Бо паҳн шудани пандемияи КОВИД фаъолияти ҳамаи ниҳодҳо ба дараҷаи сустӣ рафт, ба истиснои военкомат. Бале, акнун кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ даъвати ҷавононро ба сафи артиш дигаргуна ба роҳ монданд. Ҳарчанд, ҳамеша мақомоти марбут ба ин масъала ваъда дода меистанд, ки шеваи дигари ҷалб кардани ҷавононро ба хизмат пайдо мекунанд, вале мебинем, ки пандемияи “облава” ҳеҷ не ки кишвари моро тарк кунад.
Маъракаи муҳими сарбозшикор бо омадани ин вируси номуборак бештар авҷ гирифт. Ба гуфтаи журналист Ҷамила Мирбозхонова “на аз коронавирус тарс доранду на аз Худо, касе пеш омад меқапанд”.
Облавчикон имрӯз ба таври банда кор мекунанд. Ду – се нафар як мошин ё нақлиёти ҷамъиятиро мегиранду ба шикор мебароянд. Мабодо план сари вақт иҷро шуд, бизнес сар мешавад. Ҳатто шабона ба хонаи одамон даромада, ҷавононро аз ҷойи хобашон парпечон карда мебаранд. Баъд гуфти як ҳаҷвнигор вақте чашм мекушоянд аллакай дар част сабзӣ пӯст доранд.
Одамрабоӣ
Калимаи даҳшатноктарин дар мавсими тирамоҳу баҳор облава аст. Баъди шунавидани он гӯё ҷаноби Азроил омада бошад, аз талпаҳои калон – калон ягон кас намемонад. Болои бому даруни оғили коҳ ё ҷои дигаре ҳам, ки рост омад, даъватшаванда даромада пинҳон мешавад. Ҳатто одами оддӣ вақте гурезогурези ҷавононро мебинад, фикр мекунад, ки ӯ чизеро дуздидааст. Модарон бо ашки чор баъд пушти дари военкоматро ҷои хоб мекунанд. Роҳу восита меҷӯянд, ки фарзандашон халос шавад.
Облаваро ман бештар ба одамрабоӣ нисбат дода метавонам. Меоянду ақаллан худашонро муаррифӣ намекунанд ё инсонвор суҳбат намекунанд. Бе салому алейк дастонатро паси пушт карда, ба мошин мешинонанд. Ҳатто ҷинояткори ашадиро ҳам шояд чунин дастгир накунанд. То мефаҳмӣ, ки аллакай сарат кал аст. Яъне, онҳо расман одамдуздӣ мекунанд.
ДУЗДИИ ДОВТАЛАБ
Ҷомӣ Кабиров, як нафар фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ки зодаи ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аст, чандест роҷеъ ба облава мегӯяд. Ҷомӣ даъво дорад, ки кормандони военкомат ӯро бе асос аз даруни ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ гирифта, бурданд.
– Маро 3 нафари номаълум аз даруни ҳукумат бе муаррифӣ кардани худашон вақте барои иштирок дар озмуни ҷойҳои холии корӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рафтам, мисли дузд рабуданд. Аз болояшон шикояти зиёд кардам, вале ҳама хомӯшанд.
Ӯ аз ин шеваи кори облавачиён норозӣ буда, “то вақте бо онҳо ҳисобамро баробар накунам, ором намегирам” мегӯяд. Ба гуфти Ҷомӣ ӯ вақте дар навбати озмун меистод, 3 нафари ношинос омада, аз ошёнаи 2 – юми ҳукумат ба поён фаровардандааш. “Гумон кардам, ки шояд парта ё курсӣ барорем, чунки довталабон зиёд буданд ва ҳамроҳашон рафтам”. Вале вақте ба рӯи ҳавлӣ баромаданд, аллакай мошин онҳоро интизор меистод. Ҷомӣ ҳарчанд исрор кардааст, ки ӯ ба озмун омадааст, аммо гӯшаш накарданд. “Пештар аз ман як ҷавони бузбалаи дигар меистод. Аввал пеши ӯ рафта, чизе гуфтанд, ки овозаш баланд шуду таъкид кард, ки ба озмун омадааст. Баъд пеши ман омада, ба поён даъватам карданд”.
Кормандони комиссариат аз ӯ ҳуҷҷат хостаанд, аммо “костюмам дар ҳукумат монд. Ҳуҷҷатҳоям дар даруни киссаи костюманд” гутанаш онҳоро бештар шердил карду ба корхонаашон меҳмониаш бурданд.
Мактуббозӣ
Баъди омадани падараш Ҷомиро ҷавоб додаанд. Вақте ӯ ба бинои ҳукумат омад озмун ким кайҳо ҳал шуда буд кадом довталабе курсиро ба даст оварда рафт. Баъдан ӯ ба Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ ариза навишта, даъво кард, ки кормандони военкомат бояд барои ин кирдорашон ҷавоб гӯянд.
Дар ҷавоб ба ӯ посух медиҳанд, ки “зимни санҷиши муроҷиати мазкур муайян гардид, ки дар ҳақиқат шумо аз тарафи 3 нафар, ки ному насабашон ба шумо маълум нест, аз бинои МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ бурда шудед ва баъди азназаргузаронии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, бинобар яккаписар буданатон, аз комиссариати ҳарбӣ ҷавоб дода шудаед. Вале ваҷҳҳои шумо оид ба тариқи маҷбурӣ бурдани шумо аз ҷониби 3 нафар дар рафти санҷиш тасдиқи худро пайдо накард”. Хонандаи азиз, медонӣ инро кӣ навиштааст? Ба гуфти ҳамкасбам Ҷамилабону “Не, ягон савдогари бозор не, прокурор! Оне, ки назорати иҷрои қонун ба уҳдаи ӯст!” Бале, мушовири адлияи дараҷаи 1!
Хуб, биёед тасаввур мекунем, ки кормандони военкомат хато карданд, аммо вақте прокурор чунин посух диҳад, баъд аз каштали дигарон қапидан аблаҳӣ ҳисоб намешавад? Хайр худатон як фикр кунед. Ӯ аз як ҷониб мегӯяд, ки “шуморо 3 нафар бурданд”, вале “тариқи маҷбурӣ бурданатон тасдиқи худро наёфт”. Ба тахмини Ҷамилабону ин прокурор шояд ё қонуну мантиқро “хуб” медонад, ё медонад, ки “облава” буд ва ҳиҷ кор аз дасташ намеояд, ё шахси даъвогар гумроҳест, ки ҳар кас куҷое хост, мебарадаш…”.
Дуои бад
Ҷомӣ баъди гирифтани ин мактуб дуо кардааст, ки гунаҳкорони облаваи ӯ ба коронавирус гирифтор шаванд. “Аммо бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам дуо кунам, ки комиссар бо гурӯҳаш ва он муттахассиси кадри МИҲД н.Фирдавсӣ коронавирус шаванд. То мақомотҳои марбута рафтам. Баъзе бесаводҳояшонро бо он мактуби ҷавобиашон исбот кардам, ки тасодуфан ба ин курсии муборак нишастаанд. Эҳсос кардам, ки адолат нерӯ ва доллар будааст, на моддаи 5-и Конститутсия. Он донише, ки доштам, зӯраш нарасид ва дар ҳамон утоқи муфаттиш дилам аз адолату ҳақиқат хунук шуд. Якум бор дидам, ки зӯри Прокуррор ба комисари зертобеаш намерасад”.
Ҷомӣ тариқи сомонаи “Оила” ба Вазири мудофиа ва Прокуратураи генералӣ муроҷиат карда, хостори баррасии ин қазия мебошад. “Агар онҳо ба ин кори прокурору военкомат вокуниш нишон диҳанд, эътироф мекунам, ки дар мавриди набудани адолату ҳақиқат хато кардаам. Агар боз ҳам хап истанд, даъвоям исбот мешавад”. Мо боварӣ дорем, ки ин талаби Ҷомиро масъулин бознигарӣ мекунанд.