Arzon march 2024
ЧАРО ПАДАР ДУХТАРИ ХУДРО ЭЪТИРОФ НАМЕКУНАД?
2240
ЧАРО ПАДАР ДУХТАРИ ХУДРО ЭЪТИРОФ НАМЕКУНАД?

Баъд аз хондани эълони ба фарзандхонӣ додани Фотима аз ҷониби волидайнаш ҳуш аз сарам парид. Таппиши дилам ба суръат афзуд. Ҳеҷ тасаввур намекардам, ки чӣ тавр модар метавонад пораи қалби худро ба шахси бегона бидиҳад. Ҳазор фикру хайёл ба сарам меомаду миллионҳо савол дар майинаи сарам чарх мезаданд. Тасмим гирифтам, ки Фотимаро аз наздик бубинаму аз модараш бипурсам, ки “Чӣ тавр дили модар мешавад, ки фарзанди худро ба одами бегона бидиҳад?”.

Дар саҳни ҳавли парвози кабутару гунҷишкро дида, ки бо хандаи осмонкаф майли бозӣ доштанд.
Даррав он гушҷишки шӯху беолоишро шинохтам. Оре, он гунҷишк Фатимабону буданд. Замоне,ки Фотимаи дустрӯяк моро дид, даррав думболи модараш давиду бо дастони кӯчаки худ пойҳои ӯро оғӯш кард. Ҳарчанд Фотима ҳанӯз ба ҷуз калимаи “очаву апа” чизе гуфтан наметавонад, аммо чашмони гӯёяш ҳарфи дили кӯчаки ӯро ифшо менамуданд. Фотима дар оғӯши модар ба сӯйи ман менигаристу бо чашмони гӯёяш мегуфт “домани модарамро сар намедиҳам. Ба маротибаҳо аз андозаи қади кӯчакам дӯсташ медорам. Модарамро оғӯш мекунам, мебӯсам,он гоҳ шояд дасти маро сар намедиҳад. ”
Файзигул мегӯяд,ки аз ночорӣ ба хотири ояндаи дурахшони Фотима мехоҳад ӯро ба нафари ҳақиқатан ба кӯдакниёздошта бидиҳад.
Тамошоббинони азиз тавассути барномаи мо шумо аллакай аз вазъи зиндагии ин зан ва фарзандонаш воқиф гаштед. Мехостем назари худро дар ин масъала дар шарҳ бинависед, ки “Ба фарзандхонӣ додани Фотима беҳтар аст ва ё кӯдак дар чӣ шароите, ки набошад бо модараш бимонад?”

Чаро падар духтарашро эътироф намекунад?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД