arzon replenishment
ЧАРО ПАДАРИ МАВЗУНА ДИЛКАФ ШУД? (ВИДЕО)
3493
ЧАРО ПАДАРИ МАВЗУНА ДИЛКАФ ШУД? (ВИДЕО)

 

Дар оилаи Ғоибназар ва Нақшонбӣ духтараки сабзинарӯ чашм ба олами ҳастӣ мекушояд. Падар духтарро писарам таваллуд шуд гуфта, аз пешонияш мебӯсад. Ба ҷойи косашӯйӣ Мавзуна муштзанӣ мекард. Апаҳо пухтупаз мекарданду Мавзуна бо бачаҳо “Як ба як” мезад. Субҳи содиқ духтарон ҳавлиро рубучин мекарданд, аммо Мавзуна бо падар дар гирди майдончаи варзишӣ соатҳо медавиду машқ мекард.

“Агар ба хона бе захму “синяк” меомадам, падарам “Шармандаам кардӣ”-гуфта, сарзанишам мекард. Намемонд бо писари аз худам нотавону лоғар ҷанг бикунам. Ҳамеша бо бачаҳои аз худам бузбалатару дар синну сол калонтар ҷанг мекардам”-қисса мекунад Мавзуна.

Ҳаёти Мавзунаи бачапӯш ва Гурдофариди асри 21-бениҳоят аҷиб аст.

Чӣ сабаб шуд, ки Мавзуна бо падару модараш ба Россия рафтанд?

Чӣ тавр Мавзуна ба танқиду маломати ҳамсояҳою ҳамдеҳаҳо тоб овард?

Чаро падари Мавзуна дилкаф шуд?

Оё Мавзуна боре ҳам либоси духтаронаро пӯшидааст ё не?

Мавзуна шавҳари дӯстдошта кард ва ё...?

Чӣ тавр “Индеец”-и тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд?

Оё Мавзуна нияти дубора ба “Ринг” баромаданро дорад?

Ба ин ва дигар саволҳои худ пас аз тамошои барномаи “МАВЗУНА ЧОРИЕВА: МАРГИ ПАДАР МАРО МАРДИ ХОНА КАРД” посух мегиред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД