мухлисоне, ки аз қати он огоҳӣ надоштанд аз деҳаҳо ба маркази шаҳри Панҷакент омада, аз соати 13 то 15 чиптаҳо дар даст баргузории консертро интизорӣ кашиданд. Онҳо мегӯянд моро огоҳ накарданд, ки консерт баргузор намешавад.

Аммо дар байни мардум миш-миш аст, ки гӯё раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода барои баргузории барномаи консертии Севинч Мӯминова иҷозат надодааст. Ин дар холест, ки ҳанӯз 20 рӯз пеш макони баргузории консерт дар радиову телевизиони маҳаллӣ эъон ва ва дар овезаҳо варзишгоҳ қайд шуда буд.


Нигини саҳнаи тоҷик бо дастони нозакаш тиллои сафедро ҷамъоварӣ карда, бо нашри чанд акс аз майдони пахта дар саҳифаи Фейсбук ва Инстаграмаш аз рафти ҷамъоварии ҳосил хабар додааст.

 


Имрӯз бояд барномаи ҳунарии Севинч дар шаҳри Душанбе ва фардо дар шаҳри Турсунзода баргузорм мегашт, аммо ду рӯз қабл эълонҳои консерт аз кӯчаҳо бардошта шуданд. Онҳое, ки пешакӣ чиптаҳои консерти Севинч Мӯминоваро харидорӣ карда буданд, намедонанд сарашонро ба куҷо зананд. Кассаҳо маҳкам буда, касе кафолати бозпас гардонидани маблағи онҳоро намедиҳад.

Чаро консерти Севинч дар Тоҷикистон баргузор нагашт? Ба ин савол то ҳолҷавоби дақиқ пайдо нашудааст!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД